Тафтиш карда нашавад. Не проверять. На таджикском

                ТАФТИШ КАРДА НАШАВАД...   


    Ассалому алайкум устоди мухтарам,Иброхим Усмонович!

    Аз икдоми Шумо, ки барои навиштани китоби наве дар бораи шахсияти хеле бузурги на танхо диёрамон, балки тамоми кишвари азизамон шодравон Нурулло-Ако Хувайдуллоев камар бастаед, хеле шод гаштам. Чандин асархои Шуморо аз китоби «Соли Набиев» сар карда, мутоила намудаам ва боварии комил дорам, ки асари навбатиатонро низ чун пештара реалисти ва хакбинона эчод менамоед. Барои тамоми мардуми Точикистон, ки аксарияти куллашон номи аввалин Прокурори генералии Чумхуриямонро бо эхтироми хосае ба забон меоранд, асари Шумо тухфаи арзандае хохад шуд.
Бо эхтирому самимият яке аз мухлисони эчодиёти Шумо Абдукаюм Мамадчонов.      
               
       Дар бораи чавонмардию хислатхои хамидаи инсонии аввалин прокурори генералии Чумхурии Точикистон шодравон Нурулло Хувайдуллоев суханхои зиёде гуфтаву навишта шудаанд, ки хамаи ин маводхо хамдигарро пурратар намуда, ба ин тавсифот комилан арзанда будани ин шахсияти бузургро  тасдик мекунанд ва исботталаб нестанд.
 
     Вале дар ин маколача хостам, чи гуна бо як имзои худ ба ташвишхои бехудаи чандинсолаи ман хотима бахшидани мудири шуъбаи макомоти маъмурии Кумитаи марказии хизби коммунисти Точикистон  Нурулло Хувайдуллоевро дар соли 1989 ёдовар шавам.

     Он вакт ман дар Идораи корхои дохилии вилояти Ленинобод ба хайси муовини сардори шуъбаи кадрхо хизмат менамудаму аз рузи ба макомоти корхои дохили ба кор шуруъ намудан, яъне беш аз дах сол аз тухмату бухтони ду-се нафар хамдехагон, ки бародари хамдигар буданд, азият мекашидам.

Сараввал онхо хар сол се-чор маротиба бо мактубхои беимзо ба макомотхои гуногун то ВКД-и Иттиходи Шуравию Кумитаи назорати партиявии КМ КПСС мурочиат намуда, талаб менамуданд, ки ба кирдорхои нолоики  А.Мамадчонов бахо диханду уро аз вазифааш дур созанд. Шахсони масъули идорахои дахлдор вакт ва маблаги зиёдеро сарф намуда, он аризахоро тафтиш менамуданд ва хулоса мебароварданд, ки фактхои дар онхо овардашуда тасдик нагардиданд.

Ин холат то мохи феврали соли 1988, яъне то дарч гадидани Укази Президиуми Совети Олии СССР, ки тафтишу дида баромадани мактубхои беимзоро манъ кард, давом ёфт.

     Пас аз ин он нафарон парда аз руй кашиданду тарки одат амри махол гуён, бо имзои худ (насаби онхоро шартан Хайроновхо мегуем) боз якчанд маротиба чунин аризахо навиштанд. Ва бори охирон аризаи навбатии онон, ки аз Москав ба КМ ПК Точикистон барои чорачуи фиристода шуда буд, ба шуъбаи макомоти маъмурию хукукии хизби коммунист ворид шуд.
 
       Бо супориши Н.  Хувайдуллоев  комиссияе иборат аз кормандони шуъбаи маъмурию хукукии КМ ПК, вазорати корхои дохили ва кумитаи   хизби коммунисти вилояти Ленинобод  он аризаро санчида, хулосаашонро пешниход намуданд.

       Н.Хувайдуллоев ба серкориашон нигох накарда, тамоми маводхои санчишро шахсан омухта, фармуданд, ки хулосаи тафтишро бо мактубе ба ВКД  фиристанд.

      Мактуб  бо забони руси  ирсол гашта, дар он  аз чумла таъкид карда шуда буд:

«…Впредь заявления Хайроновых в отношении сотрудника УВД Ленинабадского облисполкома Мамаджонова Абдукаюма не рассматрывать.

Заведующий Административно-правовым отделом
ЦК КП Таджикистана                Н.Хувайдуллоев»

       Ин мактуб ба парвандаи шахсии (Личное дело) ман, ки холо дар архиви ВКД махфуз аст, илова карда шуд ва туфайли он ман минбаъд аз тухмату бухтонхо   халоси ёфтам.

      Соли 2002  хамрохи дуст ва шогирдам Нурмухаммад Маъруфхонов дар шахри Душанбе ба аёдати устод Нурулло Азимов рафта будем ва он кас , ки хамон вакт ба навиштани китоби «Симои Ашт» машгул буданд, дар бораи шахсиятхои бузурги нохияи Ашт аз чумла дар бораи Нурулло Хувайдуллоев  хотирахои зиёди ибратомузи хешро накл намуда буданд.
 
Дар хамон сухбат аз кору бори ман низ пурсон шуданду таърихи навишта шудани мактуби дар боло зикршударо накл карданд.

    Мувофики гуфтахои устод Н.Азимов Нурулло Хувайдуллоев  доимо, новобаста аз он, ки дар кадом вазифа кор мекарданд, ба такдири шахрвандон бепарво набуданд. Барояшон хамеша риояи хаматарафаю пурраи талаботхои конун дар мадди аввал меистод ва дар ин чода нисбат ба шогирдону зердастонашон низ серталаб буданд. Пеш аз ба ягон хуччате имзо гузоштан ба кавле сараввал муйро аз хамир чудо менамуданд. Яъне шахсан тамоми пахлухои он масъаларо санчидаю баркашида, баъд ба хулосае меомаданд.
 
     «Хамон вакт,- гуфтанд устод,- Нурулло Хувайдуллоев аз ман дар бораи Шумо ва  Хайроновхо чанд суол доданд. Пас ба ман оиди он мочаро мухтасар накл карда, фикрамро пурсиданд. Маслихат додам, ки дар бораи дигар чунин аризахоро тафтиш накардан супориш диханд. Ва чунин хам шуд».


24.01.2020
__________________________________________________


PS: Ин макола бо андаке ихтисор дар китоби "Аввалин Прокурори генералии Точикистон", Душанбе: "ЭР-граф", 2020, ISBN 978-99975-50-95-8 дар сах. 99-103 чоп шудааст.


Рецензии