Ман тарсак не, ё ним рузи кории Прокурори генерали

 


     МАН ТАРСАК НЕ..., Ё НИМ РУЗИ КОРИИ ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛИ


    Чанд  хафта пеш аз куштори номардонаи Прокурори генералии ЧТ Нурулло Хувайдуллоев дар шахри Душанбе бо он кас вохурие доштам, ки абадан дар хотирам накш бастааст. Он вохури бо ду сабаб ба вукуъ пайваст:

Аввалан  ин , ки дар хамон шароити бенихоят муташанничи пойтахти кишварамон мухолифони хукумати конуни бо хар роху восита мехостанд Прокурори генерали Нурулло Хувайдуллоевро, ки кафили конуният дар Точикистон  буду дар байни аксарияти кулли мардуми чумхуриямон обрую эътибор ва вазни сиёсии хосае дошт, аз вазифааш дур ва хатто чисман нобуд  созанд. Яке аз роххои ба ин максади зишташон расиданро онхо дар махрум сохтани Н.Хувайдуллоев аз мухофизони шахси диданд ва дар «садою симои мардуми» ва дигар воситахои ахбори умум, ки зери таъсири бевоситаашон буданд, оиди ин масъала маъракаи ташвикотии васеъ ва хаматарафае сар карданд.

Кисме аз рохбарияти хамонвактаи ИКД-и вилояти Ленинобод хуб дарк менамуд, ки агар ВКД ин талаби мухолифинро конеъ гардонад, чони Прокурори генерали дар хатар мемонаду ягон илочи  мухофизаташро бояд ёфт. Гурухи гайрирасмие бо рохбарии сардори ИКД Урунов Ч.К. ба кароре омад, ки аз байни кормандони ба вазифаашон содиктарин якчанд гурухчахое ташкил намояд, то ки онхо аз хисоби рухсатии мехнатиашон химояи Прокурори генералиро амали созанд. Азбаски ин карор гайрирасми буду бо сабабхои маълум  дар чое  кайд хам нашуда буд, ба ман шифохан  супориш дода шуд, ки бо Н.Хувайдуллоев шахсан вохурда, ризоияташонро оиди ин масъала гирам.

Сабаби дигар он буд, ки мухолифин бо истифода аз имкониятхои тарафдорони сершумору бонуфузашон дар аппарати марказии ВКД мехостанд барои бадном намудани Прокурори генерали игвое ангезанд. Мувофики яке аз накшахои махфиашон онхо мехостанд , ки хангоми амалиёти аз Изолятори тафтишотии раками 2-и дар шахри Ленинобод вокеъбуда гурезонидани собик мэри шахри Душанбе Максуд Икромов, ки он чо дар махбас буд, ба катл расонидани у ва минбаъд ба ин амал муттахам намудани шахсан Прокурори генерали буд. Дар ин бора чонишини ин муассиса майор Аббосчонов Иброхимчон махфи ва гайрирасми арз намуд. Вазъияти дар ВКД хукмронбударо ба назар гирифта, гайр аз ба маълумоти худи Н.Хувайдуллоев расонидани ин накша илочи дигаре набуд. Ва ин кор низ ба зиммаи ман гузошта шуд.

Бегохи худи хамон руз ба Душанбе омадаму аз мехмонхона ба Нурулло Хувайдуллоевич занг зада имконият ва чои вохуриро пурсидам. Он кас дархол аз кучо занг заданамро фахмиданду маслихат доданд, ки дар мехмонхона нею дар чои бовариноки дигаре   таваккуф  намояму ба хеч касе занг назада  пагохи рузи дигар пеш аз огози рузи кори ба назди бинои Прокуратураи генерали хозир шавам.

Рузи дигар чанд дакика пеш аз огози кори Прокуратура ба он чо хозир    ва омадани Н.Хувайдуллоевро мунтазир шудам. Дере нагузашта он кас бо мошини хизматиашон омаданд ва аввалин чизе, ки диккати маро чалб намуд, ду-се дакика дертар омадани мошини мухофизонашон буд.

Бо Нурулло Хувайдуллоевич холпурси намудему хамрох ба утоки кориашон баромадем. Дар кабулгох якчанд нафар кормандони Прокуратура ва шахсони дигар интизор буданд. Дархол ду се нафар шахсони ришу фашрасидаи сару либоси беэътиноёнапушидае  худро бо нописандие нисбат ба хозирон намояндагони  «садою  симои мардуми»  муаррифи намуда, бе  ягон рухсатпурсие хамрохи Прокурори генерали вориди кабинети кориашон шуданд. Чанде аз кормандони   интизорбуда, ки дар даст ё зери багалашон папкахои гуногун доштанд, норозиёна гур-гуркунон  кабулгохро тарк намуданд.

Нурулло Хувайдуллоевич хангоми даромадан ба кабинет ба ман фармуданд, ки каме дар кабулгох интизор шавам. Хамрохи якчанд нафари дигар навбати худро интизор шуда, дар дивану курсихои кабулгох чой гирифтем ва ба тамошои сериали мексикагии «Сарватмандон низ мегирянд» («Богатые  тоже  плачут») машгул шудем. Вакт мегузашту намояндагони «садою  симои мардуми» кафшхои хонагии худро кашолакунон бе  хеч мамониат озодона ба кабинети кории Прокурори генерали даробуро мекарданду парвое аз дигарон ва аз кучактарин меъёрхои этикет надоштанд.  Касе аз шахсони дар кабулгохбуда, хатто яке аз чонишинхои Прокурори генерали то танаффуси нисфирузи имкон наёфтанд, ки вориди кабинет шаванд. Танхо сардори идораи тафтишотии Прокуратураи генерали Имомов А.Х. се ё чор маротиба бо хар гуна хуччатхо назди Н.Хувайдуллоев медаромаду чанд дакика он чо меистод ва пас аз баромаданаш ба ман мегуфт, ки камтари дигар интизор шавам.

Сухбат намудан бо Нурулло Хувайдуллоевич танхо пас аз расидани мухлати танаффуси нисфирузи дар рохраву вестибюли Прокуратура бароям муяссар гашт. Он кас максади омадану масъалахои арзкардаамро хеле тез дарк намуданду оиди масъалаи мухофизон гуфтанд:

«Абдукаюм, ба хамаатон барои гамхориатон рахмат. Аммо аз такдир гурехта намешавад ва хар кас сарнавишташро мебинаду халос. Ман чанд бор гуфта будамку, ки тарсак нестам. Ба бародарону хамдиёрон саломи маро расонед!»

Ботамкинию оромии фавкулодда, бомулохизаги ва дурандешии ин инсони бузург, ки харчанд хеле мураккаб ва ба дарачаи оли муташаннич будани вазъияту хатари марговарро ба хаёташ  беш аз хама худаш  дарк менамуд, хеле хайратовар буданду на хар гуна акл онро дарк карда метавонист.

 Хатто дар чунин холат низ бо хамдиёре сухбат намуда, бемалол аз калимахои лахчавии зодгохашон  низ истифода мебурданд. Харчанд яке аз босаводтарин донандагони забони адабии точик бошанд хам, дар лахзахои лозими нутки худро бо он калимахо обуранг медоданд.  Албатта он кас ба хуби медонистанд, ки шакли адабию маъмули калимаи «тарсак» калимахои «тарсу» ё «тарсончак» мебошад. Лекин бо ифтихор аз худ ва аз мардуми шучоъю  далер ва нотарси диёрашон «тарсак»  набуданашонро иброз намуда, чудо набуданашонро аз таъриху аз забони халки азизашон  бори дигар таъкид карданд.

Чи тавре, ки Бадриддин Хилоли гуфтааст:
«Хамеша росткорон растагоранд,
Ки гайр аз рости коре надоранд».

Харчанд, ки аз дасти котилони номард хаёти  фарзанди бузурги точикон Нурулло Хувайдуллоев  дар ин дунё фочиави кать гардида бошад хам,  номи некаш дар хотири халки азизаш абадзинда асту,  иншооллох,  у дар он дунё  растагор аст.   



М У В А Ш Ш АХ
 
Некхохиву пиндори некат, некномият,
Устуворият ба кавлу чонфидоият,
Ростгуиву вичдони покат, ростбиният,
Улфатии пурсадокат, бовафоият,
Лафзи ширину шучоъи кухистоният,
Лашкари хасмро биларзонд аз далерият…
Оллох мебошад кафили растагорият,
Хакчуё, кардам санои зиндагоният.

                25.01.2020


_______________________________

PS: Ин макола дар китоби "Аввалин Прокурори генералии Точикистон", Душанбе: "ЭР-граф", 2020, ISBN 978-99975-50-95-8 дар сах. 99-103 чоп шудааст.


Рецензии