Ношукри

Хикоя
                Машав гамгин агар духтар биёби,
                Ки бо духтар бувад пайваста шоди.
Бадриддин, имруз андаке барвакттар аз падари муйсафедаш, замоне ки садои фораму борики муаззини масчиди дехаи асноашариёни Чавайдара мардону чавонони намозгузорро ба масчид мехонд, аз хоб бедор шуда буд. У паст-паст сурфида, дари сиёххонаро так-таккунон, бо овози паст суоломез гуфт:
- Ого масчид меравем?
 - Чаро не?- Хозир бачам, меоям, хозир....
  Муйсафеди Обидшох  аз тирамохи порсол то ба имруз пайваста бемор буду кампири Мохидарвоз пойвозу бемордори у. Бечора кампираш  дар ин муддат уро халилобу  мургшурбо хуронда, масчидраваш кард, вале агар у тасодуфан ягон руз ба посе, (дидорбинии зани зурьётёфта), ё чои дигар мерафту муйсафедро хаволаи ду синхораш мекард , фишори хуни у хамон руз хатман боло мерафту нолиши у боз сечанд мешуд. Кампири Мохидарвоз офтобаи пури оби ширгармро ба ташноб бурда, худ андармони чойчуши гардид. Муйсафед остин барзада, охиста-охиста машгули тахорат гашт. Зери лаб куфу суфкунон у дуое мехонду хамзамон фикру зикраш боз ба тарафи писари нозиёнаш Бадриддин рафт, вале дафъатан худро таскин дода, нимгурма гуфт: «Иншоаллох хамааш хуб мешавад. Кампирро гуфтан лозим, ки бо синхорам минбаъд ба ванчихона(хонаи чорсутунаи дорои суфахои баланд барои хоб) гузаранд. Он чо шабхо салкин. Агарчи бахори имсола сарду сербориш омада бошад хам, хафтаи охир гарм аст. Боз зан бо зан чур меояд. Се духтархои хурдии Бадриддинро янгааш Оростамох бояд зери канот бигирад. Баъдан, хам утоки хобу хам утоки бачахои Нуриддин калону бархавоянд. Ба Нуриддин гуфтан лозим, ки баъди кулба (шудгор) аз лалмазори пушти агбаи Гарданга торону чагора чинда биёрад. Харчи набошанд хам, шаш духтари Бадриддин кобулианду маззаи торону чагораи Дарвозро кам дидаанд. Ду руз пеш Шакилову Сухайлои ноздонаву хурдсол дар назди мехмонони хоричи  барои чукри чангида буданд. Он кадар гирев бардоштанд, ки Бадриддин аз рафтори духтаронаш дар пеши хоричихо як андоза кам омад. Мехмони фаронсави ба Шакило кулчаи кандин муроот мекарду хамсари у ба Сухайло шириниии когазпечеро аз чайб бароварда дод. Вале онхо ба шириниву кулчаканд ним назаре накарда, чашм аз чукриву торонхои руи дастархон намеканданд.-Шахриянд, шахри...,канди бисьёр дидаанду сабзаи кам.
Сабзавору майсавор хар шаш духтари Бадриддину Малолай дар Кобул руста буданд. Падари духтархо дар замони хукумати демократии Начибулло сохибмансаби  вазорат буд, вале дар замони  хукумати мучохидон аз кор барканору ба кавли хамкасби дигари бекораш огои Самангони «аз барги чинор бекадртар» шуд. Бадриддини бепулу пайса ба хар муассисаву идораи он вакта   сар мехалонду бенатичаву малул аз он чо мебаромад. Танхо баъди оне, ки сулх ба кишвар омаду вазоратхо ба вазифаи собики худ даст заданд, «кор ба ахли кор» тавзеъ шуд. Хамсабаку шарики чониаш Самангони дар Бомиён дар як идораи хоричии фаронсави кор ба худ пайдо кард. Мохе баъд Самангони  Бадриддинро ба Бомиён хост. Бадриддин аз рузи аввали ба кор омаданаш бо кори содиконаву бо донистани забони англиси, дар калби  раиси ин дафтари башари  огои  Мишель маъво пайдо кард. Ним сол баъд  дафтар  дар Дарвоз шуруъ ба фаъолият карду Бадриддин раиси ин идораи сохави  гашт. Тули як мох аст, ки Бадриддин хуру хоб надорад ва дар ин муддат хазорхо дехконхо аз идораи у ба тарики ройгонаву нимакарза тухмихои гандуму картошкаву сабзавот, нурихои маъдани ва нихолхои босамар гирифта,  дар хакки мудири зироати дафтар Бадриддини Обид дуои хайр мекарданд.
  Як мох пеш зану духтаронаш хам аз Кобул ба Дарвоз омаданд. Нуриддин, писари кенчаи Обидшох янгаву кудакхояшро аз шахри Файзобод то Рогистон савори мутар (мошини мусофирбар)  оварда, сипас ду хафтаи расо онхоро аспакиву харакиву пои пиёда бо сад захмату мушкилот ба Чавайдара  расонд.
    Бадриддин дар хусуси занаш чизе ба  мадараш нагуфта буд, вале ба назари муйсафед чунин менамуд, ки синхори кобулиаш обистан аст. Ростиву дурустии чашмдошти уро,  рузе, замоне ки у ба кампираш дар оташдони аловга (чои пухту паз-лафзи дарвози) кумак мекард, аз забони худи Мохидарвоз шунид:
 - Синхорам писардор шудан мехохад
 .- Нияти нек-ними давлат. Кошки, ман дар хамин даврони пири руи набераи мардинаро медидам,- алови оташдонро паст карда, гуфт Обидшох.
 - Камтолеъанд писархоям. Чор духтар Нуриддин дораду шаш духтари дигар Бадриддин,-хокистари руи нони пухтаро пуф-пуфкунон,- гуфт Мохидарвоз.
 - Агар Бадриддин писардор шавад, барзагови кулбаиамонро(барзагов барои шудгор) кушта, оши худои медихам.
 - Холо сабр кун мардак, пеш аз туй накора навохтан чи зарур.
- Не дилам гувохи медихад,ки набераам мардина аст.
 - Агар набошад-чи?
 - Чаро?
 - Ин кадар чаро, чаро мегуи мардак. Бубин, Давлатмохи хамсояамон танхо баъди духтари хафтумаш Рахмиалиро таваллуд кард. Хадичаи убаричуи Талабшоро пас аз нух духтар ба дуньё овард.
 - Холо, ба назарат писари мо хам мисоли Сарваршохи падари Талабшох баъди духтари нухумаш писардор мешавад?
 - Худо медонад? Мукаддамтар аз хама ба ман саломатии синхорам аст. Он тарафашро зинда монем, боз мебинем,- мушаввашона гуфт Мохидарвоз.
Гуфтугуи онхо бо хамин хотима ёфт.
  Муйсафеди Обидшох бараъло медид, ки Бадриддин аз беписари хуш нест. Боре чанчолакеро байни писару келинашро шунид, ки Бадриддин таъназанон  ба занаш мегуфт:
 - Аз ту факат духтар мезояду бас. Агар ман модапуштии туро медонистам, кайхо зани дигар мегирифтам.
-  Агар ман духтар ёфтам аз икболи баланди худ. Ба зан мардум чи бехтар-духтар. Холо, ки дар назарат пир шудааму майли зани дигар дори, он зан хам ба ту духтар мезояду бас ва экизаку дугоник. Ана баъд мефахми, ки модапушт манам ё ту.
Муйсафед аз теззабонии синхораш норохат шуд. Ин гуна баландпарии синхорро чашмдор хам набуд. «Кобули аст дигар, кобули. Бадриддин агар зани дарвози мегирифт, хубтар мебуд. Занхои дарвозиро  камчиншапу чубшап куни хам «лому мим»е намегуянд. Холо сазои сари писари вазифадору бомаълумотам  хамин будааст». Малолай бо васфи оне, ки кобули хам бошад, духтари як рахтшуи бенавое  буд, ки фарзандонаш дари мактабу мадрасаро надида буданд.
  Обидшох, баъди оне, ки писари хаждахсолааш озими сафари Кобул шуда буд, такдири уро ба Худо супорида буд. Он вактхо дар мамлакат чангу мухолифатхои байни куввахои хукумативу исломи нав даргирифта буданд. Обидшохи намозгузор чун пештара мунтазам ба масчид мерафт. Ду-се бор дар масчид шахсони баладу нобалад уро аз Бадриддин пурсон карданд.  Дар аввал гуш ба кари зад ва дар нихояти ичбори кутохакак гуфт:
 - Бачаам дар кадом як мадрасаи Кобул дар муллои мехонад.
 Мардумон суханони бардуруги  Обидшохро рост пиндоштанд, вале андаке  пасонтар замоне, ки як чавони шурангези шикаии тоза аз Кобул омада, дар Донишгохи зироат мухассил шудани Бадриддинро ба бошандагони дех гуфт, рузхои сиёхи Обидшох огоз ёфтанд. Обидшох мисли пештара шогирди мактаби олии давлати будани писарашро боисрор рад мекард ва бо ин амали якравонааш танхо газаби саркумандон-Ваххобхони якчашмаро зиёд мекард. Билохира, Ваххобхон, ки  кахру газабаш аз тан надодани Обидшох мисоли оташ аланга мезад, шиканчаи сабуки дигареро  ба Обидшох раво надида, фармон дод, то уро дар дохили сабади качовамонанде коим баста, аз теппаи Чавайдара ба Зангиён сарозер «чар» кунанд. Обидшохи дасту по бастаи кулулу гирех  дар дохили сабаде, ки галтон-галтон аз санге ба санге ва аз чуе ба чарие мепарид, баланд-баланд овоз медод:
 - Кушед маро худобехабархо. Хунам дар гарданатон. Писарам дар шахр мехонад. Шумо барин бесаводу гули кухгард нест. Ягон руз омада, кассосамро аз шумо мегирад.
  Сабади нимшикаста, наздик ба заминхои нимаобии Зангиён омада, аз шасти худ гашт ва бо суръати пасте ба танаи пиртуте бархурда, як кадам дуртар аз пиртут чо ба чо карор гирифт. Аз байни тудаи мардони хангомачу танхо ду муйсафеди бозахраву савобчу  чуръат пайдо карда, Обидшохи сару тан шикастаи нимчонро аз сабади нахсбор берун бароварданду бо кумаки ду бачаи хурдсол бо худ  ба Зангиён бурданд.
Як мохи баста Обидшох бемори бистари буд. Ним соли дигар маризии равони дошту ба хар рахгузари ношиноси аз пеш омада, овозашро паст карда мегуфт:
 - Писарам хукумати аст. Холо нигох карда ист, вай дар Кобул сохибмансаб мешаваду як руз мебини, ки ба Дарвоз омада, хамаи мунофиконро беобру мекунад. Суханони  Обидшохи маланг чун тире бар нишон дуруст баромаданд. Бадриддин баъди фориг шудан аз Донишгох  дар Кобул кор пайдо карда, пасонтар аз тарафи давлат дар яке аз махаллахои ободи Кобул хонаеро хам сохиб шуд. Баъди понздах соли чудои, аниктараш дар айёми тутпазу гандумдарав, замоне ки барфхои сари  куталу бандхои Тангшев як каме об шуданду аз пайрахаи нахчиргузари Дуоб як мусофири куфи ба Чавайдара омад, Обидшох кори хонаро хаволаи Нуриддин карду бо ду хамдехааш рахти сафари Кабулро баст. Баъди  ду хафтаи расо Обидшох бо хамсафаронаш гохе пиёдаву гохе савори мутар ба Кобул расиданд ва бо сад машаккати дигар махаллаву хонаи Бадриддинро пайдо карданд. Писару синхор падарро хуш истикбол карданд. Синхораш бо хушахлокиву ширинзабони Обидшоху хамсафарони бехешу беманзили дарвозиро дар хайрат монда буд. Дар чошт Малолай замоне дид, ки хусураш ба хурдани афлесун балад нест, як афлесуни пухтаи норинчиро пора-пора карда, сипас донакхояшро гирифта, дар назди муйсафед монд. Бадриддин то бевактии шаб бо падару хамдехагон чак-чак мекард, вале аз дам ба дам хамьёзакашии падари пираш рамуз гирифта, бо розхои дигари ногуфта, мачбур шуд, то ба утоки хоби худ гузарад.  Хамсафарони мондаву шалпаршудаи Обидшох даруни рахти хоби сабуку тоза, ки  дар болои колини патдори эронии  руи фарши  мехмонхонаи мучаххаз густурда шуда буд, гута зада, ба хоби ширин рафтанд.
  Аз чи бошад, ки хоби Обидшох дафъатан парид ва у боз ба фикру хаёлхои ширине рафт: « Хуб шуд, ки Бадриддин хондан омаду аз марзу худуди Дарвоз хорич шуд,  вагарна холо мисоли Нуриддин дар сиёхона хоб мекарду дар отангхои душворгузари кухистон аз думи хар мегашт. Хамин дам гапи шухиомези   ягона муаллими баъди чангхо зинда мондаи карьяашон Назар Хусайн боз ба ёди у омада буд, ки  рузе  дар сахни масчид  гуфта буд:
 - Хамин Дарвози мо собуни илм аст. Солиён агар дар Дарвоз зиндаги куни, илми андухтааатро аз такрор накардану аз набудани китобу китобхона  аз ёд мебарори.Яке мебини, ки  илмат мисоли рахти бо собун шуста шуда, - тоза шудаст. Кадом як одами дигар сухани уро кувват дода, бо овази баланд гуфт:
 - Дарвози бошу дар Дарвоз мабош.
  Муйсафед дастони тари худро бо дастпок позакунон аз ташноб берун баромаду назар ба осмон кард. Руз охиста-охиста сапед мешуд. Карья орому сокит буд. Обидшох аз  сулху  озодии кишвару мантика бо як нашъаи рухавзое нафаси сабуке кашида, лангон-лангон суи сиёххона равон шуд. То расидан ба он чо дар майнаи муйсафед як фикри касосгирона шуъла зада, у бо алам аз дил гузаронд: «Таззодро бубин, ки баъзе аз мунофикон, ки Обидшохро хоину Бадриддинро ленинбачча мегуфтанд, холо аз дасти коммунистчучаи писараш тухми гандум мегиранду ба фарзандонашон аз Шугнону Мохимай муаллим киро мекунанд. Сазои сарашон ин тангназаронро.  Тухми мардумони бодонишу фархангиро канда, диданд, ки аз дах-дувоздах муллову кориёни мадраса чизе сохта намешавад, инак ба Шугнони дурдаст рафта, муаллими риёзиву кимиёро дарвеза карда, ба Чавайдара меоранд.
  - Ого шумо омода хастед?
 - Лахзае бош писарам, то махсиямро пушам.
  Баъди намози бомдод, ду марди савобчуй бо дастархони накшини пури нону халво ба  масчид даромада,  шаш мусофири рогии заршуйро бо чойу халво зиёфат доданд. Сухбати он ду марди нондеху мусофирнавоз бо заршуёни роги диккати Бадриддинро чун оханрабо ба худ кашид.
 - Дар Рог магар тилло нест, ки шумо ба Дарвоз меоед?
 - Эх додар, мо мардумони лалмакорем. Порсол дар Рогистон  хушксолии сахте омаду кишти дехкониамон мукаммал бисухт.  Дарьёву дара дар мулк набошад, зар аз кучост. Тиллоро мо  бо захмати бисьёр факат дар хамин сангзору шагалзори сохилхои  дарьёи Ому пайдо мекунем,- дар чавоб гуфт, марди сиёхчурдаи чугинамо,ки аз афташ сардори он панч нафар заршуи дигар буд.
   - А-а, шумо хам мисоли мардумони хамсоякишлоки мо Заргариёни камоб аз тиллокори мафоди зиёде мебинеду аз кишту зироат камтар.
 - Не,чаро? Агар соле, ки бориши хуб бошад, гандуми Рог ба хама мерасад, дар хушксоли бошад вой бар холи мо.
- Барои хамин мо кухистониён як макол дорем, «ба лалмакор духтар мадех!».
 Аз шунидани ин зарбулмасал ках-кахи  рогиёну дарвозихо дар масчид якбора баланд шуд.
Бахори гулрези кухистон  тезгузару ноаён бо мардумон худохофизи кард. Тобистони гарм, ки бо буи хуши меваи тути дар богхо рехтаву дар болои боми мардумон хушкшуда, мардумонро  маст мекард,  Дарвозро ба огуш гирифт. Бадриддин чун харвакта дар карьяхо сафару гаштор дошту дар сари замин бо дехконхои вулусволи мусохибу маслихатгор буд. Аз серкори у хатто ин гузариши босуръати  бахорро пайхас хам накарда буд. Муйсафеди Обидшох гох-гох сабадхои кухнаро химчабанди мекарду бахри набераи мардинаи холо таваллуд нашудааш, исми муносиб  мекофт. «Бача дар сафар,номаш Музаффар.-Чи ном монам уро?-Шакархусайн ё Наботхусайн?-Не бехтараш Додиали ё Додагиихудо.-Не намешавад. Боз хамин мардумони мо исми мубораки набераамро пурра нагуфта, Даихудояш мегуянд.-Ё Мавлододаш ном монам?-Хамин Саидхасану Саидкозим хам хуб номанд. Хар ном нишоне дорад. Хубтараш уро Хумоюншох ном мемонам.-Ё Некпай? Ё Навид? Ё Муборакшох?-Ёфтам, ёфтам,- аз суханони базарда талаффузкардааш, пурхарос ба атроф нигаристу, сипас каф ба каф  суда, бидуни андешаи дигаре Обидшох  бо катъият дар дил гуфт: «Об дар кузаву мо ташналабон мегардем. Умрам ба поён расидааст. Чи бади дорад, агар набераамро Обидшох ном мемонам?-Обидшоху вассалом. Исми дигаре зарур нест. Бесаводу дехкони дуньёнодида хам бошам, муреро наозурдаам. На хукумати будаму на чиходи шудам. Мисоли дигар кумандонон аз хакку хукуки бенавоён суистифода накардаму манзили касрмонанди ду табака хам насохтам.На кукноркор будаму на кочокбар шудам. Аз бисоту моли  дуньё чи доштам, факат хамин хонаи урфии дарвозиву се гов ва дах сар буз бо се чериб (си сотих) замину ду богаки тутзори дигар. Ману аёлам  нону пиёз доштему пешонаи боз. Рахгузар аз дари хонаам агар гузашту шир аз ман хост, ман шири ба маскааш бурдам ва агар дугам мефармуд, ман каймок хам ба у мебурдам. Ба нони чав каноат доштаму ба тутписти аз хастут гузарони дуньё мекардам. На тег ба мардумон кушодаму на касеро захми забон задам. Беш аз ин чи хам мекардам. Панди падарро пазируфтаму зохидиву обидиро хуш кардам.  Бигузор  набераам хам мисоли ман ботаквою пархезкор ва зохиду обид шаваду ман дар он дуньёи дигар рохату осуда.
Мохидарвоз дар пинхони ду мокиву як хуруси чавонро алохида гизо медод. Боре, вакте ки мокиёни дустдоштаашро бо хурусак дар дохили шолаи холи хур медод, хучаинаш мисоли тарошаи аз бом афтида, дар наздаш пайдо шуда, уро тарсонд.
 - Занак мургакхоятро фарбех мекуни.
 - Бале, барои синхори кобулиат.
  - Ба Малолай?
- Дигар ба ки мешуд? Охир мардак бубин, Малолаи бечора ба чи мехнату захмат ба Дарвоз расид. Хамин бачаи дар сафараш фарзанди дахумаш хаст?
- Дахум?-
 - Хо дахум, шаштоаш номи Худо зиндаву чори дигарашон дар хурди фавтидаанд. Ягона умедам ба хамун момодояи точикистонист, ки дар шифохонаи Нусай аст.  Синхорамон кавихайкалу багушт аст, вале боз хам Худо нишон надихад. Валодату сад дарду тахлука гуфтаанд.
 - Иншоаллох хамааш хуб мешавад.  Харбуза ки пухт аз банд чудо мешавад.
 - Кошки. Бари ман мисоли хамун дехкони гуфтагиат хам буттаи харбуза мухим асту хам мевааш, мардакчон.
  Субхидам овози пичирросии Мохидарвоз Обидшохро аз хоб хезонд.
 - Марак(мардак) хез ба утоки Нуриддин гизар. Синхорамонро дарди валодат гирифт. Муйсафед бидуни пурсише башитоб коло бар тану салла бар сар нихода, аз хона бадар шуд.
  Бадриддин мушаввашона сигори нимсухта дар дахан, ру-руи хавли ин-су,он-су кадам мезад. Обидшох ба утоки  Нуриддин даромада, уро наёфт. Аз духтари калонии  Бадриддин пурсони амакаш кард .
 - Ба Нусай рафт. Огоям кокои Нуриддинро  барои овурдани кобилаи точикистони  ба шифохона равон кард,- бо лахни ширини кобули гуфт Шикебо.
 - Хуб кард.
 Лахзае Обидшох пушт ба сутуни хона монда, орому бехис чашм ба шифти хона духт. Баногох, гуё кайке уро газида бошад, ки у асабони даст ба гардан бурда, онро хорида-хорида бо суръати тезу дави бачагона хоричи хона шуд.
- Огочун кучо мери, чой омода шуд,- садои Шикебо баланд шуд.
 - Духтарам ман хонаи домодам Хичронхусайн рафтам. Агар огоят аз ман пурсон кард,- ба у бигуй.
  - Хуб шудаст,огочун.
Дар кунчи  хавлии Хичронхусайн духтари Обидшох Арафамох санги сиёхи дарозшакле дар даст, тути хушки Ревичи дар сангчувоз майда мекард. Падарро дар ин субхи барвакт, дар хавлии хеш дида, Арафамох саросемавор румоли калони сарашро то ба пешони фароварду бо  изтироб ба падар гуфт:
 - Салому алейкум падар.- Дар хона тинчист?
 - Тинчи.-Огои   Хичрони(ин гуиш ва тарзи мурочиат ба домодро, замоне ки хардуяшон дар Эрон муздуркори мекарданд, аз хаммазхабони эронии худ ёд гирифта буд) кучост?
 - Ба чуворимакказор ба обдихи рафт.- Садояш кунам?
 - Бале.
 Дах дакика баъд Хичрони  дохили хавли шуд. У бели дасташро ба пахлуе партофта, бо як эхтироми хоссае аз дасти хусур бусид ва хайрону хандон савол кард:
 - Амак дар хона карорист?
 - Бехи карорист.- Чой хурдаи?
 - Оре.
  - Ин тавр бошад ба айлоки тобистонаамон ба Хуфдара мерави. Кулбагови пешонакашкаамонро очилан аз айлок ба кишлок меори.
 - Ба чашм амак. Ба дав меравую ба дав меои.
 - Ба чашм.
 - Феълан Худо хофиз.
 - Худо хофиз.
  То чошт Малолай аз дарди зоидан ба худ мепечид. Аз шарми хушдоману аз тарси хамсояхои гапчин нолиш хам намекард. Дандон ба дандон мемонду мисоли мори саргалтон руи бистар мехазиду лаб мегазид. Хушдоманаш дакикае уро бо Арафамох мемонду ба берун баромада, ба пайрохаи борик, ки ба Нусай мебурд, менигарист. Аз Нуриддину кобила дараке набуд. У ба хона даромада, бо пухтани  атолаву халво худро андармон месохт, вале хар дам чумчаи ошхуриву корди ошбури аз дасти у меафтид ва Мохидарвози бечора гуш ба кимору чашм ба рох ноумеду хаста, мокувор байни хонаву хавли даводави бефоидае дошт. Як вакт садои шихаи аспро шунида, Мохидарвоз руи нахи(суфаи баланд барои хоб) хона нишаста, охи сабуке кашид. Кобила, ки Резагул ном доштаст, муносиб ба номаш як духтари резапайкар дар тан либости точикиву дар даст куттичаи дору,  баъди поин шудан аз асп саросемавор бо ду хамсоязан  холпурси карда гуфт:
 - Хонуми касал дар кучост?
  Се соат баъд аз дохили хонаи Обидшох гирьяи тифлона баланд шуд. Мохидарвоз бечуръатона ба утоки Нуриддин даромад.  Духтархои Бадриддину Нуриддинро бо бахонае ба хавли фиристода, гамгинона лаб кушод:
 - Марак синхормон духтарча ёфт. Духтарча норасиду хафтмоха будаст. Агар хамун кобилаи убаридарьёи намебуд, синхорамона  аз даст медодем.
 Обидшох  чизе нагуфта, бо пешонии пурчину дили пурандух ба берун баромад. Нуриддинро пурсон кард .
 - Ба хонаи аммаи Арафамох рафт,- дар чавоб гуфт Шикебо.
Обидшох Нуриддинро дар хонаи Хичрони  машгули чойхури дида бо ситеза гуфт:
 - Бачаам бо аспат чордастзанон ба айлоки Хуфдара мерави. Аз пеши чупони Назриали нарбузи сиёхамонро гирифта меори. Агар дар нимарох Хичрониро бубини, ба у бигуй, ки зинхор кулбаговамонро наёрад. Гови кулбаиро барои дигар кор мемонам.
 - Боба(падар ба дарвози), чи ин кадар саросемаи? - Мон, охир, араки аспам каме хушк шавад?
 - Не хамин хозир мехези. Фурсат кам аст.
 Нуриддин, ки якравии падарро медонист, дигар чизе нагуфт ва пиёлаи пури чойро монда, савори асп гашт. Сони, бо ду пои дар узангу махками худ сахтакак ба шиками Саманди шалпару аракшор зада, уро махмез дод.
    Ду хафта баъд аз айлок хабари баде ба карья омад. Назриалии чупон бо шаш сар гови мардум дар рузи чумъа, ки рузи борони буд, зери селе монда халок шудааст. Нуриддин бо чавонхои дигари карьяаашон барои овардани мурдаи Назриали ба Хуфдара рафтанд. Шарики Назриали Сафдархусайнро дар айлок гирьёну нолон ёфтанд. У бо чашмони пури обу овози ларзон гуфт:
 - Подаро аз чаро оварда дидам, ки ду барзагови амаки Обидшоху чор гуночини Шералии мудири мадраса нестанд. Назриали барои овардани онхо рафт. Дигар, ногахони борони сел боридан гирифт. Назриали говхоро пешандоз карда, наздик ба дараи куталаки Зоки, ки аз хамин  айлок намоён аст, расид. Хамин дам садои баланди селро шунида, дидам, ки сели дара Назриалии рахматиро бо хамун шаш гови бадхосияти дигар ба комаш кашид. Дигарша ёд надорам. Мардони хайратзадаву гамгин Сафдархусайнро тасалло дода,  ба чои ходиса рафтанд.
 - Нуриддин наход хамон барзаговхои харом шуда, харду аз шумоанд,- бо захрханде ба захми Нуриддин намак пошон гуфт хамсояашон Чорубкаши даханьяла.
 - Нашуниди, Сафдархусайн чи гуфт,- бо газаб гуфт Нуриддин.-Харду аз мо будаанд ва яктоаш гови кулбаиамон.
  Наздик ба сели дахшатнок расида, Нуриддин даруни лойкаи пурсанг сари пурхуни барзагови пешонакашкаашро дид. Аз сайри ин манзараи гуссабор абрувонаш кад ёзонда рост шуданд.  Ба лабонаш табассуми захромезе дамид. У оромона хам шуда сари барзагови шохшикастаашро сила кард. Сокит буд. Аз вачохати омиронааш касс чунин хулоса мекард, ки хасораро каси дигаре дидааст, на – Нуриддин! Дакикае  баъд у  як бори дигар аз Назриалии чавонмарг ёд кард. Ёд карду ду даст  ба руй бурда, зери лаб гуфт:
 -  Илохо, поко Парвардигоро чои Назриалии гурамарг чаннат куни. Рухат шоду манзили охиратат обод бошад. Омин!
Пас аз таваккуфе Нуриддин ба селаи зогони сиехи лошахур, ки болои лошаи гови дигари аз сел дурафтода афту дарафт доштанд, нигариста, - бо оханги пуристехзох пичиррос зад:
 - Лекин хамин барзаговамон хуб шуд, ки харом мурд. Ин сазои сари мост, ки бо  оши хайрот шухи кардем.
               


Рецензии
Здравствуйте, Давудшах.
Просмотрел (не прочитал)четыре рассказа. Такое впечатление, что написано на двух
разных языках - судя по алфавиту.
Да-а-а-а-а! Вы даёте.
Я так понял, что Вы в творчестве делаете успехи.
Желаю всего творческого.

С уважением. Виктор.

Виктор Колдобенков   28.01.2021 23:22     Заявить о нарушении
Добрый день Виктор. Спасибо за отзыв. Вы знаете мы часто теряем написанный материал, и , чтобы сохранить написанного на шугнано-рушанском языке я ставил их в собственную страницу. Так проще. Все это мне рекомендовал Владимир, которому я очень признателен. Вот что он пишет: "На Прозе вы можете загружать тексты на любом языке. и поисковик найдёт, если в запросе будут таджикские или шуганские слова.

Вопрос в том, что ежедневно в сети появляются многие тысячи текстов, которые читатели не успевают прочесть, ибо на следующий день появляются тысячи новых.

Для россиян Таджикистан - это как другая планета.
Пишите о своём затерянном в горах крае. Думаю, россиянам будет это интересно.

Говорят в вашей стране, только 3% равнин, остальное - горы. Как люди выживают у вас в горах?

Владимир Иноземцев   12.11.2020 13:21  

Давудшах Сулейманшах   02.02.2021 10:52   Заявить о нарушении