Хаёти ибратбахши полковник На таджикском языке
Азбаски Т. Самадовро аз оѓози фаъолияти хизматиам дар Идораи корхои дохилии вилояти Ленинобод (холо Суѓд), яъне беш аз 36 сол инчониб натанхо мешиносам, балки бо ў аз рўзхои аввали шиносои муносибати дўстонаи самими дорам, дорои хислатхои начиби инсони буданашро хуб медонам. Давоми ин солхо на як бору ду бор шохиди он гаштаам, ки ин шахси дурандешу инсондўст то чи андоза бо некпиндориву некгуфтори ва неккирдориаш дар дилхои хамкорон, ёру дўстон, шогирдон, хамсоягону хамватанон ва корафтодагон чо гирифтааст. Бале, имрўз ў пурра хуќуќи маънави дорад, ки дар сўхбатхо насихатгўй бошаду ба сомеъон дар хар хусус маслихатхо дихад ва шукри замон карда ононро ба рохи рости зиндаги хидоят кунад, чунки на хама аз ўхдаи дуруст дарк намудани масъалахои пурпечутоби зиндаги мебароянду роххои халли ин масоилро медонанд. Ва ўро хуб мефахманд, зеро чун ахли хираду адаб ў хамеша панди бузургонро дар хотир дорад. Чи тавре Шайх Саъдии Шерози фармудааст:
«Агарчи пеши хирадманд хомўши адаб аст,
Ба ваќти маслихат он бех, ки дар сухан кўши,
Ду чиз тираи аќл аст: дам фурў бастан
Ба ваќти гуфтану гуфтан ба ваќти хомўши.»
Чун тачрибаи беш аз чилу сесолаи хизмати дар шўъбаи тачзиягарию криминалистии (экспертно-криминалистический отдел ё ЭКО УВД) Идораи корхои дохили дораду давоми зиндагии бобаракаташ хамеша хислатхои одаму одамгариро дар мадди аввал гузоштааст, маслихатхояш пухтаву хаётианд.
Бесабаб нест, ки соли 2001 нависандаи шинохтаи точик Ѓайрат Хаким дар бораи полковники милиса Самадов Тошмурод китобе бо номи «Ифшогари асрор» эчод намудааст, ки он дар нашриёти давлатии ба номи Рахим Чалили шахри Хучанд дар хачми 184 сахифа бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баромада, аз корнамоихои ин мутахассиси олидарача ва пуртачрибаи милитсия, ки бо роху усулхои илми дар хамкори бо дигар кормандони маќомоти хифзи хуќуќ садхо чиноятхои вазнинро ошкору чинояткоронро фош сохтааст, наќл менамояд. Бояд зикр намуд, ки ин китоб на танхо барои донишчўёни сохаи хуќуќшиноси балки барои тамоми кормандони сохаи хифзи хуќуќ як дастури методии хубест.
Вале, харчанд дар китоби зикршуда аз тачрибаи ѓании Т. Самадов мисолхои хеле диќќатангезу ибратбахш оварда шуда бошанд хам, ин ќатрае аз бахр аст.
Шахсан дар ёди ман зиёда аз навиштахои Ѓайрат Хаким боз даххо чиноятхои вазнини мураккабу пурпечутобтаринро туфайли тачзияву ташхисхои даќиќи илми ошкор намудани Самадов Т. наќш бастааст.
Масалан, парвандаи чиноиеро, ки муќобили сардухтури номдори шифохонаи вилояти Ќутфиддинов Сангин оѓоз гардида буд, ба ёд орем.
Калонсолон хуб дар ёд доранд, ки нимаи аввали солхои 80-ми асри гузашта пас аз марги сарвари Иттиходи Шўрави Леонид Брежнев ва ба сари ќудрат омадани Черненкою пас аз муддате Юрий Андропову пайравонаш дар мамлакат аз ќабили «парвандаи ўзбакон» («узбекское дело») барин маъракахои бадномкунии ходимони хизбиву рохбарони манотиќхои гуногун хеле авч гирифт.
Рохбарияти онваќтаи ИКД-и вилояти Ленинобод, ки хамон ваќт дар натичаи кўтохандешии собиќ сардори ИКД подполковники милиса шодравон И.А. Саримсоќов аз манотиќи гуногуни Иттиходи Шўрави барои гўё пурќувват намудани маќомоти корхои дохили ба вилоятамон фиристода шуда буданду ѓайр аз манфиатхои шахсии худ ба чизи дигаре эътибор намедоданд ва ба кадрхои махалли изхори нобовари намуда беэътиёна назар мекарданд, низ хостанд дар назди хочагони худ бо фош намудани гурўхи чинояткори муташаккиле аз шумори мансабдорони махалли шўхратёр гарданд.
Барои онон фарќе надошт, ки кадом бадбахте хадафашон мегардад. Мухиммаш шахсони амалдори обрўманду байни халќ овозадоре бошанд, ки пас аз сарнагун гаштанашон мардум муддати тўлони «чинояти» ононро дар кўчаю бозор мухокима намояду ба кордонии «хомиёни хифзи хуќуќ» ќоил шавад ва рохбарони болонишин ќаноатманд гарданд.
Дар хамин замина парвандаи чиноие алайхи яке аз фарзандони барўманди диёрамон, сардухтури беморхонаи вилоят, яке аз бунёдгарони ин беморхонаи замонави, ки то имрўз дар истифодаи мардум аст, - Кутфиддинов С. бофта шуд…
… Хамон рўз пагохии барваќт навбатдори ИКД – и вилоят сардори шўъбаи тачзиягарию криминалисти Самадов Тошмуродро бесаброна интизор буд. Ягон воќеаи фавќулъоддае рух додаст магар, ки сардори ИКД подполковники милиса Калужанин В.О. аз хонааш занг зада чун харваќта маълумоти чиноиву воќеоти он шаб содиршударо нею балки якчанд маротиба ба кор омадан ё наомадани Самадовро пурсон шуд.
Чун навбатдор аз ин хол Самадовро огох намуд, ў пурсид, ки сардор омадааст ё не. Ин замон сардори ОБХСС – и вилоят В. Суслов даромада омаду хурсандона, гўё бо лотарея мошин бурд карда бошад, дастони Самадовро дудаста фишурда гуфт:
- Тошмурод, ты не представляешь! Ведь он сам себе приговор подписал. Тебе осталось только констатировать подлинность бумажки…
Ин замон Калужанину Чобитько бо якдигар сўхбаткунон ба идора даромаданду ба гузориши навбатдор диќќате надода Самадовро бо худ хонданданду ба дафтари кории сардор рафтанд.
Калужанин папкаеро аз дасти чонишини сардори шўъбаи тафтишотии ИКД-и майор Чобитько В. гирифта ба Самадов дарозкунон гуфт:
- Надеюсь, тебе всё объяснили. Срочно подготовь заключение. Поторопись, а то здесь никому верить нельзя. Вообще, ты в курсе? Что обо всём этом думаешь?
Саволхояш бечавоб монданд. Аздусар ў чавоберо интизор хам набуд.
Самадов бошад бе саросемаги суханони Шайх Саъдиро:
«Аввал андеша в-он гахе гуфтор, Пойбаст омадасту пас девор»
ба ёдаш оварда, хомўшона он маводхоро гирифту ба дафтари кориаш рафт.
Фурсате пас Чобитько ва Суслов В. – сардори шўъбаи мубориза алайхи баяѓмобарии моликияти сотсиалистии ИКД-и вилоят (ОБХСС УВД области) наздаш даромаданду Чобитько вохимакунон маќсадашро ба Самадов кушоду равшан изхор кард:
- Тошмурод Самадович, не мне объяснять Вам всю важность этого дела. Оно на контроле на самом верху. Тут и без экспертизы всё ясно. Это его подпись. Но для суда нужно соблюдать формальности. Быстрее составьте заключение. Сегодня же ему предъявим обвинение… Ну, не буду мешать, поторопитесь, - гўён харду баромада рафтанд.
Тошмурод Самадов харчанд, ки дар хаячон буду аз таги гап бехабар, он коѓазхоро рўи мизи кориаш гузошта, ба даст чун харваќта пурбинро гирифту омодаи омўзиши он хуччатхо шуд ва вараќхои аввалинеро, ќи барои ташхиси таъчилии онхо хам сардор, хам муфаттиш ва хам корманди оперативи ўро мешитобониданд, аз аввал то охир аз назар гузаронида дид, ки он вараќот «хуччат» - и расмие бо номи «Накладной № 14» будааст, ки гўё ба он Сангин Ќутфиддинов имзо гузоштаасту мувофиќи он аз «Облмедтехника» ба маблаѓи 17 хазор сўм, ки он ваќт маблаѓи хеле зиёд ба хисоб мерафт, ба беморхонаи вилояти асбобу ускунаи тибби оварда бошанд.
Дар назди Самадов бошад вазифа гузошта буданд, ки хаќиќатан имзои Ќутфиддинов будани имзои дар он хуччат гузошташударо тасдиќ намояд, чунки он асбобу ускунахо танхо дар коѓаз мавчуд буданду халос.
Яъне сардухтурро муттахам кардан мехостанд, ки гўё аз амалаш сўиистифода намуда, дузди кардааст.
Барои ташхис чанд намунаи дастхат ва имзохои шахси гумонбаршуда, яъне С. Ќутфиддиновро низ пешниход намуда буданд.
Самадов шахсан ин сардухтурро намешинохт, боре бо ў хамсўхбат хам нашуда буд, вале дар борааш шунида буд, ки вай барои сохтмони беморхонаи вилояти басе чон кохонидаасту ѓамхори мардум аст ва чун мутахассиси кордон байни халќ маъруфият дорад.
Ташхиси он хуччатхоро ба касе аз зердастонаш нафармуд. Хатто ба касе аз онон нагуфт, ки чунин фармоиши махсусе аз чониби рохбарият шудаасту бояд онро фавран ичро намуд.
Ў масъулияти бузургеро хис намуда, худ ба омўзиши он мавод машѓул гашт. Пас аз муддате фармуд, ки намунаи дастхат ва имзохои алоќамандони (фигуранты) ин парвандаро барои ташхис мухайё созанд.
Аз кучо бошад, ин фармоиши ў дархол ба гўши кормандони оперативию муфаттишон ва рохбарият расида, боиси норозии шадиди онхо шуд.
Гилаву чингила ва хатто тахдидхои онхо ба Самадов асаре накард. Чунки ба гуфти шоир:
«Хамеша росткорон растагоранд,
Ки чуз рости коре надоранд».
Тошмурод Самадов басе чон кохонда тамоми он маводи барои ташхис омодашударо бодиќќат омўхт ва мўйро аз хамир чудо сохта, исбот намуд, ки он имзо имзои Ќутфиддинов не балки имзои хамшираи калони хочагидоре будааст, ки ба ин восита чандин маротиба даст ба киссаи давлат задааст...
Самадов охи сабуке кашида боз хам мисрахои безаволи Саъдии бузургворро ба ёд овард:
«Гарат аз даст барояд, дахане ширин кун,
Марди он нест, ки муште бизини бар дахане!»
Ана хамин хел туфайли кордонию часорат ва хаќиќатчўиву махорати баланди касбии сардори шўъбаи тачзиягарию криминалистии ИКД – и вилоят майори милиса Тошмурод Самадов хамон ваќт бегунохии боз як фарди ба чанголи беамони тўхмат гирифторгашта исбот шуду хаќиќат ѓалаба кард…
Дар арафаи Наврўз дўст, бародар ва хамкори азизам Тошмурод Ако Самадовро ба рўзи мавлудаш табрик кардан хостаму ният кардам дар бораи он, ки чї тавр ў моххои октябру ноябри соли 1994, ки он рўзхо мардуми шарифи Точикистон дар натичаи раъйпурсии умумихалќи сохиби Сарќонун гашту минбаъд дар асоси он сарвари арзандаашро интихоб намуд, дар нохияхои минтаќаи Ѓарм (Рашт) чун сардори гурўхи кормандони ИКД – и вилоят ба сафари хизмати рафта дар барќароркуни ва хифзи сохти конститутсионии он минтаќа хизмати арзанда кардааст, наќл намоям. Вале дарк намудам, ки дар бораи он ходисот бояд китоби алохидае навишт. Аз хамин лихоз бо шеъри бо усули мувашшах
навиштае ўро муборакбоди намуда будам, ки онро дар арафаи иди кормандони Вазорати корхои дохила - Рўзи милитсия ба ў пешкаш менамоям:
Ба Тошмурод Самадов
То замоне дар коргох бо якдигар будем хама,
Обу нон дар шоду ѓам бо хамдигар дидем хама.
Шўрихои шаккару шахди намак чашидаем,
Мехр чисту оќибат чист дар амал санчидаем.
Умри мо бехуда нагзашт, зор нашудем мо ба дўст,
Рости, ки ин замон низ хар рўзамон бо дўст накўст.
Одамият доштем мо дар кору бору зиндаги,
Доимо бинмуда ёд аз Кирдугору бандаги.
Иќтидору ќуввати моён зи дўстист то кунун,
Сарнавишти нек дорем, з-он ки дўст аст дар он сутун!
Алималлох, ки сўхбати дўстон бе Шумо хеч аст,
Мурувватхои мо бе мурооти Шумо хеч аст.
Адолатпешаги омўхтаед аз Самад бобо,
Давоми умратон низ, эй некном, пурсамар бодо!
. Абдуќаюми Мухаммадчон
Свидетельство о публикации №221012201895