Боркашон

Ба дуруг гуфтан забонам намегардад ва агар аз ишк бипурсед, бароятон як чиз мегуям. Агар садокату вафодори дар хонадон хаст, пас ишк хам хаст. Агар ин ду чизи асоси нестанд, пас онро мисоли боди дайду дар дашту даман нахохед ёфт.
Ман боркашонам. Ба ибораи дигар, ронанда ба нукоти дурафтода. Як руз пас аз сафари кори ба хона меоям. Хонумам бароям тухфаи гайричамдоште омода кардааст.
- Бас аст, Коля. Ба ман пулу дороият дигар зарур нестанд. Холо ба ном завчаат хастам. Хабар надори, вале дар канори дигарам. Ба ман шавхар лозим буд, на «ана омадаму хуш ман рафтамхои ту». Мисоли зани бахрнавард будам. Аз тухфахоят хам безораму аз хонаву кошонаат хамчунин.
Дар аввал хостам чизе бигуям, вале пасон андешидам, ки сухбатамон маъное нахохад дошт. Охир чи зарурат ба зане, ки бо викору бо икрор мегуяд: « ним сол боз маъшукаи марди дигаре хастам». Ними косаву колаашро ба хонаи ошикаш бурдасту мани гулу гаранг бехабар.
Бе чанчолу озурдахотири уро падруд гуфтам. Хонаву дорои ба номи занам васика шуд: агар писарам Ваня бо модараш дар куча меафтиданд, пас тамгаи номарди абадан дар пешонаам насб мешуд. Як хонаи дигар доштам. Якхучраги. Хона чандон бархаво нест, вале ба назари мани акнун мучаррад каср барин менамояд.
Аз гусса дилам ба майхораги мекашид. Охир токаву танхову бехамроз мондам. - Чи бояд кард? Ба наздики ман бояд ба сафари тулони бароям. – Чи кор кунам? Хисобам гуму калбу дидагонам гур барин торик. Фикру андешаам аз сохили мурод фаротар мерафтанд. Охир мардони мисоли мани чихилсола хамдаму хамнафасро дар майдони дилхуши намечуянд – ку? - Ё узви мучаррадони гурухи «Аз 30-сола боло» шавам»? – Не – не! Ин макону ин тудаи сархуш барои дигарон аст, на барои ман. Як чураам тарики Интернет бо хонуме шинос шуда буд. Баъди як мохи дароз базур аз он зани кавихайкалу горилламонанд халос шуд.
Ба карори катъие наомада, ба магоза рафтам. Баъди харидори бояд ба хона мерафтам. Аз магоза мустаким ба суи истгох шитофтам. Нигохам ба тудаи занон афтид, ки троллейбусро дар истгох рахпои мекарданд. Касдан бошад, ки як мард хам дар байнашон наменамуд. Ба хам чафс шуда, аз хунуки баъзеи онхо покуби мекарданд.
Дар майнам фикре барквор бичархид. Ба кисмати байнии навбат наздик шуда, бочасорату беибо ба суханрони шуруъ кардам: - Хонумони гироми! Лахзае тарафам сайр кунед. - Магар ман каму косте дорам? Дасту поям бе иллату чор ишкелам бутун. Мохонаам хуб аст. Майпарасту шаробнуш нестам. Дар маъракаву хурсанди беш аз як кадах наменушам. Бештари авкот дар сафарам. Бо мошинам ба шахру навохии дур меравам, вале ин маслаки ман аст. - Магар марди хона пайдокунандаи ризк нест?
- Матлабат чист?- кадом зане аз туда нидо кард.
- Зани никохи мехохам? Дар кучо уро ****, намедонам? Баъди ду руз ба сафар мебароям. Бо чунин шарту шароит касе рози бошад, далерона икрор шавад.
- Зани аввалаат кучост? – пурсон кард аз ман хонуми дигаре.
- Токати фирок надошт. Ба касбам бо нафрат нигаристу рузе бо дилдодааш аз ман рамида рафт. Хонаи алохида дорам. Занро лату куб намекунам. Хислатам чунин аст.
- Дугонахо! Охир ин домоди таппа – тайёру табъи дили кулли занхост.
Аз сухани он зан дигарон хушхолона кикиррос заданд. Интизориам тул накашид. Аз байни туда хонуми миёнакаду чашмсиёхе берун шуда, бо овози баланд гуфт:
- Ман рози.
Дукаса ба хона омадем. Маша шавхарашро талок дода буд. Бо хам унс гирифтем. Хам кайди никохи хукумати дорем ва хам рохиб хутбаи никохамонро дар калисо хондаву моро зану шавхари конуни эълон карда. Кисматамон чунин будааст. Писарамон Егор яку ним сола шуд. Фарзанди дуввумро интизорем. Машаро назди духтурон бурдам. Пизишкон гуфтанд, ки ин дафъа хам писар хохад шуд. Маша мехохад, ки писарамонро Ваня ном гузорем. Ман зид нестам. Падари ду Ваня шудан бароям ифтихор аст. – Шумо чи назар доред? Ана ин буд изхори ишкам дар истгох ва ин аст некбахтии банда.

Дальнобойщик
Александр Малиновский
Что, блин, рассусоливать? Любовь — любовь!.. Если она есть, то есть! А нету — ищи ветра в поле. Я — дальнобойщик. Вернулся домой, а она мне подарочек приготовила: — Всё, Коля, не нужны мне никакие твои денежки. Не жена я тебе больше. Ушла от тебя, с другим живу. Мне муж нужен, а не эти твои: приехал-уехал. Как морячка. Нафига мне твои подарки, квартира? Сгоряча разговоры разговаривать начал, а потом думаю: «А мне нафига это, если она уже полгода с другим живёт?». Половину вещичек своих к нему перетащила, а я и не заметил. Ушёл сам, без скандала. Квартиру оставил: с ней же наш сын Ванька. У меня вторая однокомнатная есть. Небольшая, правда, но… перетрусь. Запил было сначала. Один же! Что делать? Скоро в рейс снова, как быть? Задача! Думал, думал — ничего путного в голову не идёт. Мне что? В сорок лет по дискотекам подругу искать? Или в клуб «Кому за 30», в нафталине копаться? Не для меня. Один мой приятель по интернету себе нашёл подружку — приехала такая горилла, еле через месяц выпроводил. Ничего не придумал я. А тут из магазина с продуктами выхожу, смотрю: очередь на троллейбус. Ага, приличная такая очередь на остановке. Жмутся все, холодно. Одни женщины, как будто кто нарочно так сделал для меня. Мысль у меня высеклась. Подошёл к середине очереди и бабахнул прямой наводкой, открытым текстом: — Женщины, дорогуши! Посмотрите на меня: ну я ж нормальный! Руки, ноги — всё при мне, не дефектный какой! Зарабатываю неплохо. Выпиваю так себе: от случая к случаю. Есть недостаток: рейсы длинные, надолго уезжаю. Но это же профессия! Мужику работать надо! — Чё тебе надо-то, сердешный? — спрашивают из толпы. — Жена нужна, — отвечаю, — искать некогда мне: через два дня в рейс. Кто смелая — соглашайтесь! — А прежняя где? — спрашивают. — Нету, не выдержала моей профессии! Ушла. А квартира есть, — отвечаю. — Бить женщин не умею. Не гуляю. Какая-то пухленькая дамочка объявила то ли в насмешку, то ли всерьёз: — Бабоньки, так это ж почти идеальный жених! В толпе засмеялись, так по-доброму. И тут вышла одна, невысокого роста, черноглазая: — Я согласна. И мы пошли ко мне. Как пришли — так и живём. Маша разведённая была. Расписались, обвенчались. Судьба. Сыну Егору полтора уже. За вторым пошла, УЗИ подтвердило. Всё по науке. Решили Ванькой назвать. Так Маша хочет. Не могу возражать. У меня два сына Ваньки будут. А! Такая она — любовь-морковь.
Хикояи адиби рус Александр Малиновский




Тарчума ва тахияи Довудшохи Сулаймоншох


Рецензии