Аз кучост зури шамол, сабри алаф? На таджикском

   
Ин асар ба амаки бузургворам ЮЛДОШЕВ ТОШБОЙ бахшида шуд, ки ракси сабзаю нолаи булбулро хуб  эхсос намуда, яке аз гулхои дустдоштаашон -  РИСОЛАТМОХРО бо дуою орзухои наку ба ман хамсафари хает намудаанд.


       АЗ КУЧОСТ ЗУРИ ШАМОЛ САБРИ АЛАФ?

                (новелла)

    Гусфандон аз харруза барвакттар катор-катор шуда аз теппа мефаромаданду ба пастии шамолпанахи пушти девори огилхона рафта пахлуи хамдигар чафс шуда, гуё чизеро интизори мекашиданд.

 «Наход борон меборида бошад? Ё аз чизи дигаре хавотир шуда бошанд?»- хайрон буд чупон, ки як пояшро ба болои санги курсимонанде гузошта, ба калтаке ду дасташро болои хам монда такя менамуд.

Ана, каторхои охирини гусфандон, ки аз акибашон саги бузургчуссае бовикор охиста-охиста кадам мемонд, ба назди огил расиданд.

Саг каме дуртар аз рама бахузур ба замин дароз кашид ва, гуё парвои чизе надошта бошад, сарашро болои пойхои пешаш гузошта, чашмонашро нимпуш намуд ва чун санги хайкалмонанде шах шуда монд…


    Чупон чомаашро аз китфаш гирифта руи санг пахн намуд ва ба болояш нишаста ба атроф назар афканда, гуё бо сагаш забон як карда бошад, низ чун хайкале бехаракат шуд…

    Муддате нагузашта боди сабуке гулу сабзахои наврустаро навозишкунон ба чунбиш овард. Чупон бо чашмони нимкушод аз ракси онхо халоват мебурд. Боди форами сабук охиста-охиста ба шамол мубаддал гашта уллоскашиаш баландтар мешуд. Чупон гох ба алафу буттахои хушкшудаи порсола, ки аз сардии шиддатёфтаистода меларзиданд, менигаристу, гох аз такдири гулу сабзахои навруста, ки бо шиддатёбии шамол раксу бозиашон шухтар мегардид, андеша меронд…

    Суръати шамол зиёдтар мешуд ва окибат сардиаш низ ба чупон таъсир намуд. Вай аз буттаи хушкшудаи порсола, ки дар пахлуяш янтоке (шутурхоре) кад кашида буду бо чилваю хиромиданхояш, гуё аз таъсири шамол ларзидану аз шохчахои шикастааш махрум гаштани он буттаро масхара менамуд, чашмашро канда, чомаашро аз болои санг бардошта таконе дод ва ба китфаш партофт. Сипас калтакашро  суи харсанги калоне, ки назди дарахти сершоху сербарги пире бовикор кад кашида буд, хаво доду рафта дари огилро кушод.

Гусфандон, гуё ин лахзаро интизор буданд, ки хама якбора баосзанон ба суи дар харакат намуданд.

    Чупон назди харсанг баргашт. Саг ба пахлуи харсанг чафс шуда, калтаки чупонро бо пойхои пешаш зер мекард ва забонашро аз дахон овезон намуда, тез-тез ва чукур-чукур нафаскашон рост меистод.

    Чупон ба дарахти назди харсангбуда такя намуда ба суи он янтоки навруставу буттаи хушкидаи порсола назар афканд. Ин замон бутта, ки дигар мачоли муковиматаш ба шиддати шамол намонда буд, аз замин бо решахояш канда шуда, бо гарду хок ва хасу хошоки дигар хамрох гашта ба хаво, ба пешвози номаълумихо парид ва бо хамин, гуё ба такдираш тан дода, чояшро ба хаёти нав – янтоки сарсабз холи намуд…

    Ба хона даромадан хамон чупон назди тиреза нишасту калам ба даст гирифт ва сахифаи холии дафтари кухнаеро кушод.

Калам ба харакат омаду устокорона ва бомаром ракскунон андешахои чупонро руи когаз овард:
   
               
                Аз кучост зури шамол, сабри алаф?



                Ман дар ин дунё агарчи то кунун

                Кардаам рузи камеро пушти сар,

                Дидаам борхо, к-аз дами боди чунун

                Мемиранд барвакт рустанихо сабзу тар.


               
                Сабзаи серреша лек аз каъри замин

                Катрае аз оби софаш чун чашад,

                Устувору сарбаланд дар руи замин

                Суи осмон бовикор сар мекашад.


               
                Меравам хар дам ба дунёи хаёл:

                «Аз кучост ин сабру токат дар алаф?

                Аз кучост ин дахшату зури шамол?»

                «Аз Худост!» - ояд садо з-ахли салаф.


                2011


Рецензии