Муаллимахо

(Хикоя)
Агар хамаи касбу кор бо харфи хурд навишта шаванд, касби омузгор
 хамеша бо харфи калон хаст – Устод.(Нависандаи рус Николай Рерих)

  Хуснорову Гулоро аз азохона бо дили пурандуху чашми тар баромаданд. Аз нолаву шевани муаллимаи  риёзии мактаби  дехаи Воиздашт Садафмох, ки аз марги нобахангоми писари мухассилаш мисоли шохаи токи дар бахор кайчи хурда хун мегирист, онхо хеле хаставу мутаасиру дилшикаста гашта буданд. Гулорои паричехраи рахмдил ба хар нолаи «чигаробкун» и Садафмох, ки шамъсон месухту мисоли охуи захмурда бо овози гирифтаи пурнолиш фигон мекашид, хамовоз шуда, ашки чашмонашро, ки жоласон аз ду бари гунахояш мерехтанду метаровиданд, бо руймолчааш пок карда, мегиристу мегирист.
   Поёнтар аз мотамхона се - чор чавонони токии сиёху сабзранг дар сар, по ба по куфта, ру - руи барфи навборида ва гирд - гирди мошинхои мусофирбари чиноии бо номи булъачаби «Тангем» кадам зада, як сухбати махрамонае, ки хоси хамаи ронандагон аст, доштанд. Ронандагон дер рахпои накарданд. Издихоми мардону занони ба таъзият омада, аз хавли баромада, ба суи онхо шитофтанд.
   Хуснорову Гулоро ва як зани ношиноси хуфиву духтараш бо калбхои решу сархои пурдард дохили Тангем даромада, дар курсии акиби сенафара ба хамдигар чафстар шуда, чой гирифтанд. Курсихои пешро мардони миёнсоли дигар банд намуданд. Дохили мошина як каме сард буду хавои он гализ.
   Дар берун ягон - ягон барфрезахои хушк паропар доштанд. Мохи аввали зимистони имсола чандон бориш накард. « Чиллаву чил пархак» (барфи боридаи нихоят кам – лахчаи шугнони) – маколест дар кухистон. Хамин барфи боридаи тунуки «камбаракат», ки кариб хар шаб дар Рушон мебориду атрофро чу орди бехта сафед мекард, дар куху камар беш аз андоза меборид, захира мешуд ва ба лозар(пирях) табдил мегашт.
   Мошина суи Хуфу Пастев мерафт. Атроф пури барфу сохилхои Панчи камоб чо - чое ях баста. Хусноро ба берун, ба манзарахои кухистони пурбарф нигариста, парвози хаёл уро боз ба айёми навчавони бурд.  « Зимистон буд. У ягона донишчудухтар аз Ишкошим буд, ки дар курси чахоруми факултаи забони руси тахсил дошт. Дар хобгохи донишкада у хамрох бо се дугонаи шарикдарси бадахшониаш мезист. Аввалмоху Мохчон аз Рушон буданду Сафарбегим аз дехаи Спинзори Шугнон. Бистуми декабр Хусноро рузи мавлуд дошт. Дугонахояш хамон руз, чашми сахар накафида, дар ошпазхонаи умумии хобгох давутоз доштанд. Мохчон торти чашни мепухту Аввалмох оши палав. Сафарбегим мехост чизе ба у бигуяд, вале хар дафъа шармидаву хандида аз наздаш гузашта, ба у нигохи маънидоре меафканд.
   Дар сари таом акаи Сафарбегим - Дилдорбек ба утоки онхо даромад. Танхову чидди ва бо як дастагули пурнакхати садбарг дар даст. Замоне, ки Дилдорбек дастагулро ба Хусноро такдим кард, духтаронро ханда омад. Хусноро аз шиддати хаячону шарми духтарона рангпаридаву « дастларзон» хатто ба Дилдорбек барои тухфааш «рахмат» хам нагуфт.
   Дилдорбек гох - гох барои хабаргирии хохараш ба хобгохи онхо меомад. Ба гуфти Сафарбегим акааш Дилдорбек донишчуи бехтарини донишкада будааст. Шабона у дар кадом як Пойгохи илми - тадкикоти навбатдори хам мекардаст. Хохараш Сафарбегим мудом бо пулу озука таъмин буду дар пушидани пироханхои муди охир аз духтарони вазирони вазоратхо ками надошт.
   Дугонахо дар хар дафъаи хабаргирии навбатии Дилдорбек аз хохараш дар назди Хусноро уро ситоиш мекарданд.
 - Дилдорбек зардина хасту мардина, -мегуфт Аввалмох.
 - Мард аст, марди хакики. Мегуянд, ки дар донишгох баробари у касе стипендия намегирифтааст, сухани Аввалмохро нируи тозае мебахшид Мохчон...
.... Хусноро сар боло карда, тарафи Аввалмох нигарист. Хайрате тамоми вучудашро фаро гирифт. « - Ин тухфаи ногахонии Дилдорбек чи рамзе дораду чи асроре?», - меандешид бо худ Хусноро.
 « - Хамааш маълум шуд. Дилдор дил ба ту додааст. Не нагуй ба чунин ошики бо дилу захра», - нигоххои Аввалмохи афсунгару Мохчони масрур Хуснорои бечораро боз мушаввашу музтарибтар мекарданд.
   Дилдорбек хандида, бо лахни ширине кутохакак гуфт:
- Хусноро зодруз муборак. Худо кунад, ки хамеша шод боши ба монанди хамин рузат.
 - Хичолатзада хам бошад?, - ба гап кати шуд, Аввалмох.
 - Хичолатзада хам бошад майлашу лекин некбахт бошад.
 - Хамрохи ки нагуфтед, акаи Дилдорбек?
 - Чизе ки аён хаст, хочат ба баён нест. Ё гапам нодуруст, дугонахо?, - гап паррондМохчон.
   Тобистони хамон сол Дилдорбек ба хонаи Хусноро хостгор фиристод. Туйро дар деха гузаронда, Дилдорбеку аруси чавонаш ба шахр, барои идомаи тахсил рафтанд. Маъмурияти Донишкадаи Политехники ба оилаи навбунёди онхо очилан ду утоки дарун ба даруни мучахаззу ошпазхонадорро такдим кард.
   Соле пас зану шавхари чавон донишкадаро муваффакона хатм карда, ба зодгох баргаштанд. Хусноро дар мактаб ба хайси муаллимаи забони руси дар кор шомил гашту шавхараш дар шахр дар ширкати сохтмон - мухандиси сохтмон.
 ... Мусофирони хуфи дар Пастхуф фаромаданд. Хуснорову Гулоро дар мошина танхо монданд. Ронандаи чавони ширинзабони чашмкабуд тез - тез ба акиб нигариста, мегуфт:
 - Муаллимачон, мабодо сард нахурда бошед? – Ман бухории мошинамро барвакт дар кор андохта будам.
 - Не, писарам. Сард нест. Ташаккур барои дилсузиат. Худо умри дарозат бидихад.
 - Муаллима! - Апаи Гулоро! - Холо рохи сертармаи Пастевро гузарем, он тарафаш дигар хавфу хатар надорад. 
 - Писарам, хамин тармахои Пастев дар моххои февралу март мефароянд, - на дар мохи декабр.
 - Гапатон дуруст муаллима. Лекин дар баъзе холатхо дар мохи декабр хам хамин тармахои «балозадаву одамдаркаш» ногахони мефароянд. 
 - Медонам, бачам. Дар хар холат мошинатро ба эхтиёт хай кун. « Эхтиёт - ними хаёт» гуфтаанд.
   Болотар аз Пастев мошина як садои баланде бароварда, чо ба чо истод шуд. Ронанда ба берун баромада, нахуст баллонхои мошинро бо пой лагад зада, киёсан дами онхоро андозагири кард. Сипас корчомаи равганиву чиркинро ба бар карда, аз пахлуи мошина ба зери он даромад. Лахзае баъд, у бо либоси барфолуду дастони равгании сиёхгашта, сар ба Тангем халонда, маъюсона гуфт:
 - Корхо чаток. Камонии( ресор) мошинам шикастаст.
 - Ягон илочи дигар нест, бачам?
 - Не, муаллимачон. Мачбурам, рафта аз Спинзор, аз назди акаи Афзалбеки мошинсоз камонии нав харида биёям.
 - Писарам, гапи маро гуш кун. Мо кариб расидем. То Спинзор зиёди зиёд бошад хам ду километри дигар мондааст. Ману Гулоро пиёда - пиёда то деха меравем. Мушкилотатро ба Афзалбеки писари холаам мегуям. Агар у камони дошта бошад, ман бо наберааму ду шогирди дигар онро бароят равон мекунам. Дар ин рохи хароба мошинатро майдони нагузор.
 - Хуб шудаст муаллимачон. Шумоён харакат кунед. Ман дар дохили Тангеми гарм мунтазири бачахо мешинам.
   Хуснорову Гулоро ба рох баромаданд. Ним километр рохро бо захмате тай карданд.
 - Ноомади корро бубин, Гулоро. Як мошин хам аз тарафи Рушон намеояд, ки моро то кишлок бубарад.
 - Хо, муаллима. Дар фасли зимистон дар кухистони мо мошина аз тухми анко хам кимматтар....
 .... Сухани Гулоро дар дахану садои ногахониву баланди « дит-дит» и мошине  хусондаву тарсонда, муаллимахоро ба ду тарафи рох гурезонд.
   Мошини хоричии «Тоёта»и чигариранг бо шишахои торики сиёх, назди онхо истод шуд. Ронандаи сафедпусти чашмтангу газгуште бо як чавони дигаре, ки айнакхои сиёхи худро дар болои пешонааш монда буд, хандон - хандон онхоро ба мошина таклиф карданд.
 - Барака ёбед бачахоям. Илохо, хамеша нонатон гарм бошаду обатон сард. Аз пову пар мондем.
 - То кучо меред, хола, -хафи оби чавро аз дахани шишаи «Балтика» макида - макида, пурсид чавони айнакдор.
 - Спинзор меравем, писарам...Спинзор,- охиставу пурхарос гуфт Хусноро.
 - Фахмо, - магруру лаб бурма кунон, - посух дод ронанда.
Ронанда аз оиначаи болои сараш зуд - зуд ба тарафи Гулоро менигарист. Чавони айнакдор хам нияти бо Гулоро шинос шудан дошт магар, ки мургобивор тез - тез ба акиб гардан ёзонда, аз у чашм намеканд.
  Салобату вачохати Хуснорои чиддикиёфа чавононро аз гуфтор мерамонд. Нихоят, ронанда бетокат гашту аз Хусноро суол кард:
 - Хола аз кучо меоед?
 -Аз Воиздашт, бачем. Як муаллимаи хамкорамон мусибат дошт. Мо фотехахони рафта будем.
 - Баъд, шумо аз Воиздашт то ин чо пиёда омадед магар?
 - Не, бачем. То нимарох бо Тангеми шогирдам Саъдоншох омадем. - Шумоён Тангеми Саъдоншохро дар рох надидед магар?
 - Дидем уро. Саъдоншохи хафтафахмат, хола аз мо кумак хост. Мо камонии изофи надоштем. Шогирди аблахатон ба сафар баромада, сомонолоту афзори заруриашро намегирад. Як дафъаи дигар галаи гургон уллосзанон уро дар дохили Тангем халка кунанд, баъд аклаш медарояд.
 - Шогирдам гунахкор нест. Гайбро хеч кас намедонад.
 - Эх, хола, хола!
Аз суханони чавони айнакдор абрувони Хусноро ба хам гирех хурданду у тарафи Гулоро нигарист. Гулоро бо лабханди узромез суи устодаш нигариста, бо овози нимшунаво гуфт:
 - Ахамият надихед, муаллима.
 - Хола шумо магар муаллимаед?, - ба тарафи Хусноро ру гардонда, бо овози лакнатдор пурсид ронанда.
 - Бале, писарам.
 - Хамрохатон хам муаллима хастанд?
 - Аз худашон чаро намепурсед?
 - Шармгин метобад, муаллимаи зебои чавонатон.
 - Шарм точи сари зан - мардум аст.
 - Шарм факат дар бозори чарм.
 Гапхои бемантики чавонон Хуснороро беш аз пеш асаби мекард. Аз гусса дилаш боз ба дард даромад. У аз кахр муштонашро мефишурд. Лабонаш пир - пир парида, у ба чехраи Гулоро дида духт.
 « Гулорои  хурдакак шогирди бехтарини Хусноро буд. Бо Орифшох дар як синф мехонданд. Аз Донишкадаи Омузгори хам дар як вакт фориг шуданд. Баъди хатми донишкада ба деха баргашта, туй карданду пасон харду ба кори муаллими гузаштанд. Се сол кабл, баъди таваллуди духтарчаашон Зайноро Орифшох бо ариза ба назди Хусноро, ки мудири мактаби деха буд, даромада хичолатманду афсурдахол гуфт:
 - Муаллима, беш аз ин наметавонам. Мохонаи хардуи мо бо нафакаи падару модари пирам ба рузгорамон кифоят намекунад. Лихозо мачбурам, ки...
 - Руссия, коркуни рави....
 - Бале, муаллимачон.
 - Писарам. Ман шуморо аз кор чавоб медихам. Дар мухочират беш аз ду сол намон. Мехр дар чашм гуфтаанд. Занат чавон хасту кудаки ширмак дар багал дорад. Шумо бо Гулоро бамехру улфатед. Якин медонам, ки чудои аз ту ба Гулоро бисёр гарон аст...
 - Чора нест, устод....
.... - Муаллима, чанд сум маош мегири?, - овози дилхароши чавони айнакдор дар гуши Хусноро ба монанди нолаи шаголи лошахур садо дод.
 - Чаро аз мохонаам пурсиди, бача?
 - Просто так (Хамин тур ба точики). Як анекдот(латифа) дар бораи як муаллима ба ёдум расиду пурсидам - да. 
- Латифаатонро ба мо хам мегуед, ака?
 - Хап кун Гулоро. Латифаашон боз аз хамон ёваю бепардахо набошад. - Ачаб замона! Дар собик мардум дар бораи Мулло Насриддину Талхак латифа иншо мекарданду хозир дар васфи муаллима.  - Тавбаё! Аллаи нахустинро тифл аз модар мешунаваду алифи аввали алифборо муаллим ба башар меомузонад. Мутаассифона кадру манзалати зан - модар дар чомеаи кунуни коставу нони муаллим бенамак шуда...
 - Муаллима ташвиш накашед. Латифаи  чураам аз хамонхо ... холо чи гуфтед .... Ха, хамон бепардахо нест. Хуб. Набошад гуш кунед, муаллимахои мухтарам: - « Рузе рубохи гуруснае ба деха мургшикор меояд.  Ба сад хиллаву найранг дохили мургхонаи марди рустоие гашта, як мокии фарбехро нуши чон мекунад. Аз гушти як мург сер нашуда, ба дигар мургон хучум мекунад. Садои кут - кути патаррос зании мургонро шунида, марди мургдор  ба мургхона медарояд. Билохира марди рустои бо захмате рубохро дастгир карда, уро дар дохили кафаси оханин меандозад. Рузи дигар он мард  рубохи асирро ба чорсуи деха мебарад. Тасодуфан, хамон руз тамоми мардони деха дар масчиди деха як машвараи кавми доштанд. Пас аз хатми чаласа тудаи чавонону мардони хангоматалаб ба назди марди хасорадида меоянд. Марди осебдида аз хамдехагонаш дар хусуси мучозот ба рубох машвара мепурсад. Як марди борахме аз чо хеста мегуяд:
 - Чазои ин рубохи дузд он аст, ки нахуст кассоб уро бикушад. Пасон дар шикамаш кохи сафед пур кунанду дар гарданаш зангулачахои оханин биовезанд. Баъди ин кор, часади ин модарубохи маккораро дар канори дех, дар дори баланде мустахкам кунанд. Зангулачахои дар гардани рубох шадда шуда, албатта, аз вазиши бод чиринг - чиринг садо хоханд баровард. Рубахони дигар холи зори ин рубохро дида, харгиз ба дехаи мо мургдузди намеоянд.
 Дигаре гуфтаст: - Як чашми рубох бояд кур шаваду ду гушаш бурида. Баъд рубох бояд озод шавад, то ба лонаи худ бозгардад. Аз холи рубохи фиребхурда хамчинсонаш панд мегиранд ва ба вахшат меафтанду ба дигарон хам хоханд гуфт, ки одамон харгиз дуздро намебахшанд, агарчи у рубахи гурусна хам бошад.
Саввуми гуфтаст: - Дандонхои ин рубохро бишканед, то мо сохибони мургхо шабхо ором бихобем.
 Чахоруми гуфтаст: - Зеби ин модарубох думи зебои уст. Думашро катъ кунед. Чинси латиф аз зебу зиннат махрум шавад, гуссамарг мешавад.
 Мардони дигари хангомачу хам барои рубох чазохои сабуку сангин пешниход мекарданд. Иттифокан, хамон лахза як муаллимае аз назди мардон мегузарад. Вокеъаро дидаву шунида, у мутаассир мешавад ва  ба холи рубохи бечора рахмаш меояд. Румоли хешро аз сараш гирифта, назди рубох меояд. Бидуни тахаммуле бебокона румолро бар сари рубох мебандад ва мегуяд:
  - Очиза модарубохе! Махруму камхукуктар аз мо муалллимахо модарубохе! Сатри хеш ба модарубох бибахшидам, то мардон бар вай шафкат кунанду у аз кайду банд озод гардад».
 - Муаллима аз латифаи гуфтагиам наранчидед.
- Не. Латифаат бонамак буд ва як бори дигар вазъи феълии маорифро собит кард.  Танхо зан метавонад гунохро авф кунад. Рахмдиливу гузаштро мардон бояд аз занон биомузанд.
  - Муаллима аз ман наранчед. Медонам, ки шумо собикаи кории зиёд доред. Ба хар хол агар махфи набошад , мохонаатон чанд сомони хаст?
 - Мо, муаллимон сирре махфи аз чомеъа надорему сармояе нихон аз хукумат. Агар маоши маро хохи донист, - он шашсаду панчоху панч сомони хаст.
- Вох! Баъд,  муаллима бо хамин маошат чи гуна зинда мондаи? – Фуркат, ба хамаи хамин фахмам намеравад. - Охи бубин. Факат хамин магнитофони майдаяки Тоётаат дусад доллар киммат дораду маоши муаллима яксаду чил доллар хам нест.
 - Писарам, ман хамеша шукри Худованд мегуям, ки аз пушти хамин касабаам хам нон ёфтаму хам ном.
 - Эхе-е, хола. Содда набош. Ман дар чоят мебудам, бо хамин мохона харгиз ба пеши дарвозаи мактаб намерафтам.
 - Холо, мо муаллимон касбамонро тарк гуем - чи, ба фикри ту? (Хусноро аз кахр аз шумо - шумо гуфтан, якку якбора ба ту - ту гузашт)
 - Набошад - чи? - Шумо дер хам кардед, - беназокатонаву бо зарда гуфт, - чавони айнакдор.
- Ин гуна насихаткунихоро ман аз шумо барин воизон чашмдор набудам. Агар яккаписарам, Шахбозхон маро, модари панчоху панчсолаашро чунин насихат мекард, шояд ман рози мешудаму аз кори мактаб якбора ва бебозгашт мерафтам. – Медонед барои чи? - Намедонед? - Хуб. Ман мефахмонам. Барои он ки агар модараш аз кори мактаб равад хам фарзандони писарам бесавод намемонанд. Ман онхоро дар хона сабак ёд медихам. Лекин шумо .... Эх монед! - Агар хато накунам, хардуятон мардони кадхудоед?
 - Оре муаллима, - кутохакак чавоб дод ронанда.
 - Чанд фарзанд дори?
- Як писар дораму яктои дигараш дар сафар.
 - Ту чи?
 - Ду духтарча дорам.
 - Хуб. Фарз кардем, ману Гулоро кори мактабу муаллимиро тарк гуфтем. Дигар устодону муаллимон низ хамчунин. Пас фарзандони шуморо, насли навраси имрузаро ки мехононад? - Ё шумо мехохед, мо боз ба чамъияти гуломдориву феодали бозгардем? – Шояд шумо хоста бошед, ки чомеъаро саросар чохилону бесаводон сарвари кунанд. – Шумо чомеъаро чунин дидаан мехохед?
 - Не, муаллима, - бечуръатона гуфт ронанда.
 - Исто ки бачам, худат аз кучоиву писари кисти?
 - Ман, хола аз Даштакам. Мо дар Чилликул калон шудаем. Падари рахматиам як замоне мудири чамъияти матлуботи шахри Кургон-теппа буданд. Модарам аз узбекони фаргоначи хастанд..... Баъди чангхо ба ин чо омадем.
 - Ах - а! Ман аз лакнати забонат донистам , ки аз ин чо нести. Афсус, ки айёми тифливу наврасиат дар зодгохи падариат нагузашта аст. Аз оби чашмахои кухистон кам нушидаи. Нони лашаки ( чавдор ) Помирро нахурдаи. Дар мачлиси калонсолон кам нишастаи. Барои хамин хулку хавосу мафкураат дигар аст.
 - Муаллима, ана ба Спинзори нозанин расидем, -нидои шодиомези Гулоро дар гуши Хусноро мисоли чах - чахи андалеб садо дод.
 - Писарам, мошинатро дар назди мактаб манъ кун.
   Хусноро аз кисаи болопушаш ду панчсомонаро бароварда, аз кахр онхоро ба зери пои ронанда хаво доду гуфт:
 - Инхо рохкирои мо - муаллимахои бечора. Рахмат ба ту, ки моро то хонаамон оварди.
Аз шиддати хаячону газаб Хусноро бо гунахои лолагун, ачалакунон аз мошина фаромад. Ронанда аз акиби муаллимахо давида, панчсомонахоро бо зури  дар кафи Хусноро монду бо овози пур аз маъзарат гуфт:
 - Муаллима, беадабии моро бубахшед. Аз барои Худо пулхоятонро гиред!
 - Намегирам. Худо накунад ва ману муаллимахои  бечораи дигар дар мошини «бепул» и ту савор шавем. Ба ман на сухбататон маъкул шуду на чашм алокунихои шумоён ба Гулоро. Хаминро хам дониста мон, ки Гулоро аз он духтароне нест, ки булхавасу пурхасад ба сохибони мошинхои   кимматбахои шишаи сиёхдор назар кунад.
 - Муаллима...
 - Бас кун. Ман муаллимаи ту нестам ва ту барин шогирди калонкор хам надорам...
-Фуркат! - Фурик, биё. Ту чи ика занакхои дар сари чашма ба обгири омада вори « разбор» дори. Вай худаш кист, ки зорааш мекуни. Муаллима аст охи. Як муаллимаи бечораи бепул.
   Хусноро пулхои гичимшудаи дар кафи дасташро бо ситеза ба тарафи чавони айнакдор хаво дод. Баъди таваккуфе у бо садои баланд «Астагфуриллох» гуён нидо карду калавида - калавида ба суи шогирдаш Гулоро шитофт.
Ронанда, ки ширакайф будани шарикашро медонист, аз хавфи магалу садо баландкунихои бемаънои чурааш, бо суханхои хуш уро дилхуши  дода, осемасар харду дохили мошина шуданд. Тоёта дуде аз худ хорич карду вингосзанон бо суръати баланд харакат карда, аз назар гоиб шуд.
Муаллимахо мадхушу пакар ба хамдигар нигаристанд. Гулоро чобуки карда, пулхои руи барф партофтаро гирифта, мехост ноаёнакак онхоро ба чайби муаллимааш гузорад. Хусноро тез – тез нафас кашида, бо табъи кохидаву овози ларзон гуфт:
 - Гулоро, духтарам. Гапамро ба замин нагузор. Падари духтарат дар мухочират аст. Баъди як хафта Соли Нави мелоди меояд. Ба хамин дах сомони аз номи ман ба Зайноро як тухфача бихар. Агар ин корро накуни, ман аз худат хафа мешавам.
 - Хуб шудаст, муаллима. Худатонро накохонед. Ба гапи хар беадаб эътибор надихед, муаллима.
 - Наметавонам, Гулорочон. Наметавонам....
  Гайричашмдошти Гулоро муаллимаи мухтарамааш якку якбора ба гирья даромада, хиккосзанон ба кисса пардохт:
 - Ману амакат Дилдорбек Донишкадаро бо дипломи сурх тамом кардем. У мухандиси хонасоз шуду ман муаллима. У бо хонахои дар шахру маркази нохияхо сохтаааш ифтихор мекарду ман бо шогирдони аълохонам мефахридам. Холо бубин, ки хамин ду нохалафи мактаб нодидаву нохонда маро душман ба касбам мекунанд. Ман ба чои модарашон мешавам. Ба пули хароми аз кочоки маводи мухаддир ба даст омадаашон мошин харида, каттаги мекунанду маро.... маро.... муаллимаро.... Аълочии маорифро гап ёд медиханд....
Суханони Хусноро боз ба хик - хики бардавом мубаддал гаштанд. Гулоро ашки чашмонашро бо румолчааш ноаён пок карда, бо овози изтироболуд гуфт:
 - Муаллима, мардумон айб мекунанад.
 - Кани мардумон? - Кани? - Хеч кас нест - ку? Агар хозир касе сиришки чашмонамро бинад хам, ман боке надорам. Дар азохона кам нагириста будам, ки боз ин ду бемаърифати дигар маро дубора гирёнданд.
 - Мардумон набошад хам, айб аст сари рох гиря кардан, муаллимачон.
    Хуснорои хаставу гурусна очизона руи хараки истгохи сари рох нишасту бо овози гирифта гуфт:
 - Гулоро, духтарам. Лахзае пешам бишин. Аз фишори хун рагхои гарданам кариб бикафанд. Бубин, дар сари рох касе нест. Аз сардии зимистон хеч кас аз хона намебарояд, бидуни ману ту. Маро, Аълочии маорифи чумхури.... муаллимаи сустиродаатро мон, ки ками дигар гиря кунад. Аз гиря сабук мешаваму баъд хона меравем.
   Гулоро чизе нагуфта, пеши устодаш руи харак нишаст. Хуснорои аламдида, ки бори нахуст чунин бехурматиро дар хакки худ эхсос карда буд, токат накарда, сар ба китфи Гулоро монду боз ба гиря даромад.
 - Гам нахуред, муаллимачон. Поёни шаби сиёх сафед аст. Ягон руз мебинед, ки дар кишварамон боз инкилоби фарханги мешавад. Тавре ки нон дар кухистон азиз аст, мактаб хам нон барин азиз мешавад. Касби омузгори пурифтихор мегардаду мо, муаллимон,  боз шахсони муътабар мешавем, - сари муаллимаашро силакунон гуфт, - Гулоро.
 - Ман заррае ба ин шак надорам.
Хусноро мехост чизи дигаре бигуяд, вале гиряи бардавом боз гулугираш кард.
    Дар истгохи сарду сангин муаллимахо сар ба китфи хамдигар монда, мегиристанд. Шамоли сахте барфрезахоро алвонч дода, ба руи онхо мерехт. Аз барфи пахтаосо сафед болопушхои сиёху руймолхои шоли кабудранги азоии муаллимахо охиста - охиста сафед мешуданд....


  Муаллиф:  Довудшохи Сулаймоншох
 Санаи иншо:  27.02.2013 


Рецензии