Ёдгорихои кампири Ёдгор. На таджикском языке

                ЁДГОРИХОИ  КАМПИРИ  ЁДГОР


                Соли нањсе буд соли чилу як,
                Оњи мардум рафт он сол то фалак.
                Кулфат омад бар сари халќу Ватан,
                Ѓарќи хун шуд шањру дењоти Ватан.
                Манзили обод гардид ѓамкада,
                Хун чакид аз дидањои ѓамзада.
                Модарон гардида аз фарзанд људо,
                Нола мекарданд шабу рўз бар Худо…
               
                Абдуќаюми Муњаммадчон

          Сардии зимистони он соли пур аз дањшату хавотирињо ба дили ин зани бисёр дарду аламдида боз њам пуртаъсиртар буд. «Санг њам ба ин зарбањои берањмонаи њаёт тоб намеовард,- фикр мекард худ ба худ он зан, - магар ба падару модари ман маълум гашта буд,  ки маро чунин њаёт интизор аст? Набошад, чаро  номи маро Ўлмас, яъне Љовид гузоштанд?» Зан бо чунин хаёлот он сањар аз хоб барваќт хеста, сари болини писари   сесолааш - Азизмат омаду њарчанд хоби нози ўро халалдор кардан нахоњад њам, оњи чуќури дардноке кашида, ашки сўзони дидагонашро бо нўги рўймолаш пок намуду:

      -Хез , пасаракам! Боз дер намонем, - гўён кўдаки бечораро аз хоби ширин бедор намуд…

      Пас аз муддате модару писар дар истгоњи Мањаллаи Поёни дења аз дасти њамдигар дошта рост меистоданд. Њанўз чашми рўз накафида бошад њам, барфи ќалини сап-сафедро ситорањои бешумори осмон нурборон карда, атрофро равшанї мебахшиданд. Равшании сарду беранге…

        Риштаи хаёлоти модарро овози баланду љарангосии домуллои дења Мулло Марасул, ки барои намози бомдод хондан ба масљид рафтанї шуда, аз хонааш баромада буд, бурид:

       - Ња, Ўлмасой, дар ин сањари барваќт кўдаки бечораро куљо мебарї?

      Модар овоз бароварда натавонист. Гиря гулўгираш намуда буд.

       Мулло Марасул ба назди модару кўдаки њайрону аз берањмии сармо ларзидаистода омаду гўё аз хабари нохуше пай бурда  бошад, боз њам кунљковї намуд.
      Модар бо машаќќату азобулњуне базўр чанд њарфе бо овози ларзон ба забон овард:
      -Дигар илољам намонд, амак. Худатон бохабар, хати сиёњи шавњарам ва писари калониамон – Мадиброњимро оварданд. Фидомат њам дар фронт. Хурсандбибию Юлдошмату Мирзомат ва Парпиќул аз гуруснагї дар ба дари мардум мегарданд. Њайронам онњоро чї хўронаму чї пўшонам. Љони ин бечораякам њам дар азоб. Намурад гуфта, ба Шайдон бурданиям. Ягон худољўе ба фарзандї мегирифтагист. Нашавад, мумкин ба хонаи кўдакони бепарастор супорида тавонам. – Ашки шаш ќатори модари дањшатзада ба замин болои барф чакида, њар ќатрааш ба яхпорањо њамто мешуд…

       Мулло Марасул аз дасти кўдак, ки чанде пеш љанозаи падараш – Гулматов Ашўрматро хонда, азо гирифта буданд,  дошту:

      - Рафтем, як маслињат њаст, - гўён онњоро то назди дари њамдењаашон Исмоил Ќаван овард.

      Садои таќ-таќи дарро шунида, Исмоил Ќаван , ки як марди тануманди пањлавонљуссае буд,  аз даруни њавлї:

      - Њозир, рафта истодаам, - гўён омада, дарро кушод ва аз ѓояти њайронї базўр бо њар сеи назди дар истодагон салому алейк намуд.

       - Њайрон нашавед, додар! – гуфт Мулло Марасул ва ба Исмоил Ќаван арзи њол намуд. Сипас каме хомўш истоду оње кашида, суханашро давом дод:
      - Ба хаёлам Шумо ва янгаи Ёдгорам дар орзуи писар будед. Чї мешуд, ки имконияти ба фарзандї ќабул кардани њамин кўдаки бегуноњро маслињат мекардетон…

      Ин ваќт аз пушти дар њамсари соњибхона кампири Ёдгор берун баромад ва гуфт, ки аз сўњбати  онон хабардор шудаасту њољат ба маслињат нест. Чаро не? Албатта, онњо розианд, ки ин писарбачаи дўстрўякро фарзанд хонанд. Охир, Анормоњи ятимро духтар хонда, калон карда тавонистандку. Бо чунин суханон ў  аз замин Азизматро бардошта, ба оѓўшаш гирифту аз рўхсорањои аз сардии њавои сањарї суп-сурхаш бўсида, шўрии ашки сўзони он бечораро баръало њис намуд…

      Аз њамон рўз барои Азизмати хурдсол  њаёт, ки талхињои онро ў хеле барваќт чашида буд, маљрои нав гирифт. Акнун очаи Ёдгору бобои Исмоил, ки солњои сол муштоќи писар буданд, тамоми мењру муњаббати падару модариро ба ў сарф менамуданд…

      Ин љо бояд ба хонандагон дар бораи ин зану шавњари накўкор, ки њар ду зодаи дењаи Хиштхонаи љамоати Пунѓази ноњияи Ашт буданду тамоми умр дар ин љо зистаанд,  чанд сухане гўем. Азизов Исмоил (1896-1974), ки барои дар ќамишзори дења яккаву танњо бо хуки нари вањшии бадњайбате вохўрда, бе њељ яроќе, дасти холї он хукро, яъне «Ќаван» - ро, ки шакли вайроншудаи калимаи русии «Кабан» аст, кушта буд, «Исмоил-Ќаван» лаќаб гирифта буд  ва занаш Азизова Ёдгор (1896-1976) якчанд сол пеш аз саршавии Љанги Бузурги Ватанї аз сабаби фарзанд надоштанашон ятимдухтареро, ки Анормоњ ном дошт, фарзанд хонда буданд ва чун фарзанди зода тарбия карда, ба воя расонида буданд. Ваќти ба шавњар додани Анормоњ њам расида буд. Дар орзуи фарзанди дигаре, бењтараш писаре, буданд. Чун донистанд, ки њамсояашон – Њамроќулова Ўлмасой, ки он ваќт аз шавњари дуюмаш – Гулматов Ашўрмат низ бева монда буду аз ўњдаи тарбияи панљ ятим баромада натавониста, мехост писари хурдиаш – Ашўров Азизмати сесоларо ба хонаи бачагон супорад, он кўдаки бечораро  писар хонданд. Њамин тавр насаби Азизмат аз он рўз Исмоилов шуд.

       Солњои зиёде паси сар шуданду Азизмат њам ба воя расид. Очаи Ёдгор ба фикри хонадоркунии писараш даромад ва азбаски њамсоядухтарашон Шамсиниссоро кайњо боз таги чашм карда буд, ба назди модари ў холаи Ойниссо Мирзоева (Одилова) даромада, маќсадашро ба њамсояаш изњор кард. Харчанд холаи Ойниссо љавоби муайяне надода, бо шавњараш- амаки Исомат маслињат намуданро пеш оварда бошад њам, аз оњанги суханрониаш маълум буд, ки дилаш ба ин кори савоб гарм аст. Охир, Азизмат ба ќавле дар пеши чашмаш ба воя расидаасту тарбияи чунин инсонњои наљибро гирифтааст…
 
     Моњи феврали соли 1962, њамон бегоњии рўзи тўи арўсию домодии Азизмату Шамсиниссо ваќте, ки базм сар шуд, муаллифи ин сатрњо, ки он ваќт хонандаи синфи сеюм буд, низ ба сифати тамошобин дар он тўй иштирок дошт ва аз он, ки он бегоњ ўро барои равѓан рехтан ба машъале, ки ба симњои ѓафси байни ду дарахти боѓи бобои Исмоил кашидашуда барои равшанї бахшидан ба он базм овезон буд, мутасаддї намуда буданд, дер гоњ фахр менамуд.

      Дар хотири иштирокчиёни он маърака чизи дигаре низ наќш баста буд. Одатан барои гузаронидани тўйњои арўсию домодї њаваскорон – Салоњиддину Асраќул ва Абдумалики Бўракї ё Абдумалики Бободархониро таклиф менамуданд ва онон зери мусиќии тору доира суруд хондаву раќсњо намуда, тўйро метасфониданд. Аз кадом сабаб бошад, он бегоњ то дер аз онон дараке нашуд. Аллакай косањои оши љаврї холї шуданду хабаре аз омадан ё наомадани гурўњи њаваскорон намеомад. Мењмонон бетоќатї менамуданд. Оќибат,  Њољибой-амак Шодиев, ки гўё раиси он нишаст буду дар он базм таппоќї (пешхизматї) мекард, ба касе фармуд, ки таѓора ё чалаки холие назди Абдурањим Ќодиров оранд. Оварданд. Абдурањим ба рўи алочаи болои ќамиш густурдашуда нишаста, таѓораро дар мобайни ду пояш нигоњ дошта, ба дастонаш ду дона чормаѓзро гирифту бо навохтани оњанги њамон ваќт хеле машњуре ба сурудхонї сар кард. Њамин тавр дар дења оилаи наве барпо шуд.

    Исмоилов Азизмат (санаи таваллудаш 20 августи соли 1940) бо Исмоилова   (Исоматова) Шамсиниссо (12.06.1944 - 31.12.2015) ќариб 54 сол бо њамдигар ањлу тифоќона умр ба сар бурданд.

    Азизмат Исмоилов дар хотир дорад, чї тавр аз хоњархондаш – Анормоњ, ки ба иштирокчии Љанги Бузурги Ватанї, чўпони пешќадаму номдори колхози «Гулистон», њамдењаашон Ќаландаров Олим ба шавњар баромада буд, соли 1948 љиянчадор шуд. Номи љиянашро Роњатой монданд. Вале ў намефањмид, ки чаро пас аз таваллуд шудани Роњатой дере нагузашта,  падару модараш аз њам људо гаштанду Анормоњ шавњари дигар намуд ва тарбияи Роњатойи зиндаятим низ ба дўши очаю бобояш – кампири Ёдгору бобои Исмоил-Ќаван бор шуд?..

       Ана, Роњатой њам дар хонаи бобою очаи мењрубонаш ба воя расид. Чолу кампир орзу менамуданд, ки Худо хоњад, набераашонро њам бо номи нек хонадор намоянд, дигар ормонашон намемонад. Дере нагузашта Роњатой бо Азизмат Азимов ном љавони хушодобу чусту чаќќони њамдењаашон  хонадор шуд. Вале, мутаассифона, шавњараш барваќт аз љањон рафт. Њатто кўдаки навтаваллудаш – Нишонбойро надид. Пас аз муддате Роњатой (1948 – 2005) ба њамдењаи дигарашон – Ќодиров Ботурќул ба шавњар баромад…

      Њоло  њафт нафар фарзандони Азизмат – Фарњодчон, Баротљон, Наврўзљон, Нигора, Шўњратљон, Замира ва Давлатљону дањ нафар фарзандони Роњатой – Нишонбой, Њабибулло, Ибодулло, Наимљон, Муслима, Мањбуба, Манзура, Маъсумљон, Фарида ва Гулнора ва наберањои сершумори онњо ёдгорињоеанд аз кампири Ёдгору бобои Исмоил.



                Бознашр аз китоби "Боргохи маърифати Хиштхона"


Рецензии