Ярость. Газаб. На таджикском языке

                ГАЗАБ


                Ало мардум, сарафшонат муборак!
                Талотумjўшии jонат муборак!
                Чароѓи иличї нураш адо шуд,
                Чароѓи нури имонат муборак!
               
               
                Лоиќ.

               

         Бегоhї аз кор бармегаштам. Xамсояамро дидам, ки hамроњи писарчаи хурдиаш дар рўи hавлї сайру гашт мекард. Ба ў салом дода, гузашта рафтанї шудам, ки посухи саломамро гардониду чун hарваќта ба шикоят сар кард:

        - Бародар, hамин рўз беhад ба ѓазаб омадам. Худатон як фикр кунед, дар ягон хонаи маhаллаи мо барќ несту маhаллаи hамсоя бошад, як соат боз чароѓон! Xамин hам давлатдорї шуду… Адолат куjост? Пагоh ба назди раиси шаhр рафта шикоят мекунам…

       Ба набудани ќувваи барќ гўё ман гунаhгор бошам, аз hамсояам узр пурсида, ба hуjраам даромадам. Пас аз 10-15 даќиќа «Ура-а-а! Свет ома-а-ад!» - гўён хурсандикунии кўдакони дар рўи hавлї давутоздошта аз омадани «свет» ба маhаллаи мо низ дарак дод.

       Саhари рўзи дигар барваќт ба рўи hавлї баромада hамсояро дидам, ки мотори мошинаашро гарм менамуд.

       - Салом, hамсоя, - гўён ба наздам омад. – Бегоhї беhуда ѓазабам омада будааст. Ќувваи барќро аз рўи меъёр медодаанд. Ана, ќариб як соат боз ба хонаhои мо барќ доданду маhаллаи hамсоя бошад чун ќабристон торик! Xа, адолат будааст. Умуман, бародар, ба hамин hукуматдорон низ раhм кардан лозим. Ба онhо hам душвор. Ман аз дигар чиз дар ѓазаб hастам…

        Дигар тоќати шунидани овозаву огоh шудан аз ѓазаби навбатиашро надоштам. Дар як лаhза чеhрааш ношиносу хира гашта, гўшу чашму абрувон, бинию jоѓу лабонаш ва hатто баъзе аз дандонhояш чун муми гудохташудаистодае ба hар тараф  гоh ёзида, гоh кашида шуда ба hаракати бенизом даромаданд, ки чун манзарае аз филмhои даhшатовар hавлангез буданд. Гўшhоямро садои чирросии якранг ва беохире гўё сурох намуда, ба дохили сарам гузашта буду майнаамро беист такурў мекард…


               
                2009 с.


Рецензии