Хочибобо оварда буданд. На таджикском языке

      ХОЧИБОБО ОВАРДА БУДАНД...

ё чанд сухан оиди оне, ки гумон дорад,
hарфи hарзааш аз илми Ќуръон аст.


 Шукри беhад Яздони Покро, ки  бо соhибистиќлол шудани Чумhурї мардуми тоjик низ чун аксари мусалмонони мамлакатhои соhибихтиёри jаhон имконияти бемамониат ва озодона иjро намудани яке аз фармудаhои дини мубини Ислом – hаjjи хонаи Xудоро доранду аз тарафи ташкилотhои давлатї дар иjрои ин амали хайр дастгирии hамаjониба ва беѓаразона насибашон гаштааст. Бешубhа аксарияти hоjиён бо дилу нияти пок озими сафар мегарданду пас аз бозгашт боз hам бештар ба некиву накўкорї меhр баста, дар ин jода ибрати хешу аќрабо ва hамдиёрон мешаванд. Вале сад афсўс, ки баъзан «hоjиёне» - ро низ байни онон вомехўрем ки фаромўш кардаанд:

                «Мусалмонї ба имон аст, на ин пироhани зебо,
                Намесозанд зи сад гуфтори худ hаргиз яке иjро…»

      Чанд сол муќаддам пас аз баhси тезу тунде бо як нафар муллотароше, ки jоhилона амали некмардонаи гурўхи hамдиёронамонро, ки барои hоjати ниёзмандони кaмбизоатро баровардан маблаѓhои барои hаj jамъовардаашонро бахшиданд, амали номаќбул ва hатто куфр гўён hарзагўї менамуд, азм намуда будам, ки атрофи ин масъала маводе омода созам. Вале бо навиштани очерке бо номи «Диле ба даст ор!», ки он дар бораи яке аз чунин некмардони равшанзамир – шодравон Тошпўлод Мадаминов наќл менамуд, ќаноат намуда будам. (Рўзномаи «Суѓд», №    ). Xоло мардуми деhаи Бободархони ноhияи Ашт ин марди накўномро бо некї ёд меоранду ба ў пайравї намуданро талќин мекунанд. Баъзан амали амаки Тошпўлод Xоjї барин некмардонро бо кирдори бархе аз «муллоён» -у «hоjиён», ки

                «Ба hирс олудаанд аммо гўянд аз инсоф,
                Надоранд хайру аз хайри дигарон мезананд лоф,
                Кунанд пурлой баhри моhидорї обhои соф,
                Бинои hимматшон чун арзан – савлат чу кўhи Ќоф…»

муќоиса намуда, аз гуногунии табиати инсонї ангушти hайрат мегазам.

      Одатан hар гоh, ки ба бозори «Панjшанбе» - и шаhри Хуjанд равам, ба растаю дўконhои китобфурўшии ин мавзеъ низ бо маќсади дарёфт намудани китоби хонданбобе медароям. Китобhои дар рафhову рўи мизhо гузошташударо аз назар гузаронида, аксар ваќт аз он, ки мардуми бофарhанги мо ба ин дўконhову нуќтаhои савдо мароќи зиёд нишон дода, аз хизмати онон баhравар мегарданд, шод мешавам. Аммо фараhмандии ман дер давом намекунад. Чунки дар ќатори дигар китобhо jилдhои китоби муќаддастарини hар як мусалмон – «Ќуръон» - ро, ки чун хайрия чоп карда шудаанду дар атрофи масjиди марказии вилоятамон шахсони «боимони» унвонhои «hоjї-дoмулло», «hоjї-бўво», «отун-буча» ва ѓайра дошта, ки аслан ба hирс олуда гашта, шайдои пул шудаанд, он jилдhоро ноинсофона бо нархhои дилхоhашон «обу лой» мекунанд, дида беhад шигифт мемонам.

     Ба даст jилди бо фармони Президентамон Чаноби Олї Эмомалї Раhмон ба забони тоjикї тарjима шудаю ройгон ба мардуми кишвар таќсимгардидаи китоби муќаддасро гирифта, ба фурўшанда чанд суол медиhам. Фурўшанда ба саволhои ман муфассал jавоб дода, маро тарѓиб менамояд, ки ин китобро бо нархи арзон, яъне hамагї ба 76 сомонї бихарам. Ниhоят саволи охиринро оиди фармони Сарвари давлатамон гўшрас менамоям. Авзои фурўшанда аз ин пурсиши рўирост низ заррае дигаргун нагашта, бепарвоёна мегўяд:

     - Хариданї бошед, аз ин арзонаша намеёбед. Гиред, ки харидораш бисёр. Дирўз як Xоjї-бўво якчанд дона оварда буданд. Xамин дута ахиронаш монд. Ман бошам, савоб мешад гуфта, холисанлиллоh хизмати он касро мекунам…

     Бо сари хаму дили ошуфта аз назди он мизи китобфурўш дур мераваму манзараи дигаре ба ёдам меояд. Тобистони соли 1995 hамроhи якчанд нафар рафиќонам савори чор мошини сабукрав аз шаhри Душанбе бармегаштему дар болои аѓбаи Анзоб барои таъмири яке аз сабукравhо таваќќуф намудем. Дере нагузашта мусофироне, ки савори ду мошини байраќчаhои ташкилотhои jамъиятии байналхалќї дошта буданд, мошинhояшонро боздоштанду аз мушкилоти мо пурсон шуда, ёрии худро пешниhод намуданд. Сипас яке аз онhо, ки худаш аврупої намояд hам, бо забони тоjикї басо зебо hарф мезад, ба hар яки мо як донагї китоби «Инjил» - и дар шахри Хелсинки бо забони тоjикї бо сифати хеле баланд чопгардидаеро ройгон таќсим карда, ба моён аз даргоhи Худованд роhи сафед дуо намуду роhашонро давом доданд. Хуллас, «он чиз, ки аён аст, hоjат ба баён нест». Худ андеша кунеду дарк намоед…

     Ба хона омада рўзномаю hафтаномаhои рўи мизи кориам бударо вараќзанон, чашмам ба шеъри шоир Исмоил Зарифї «Агар аз Каъба хезад куфр…» афтид. Сатрhои ин шеър пеши назарам чеhраhои ононеро, ки «ба гардан таъвизи шайтонї» бастаанду сирати зишти худро моhирона бо алфозу кирдори пур аз риё ва либоси шинаму зебо пинhон доштан мехоhанд, оварданд:

                «Ба чашми аhли биниш чун каhи бодоваре hастї,
                Ту донишманд не, олуда як савдогаре hастї,
                Ту ќутби давр не, номардуме, бадахтаре hастї,
                Ба назди нафси шуми хеш умре чокаре hастї,
                Хабар аз ганjи имонат набошад, беваре hастї,
                Худо донад, ки дурї ту зи арзишhои инсонї,
                «Агар аз Каъба хезад куфр, куjо монад мусалмонї?»

                04.12.2010


Рецензии