Одоби таомхурии мусулмонон. На таджикском языке

                ОДОБИ ТАОМХУРИИ МУСУЛМОНОН

      Дар Ислом, ки Аллохтаъоло онро хамчун дини инсонпарвариву инсондусти, дини адолатпарвариву рости, дини сулхчуиву осоиштаги ва дини покизагии ботинию зохирии инсонро таъминкунанда ба мусулмонон фиристодааст, чизи майда-чуйдае ва назарногире нест. Хамаи фармоишоти шариати исломи ба манфиати тамоми мардум ва ба манфиати хар шахси алохида чун узви чомеа равона гардидааст. Донишмандону уламои чахони исломи дар асархои сершумори худ тамоми чабхахои хаёти инсонро мавриди омузиш карор дода, барои ба меъёрхои муайяннамудаи ин дини муборак мутобик намудани кучактарин чузъиёти одобу рафтори хар як фарди мусулмон низ тавсияхо додаанд. Тавсияхо дар боби одоби мусулмони умуман ва одоби хурокхури чун яке аз чузъхо ё пахлухои он низ аз чумлаи онхоянд. Ва холо кисми ночизеро оид ба одоби истеъмоли таъом ба диккати хонандагони арчманд пешниход намуда, таъкид мекунем, ки дар ин навиштачот чизи наве нест, вале ин хикматхоро такрор кардану ёд овардан хеч гох аз ахамият холи нест:

1. Барои дар танхои таом хурдан зарурате нест. Агар ахли оила барои истеъмоли хурок чамъ шаванд, бехтар аст, чунки хангоми аз як дастархони умуми тановул намудан  таом бомаззатар ва ширинтару гуворотар мегардад;

2. Одамони иззатманд аз якчоя бо дигарон истеъмол намудани таом хазар намекунанд, харчанд дар гирди дастархон шахсони бой ё камбагал, чавон ё пир, шинос ё ношинос бошанд хам;

3. Ба шахсони бемории рухи ё нуксоне дар бадан дошта ичозат дода шудааст, ки хамрохи одамони сихат ва солимакл сари як дастархон нишинанд, агар аз нуксонашон зараре ба дигарон нарасад;

4. Дастхоро хам пеш аз таомхури ва хам баъд аз он бояд шуст;

5. Шитоб намудан ва фуру бурдани хуроки хеле гарм лозим нест. Бояд камтар сабр намуд. Барои хунук кардани таом пуф кардан мумкин нест;

6. Шахси мусулмон пеш аз он, ки ба истеъмоли таом шуруъ намояд, бояд «Бисмиллохир-Рахмонир-Рахим» гуяд ва, агар пас аз он дуои «Аллохумма борик лано фимо разактана ва кино азобан нор» («Ё Аллох, ризки моро барака дех ва моро аз оташи дузах начот дех») –ро илова намояд, савоб аст;

7. Агар фарди мусулмон дар огози таомхури ба ёд овардани номи Худоро фаромуш кунад, бояд хангоми истеъмоли хурок «Бисмиллохи, аввалаху ва охираху» («Бо номи Аллох дар аввал ва дар охир») бигуяд;

8. Агар як ё якчанд нафар аз шахсони дар сари дастархон нишаста «Бисмиллох…» гуянд, кофи нест. Ба ёд овардани Парвардигор вазифаи хар як мусулмон аст;

9. Аз хар тарафи лаганд гирифтани таом мумкин нест Бояд аз тарафи наздиктарин бигиранд. Вале, агар дар лаганд мевачот бошад, аз кадом тараф гирифтан фарке надорад;

10. Агар шахси мусулмон таом хурда истода бошаду вакти намоз расад, бояд у аввал хурокашро хурда шавад ва ба намозхони шитоб нанамояд. Вале, агар то анчоми таомхури хавфи гузаштани вакти намоз бошад, бояд аввал намоз гузорад. Максади ин тавсия он аст, ки бояд мусулмон вакти гузориши намоз фикри хурок намуда, хотирпарешон нагардад;

11. Бояд факат бо дасти рост чумча ва ё чангакро истифода намуда хурок хурад. Хангоми бе истифодаи чумчаю чангак таом хурдан ё душвор будани истифодаи онхо бояд бо се ангушти дасти рост таомашро истеъмол намояд. Хеч гох нони газидаашро ба хуроки дар коса ё лаганд буда нарасонад. Нони газидаро ба чой, чургот, таоми суюк ва монанди инхо хастан низ мумкин нест. Ин амал карохиятовар хисобида мешавад;

12. Шитоб намудану харисона таом хурдан ба шаъни шахси мусулмон намезебад;

13. Агар ба шахси хурокро истеъмолкардаистода таом маъкул шуда бошад, вай метавонад таомро таърифу тавсиф кунад, вале, агар баръакс, маъкул нашуда бошад, бояд аз танкид намудану нах задани таом худдори намуда, норозигии худро маълум нанамояд;

14. Якчоя хурдани таомхои бехад гарм ва бехад хунук тавсия дода намешавад, чунки ин амал ба дандонхо ва меъда зараровар аст;

15. Дар сари дастархон сухбат бояд сабук бошад, игвоангез набошад. Инчунин бахсу мунозира намудан ва ё хангоми суханрони истифода намудани калимахои кабеху дагал ва нафратовар манъ карда шудааст;

16. Бо дахони пур аз хурок сухан гуфтан одати берун аз одоб хисобида мешавад.

17. Агар хангоми таомхури хурок аз дахон афтад, хаддалимкон онро тоза карда хурдан зарур аст, чунки дар шариат исроф манъ гаштааст. Дар устухон мондани порахои калони гушт низ исрофкори хисоб меёбад;

18. Дар сари дастархон хангоми таомхури салом додану ба салом чавоб гардонидан мумкин аст, вале даст фишурда вохури намудан нишонаи бехурмати нисбат ба нишастагон ва беодобист;

19. Фарди мусулмон бояд пурхуру баднафс набошад. Хурокхуриро меъда пур нашуда анчом дадан зарур аст. Ин одат боиси тандурусти низ мебошад;

20. Пас аз истеъмоли таом дархол хобидан хуб нест;

21. Хуроки истеъмолнашуда дар коса ё лаганде, ки дар онхо он таомро истеъмол кардаанд, инчунин дар дег набояд бимонад.  Шустани дегу табаки истифодашуда хатмист;

22. Таомхуриро анчом дода хар як мусулмон бояд шукри Аллохтаъоло намуда, гуяд: «Алхамдулиллохиллази, атъамано ва саконо ва чаъалано минал муслимин» («Шукри Аллох, ки ба мо хурданию нушидани дод ва моро аз чумлаи мусалмонон намуд»). Инчунин,  метавонад илова намояд: «Аллохумма борик лано фихи та атъимна хайран минху» («Кулли хамду сано ба Аллох, ки фаровони додааст. Таоми накуро насибамон гардон ва баракат ато кун!»);

23. Пас аз таомхури дастон ва дахонро бояд шуст. Дандонхоро бо чуб ё шёткаи дандоншуи аз бокимондакои хурок тоза намудан зарур аст. Ин амалхо барои нигахдории саломати мусоидат менамоянд;

24. Хурмату эхтироми падару модарро фарзандон хатман бояд нигох доранд ва бо ин максад аз онхо набояд таомхуриро пештар огоз намоянд. Иззат намудани калонсолон низ яке аз талаботхои асосии Ислом аст. Инчунин, мизбон ва ахли оилааш набояд аз мехмон пештар ба хурокхури сар кунанд;

25.Бояд хар як мусулмон барои бовари хосил намудан ба он, ки тамоми хуроквории берун аз хонааш истеъмол менамудааш низ халол (Яъне барои истеъмолаш шариат ичозат додааст) аст, кушиш намояд;

26.Хангоми хурокхури мутоилаи рузномаву мачаллахо ва ё маводи дигар, агар ин амал мухлати таомхуриро кашол дихад, нашояд;

27.Хангоми таомхури хоксориро набояд фаромуш кард;

28.Шахси мусулмон хобида, рост истода ва ё хангоми рохгарди набояд хурок хурад. Бояд дуруст нишаста ба болишт ё чизи дигаре такя накарда таом хурад;

29.Аз хуроки зиёдати ва сарфи вакти зиёд барои таомхури бояд пархез кард. Хангоми вохурихо бо дустону  наздикон соатхои дароз назди дастархон нишастан ва ё бе зарурати таомхури густурдани дастархон, ё ба руи дастархон барои намоиш гузоштани хар гуна хурокахо бемаданиятист;

30.Ба ононе, ки хангоми таомхури нодуруст рафтор мекунанд, масалан, бо дасти чап хурок мегиранд, дандон ё биниашонро мекобанд, ягон узвашонро мехоранд, даст меафшонанд, ба тарафи бегонаи лаганд даст мебаранд, суханони бемавриду кабех мегуянд ва монанди инхо, кушоду равшан ва бетаъхир (вале боэхтиром ва бе ранчонидану тахкир кардану паст задани шаъну шарафи инсониашон)  ишора намудан, вазифаи хар як мусулмон аст ва ин амал аз доираи одоби хамидаи мусулмон берун нест.


                Гирдоваранда Абдукаюми Мухаммадчон.

          P.S: Ин мавод чанд сол пеш дар хафтаномаи "Саломат бошед!" дарч гардида буд.


Рецензии
Абдукаюм, конечно, языка я не знаю. Было интересно посмотреть - как он выглядит графически. Видимо, филолог во мне ожил, первая профессия)

Татьяна Дума   05.04.2020 08:16     Заявить о нарушении
Спасибо, уважаемая Татьяна!

Хорошо, что интерес сохранился.

Советую, если появится время, прочитать "Любовь делает горькое сладким". Это перевод максимально близкий к тексту произведения.

Абдукаюм Мамаджанов   05.04.2020 09:32   Заявить о нарушении