Фарахманд

                Хикояи фантастики
Баъди ду мохи тармими хастакуну дурудароз як руз бонги садои мошини «Зил»-и Фарахманд дар кучахои кишлок садо доду мардум чи нишоте доштанд. Холаи Мехрафзун Худоро шукр мегуфт, ки поруи гову хокистари дар кунчи хавли туб шудаи уро акнун Фарахманд бо мошинаш ба чакалакхояш дар Паринак, ки чавдору бокилояшро кайхо  куфта, ба хона оварда буданд, мебарад. Муйсафеди Нуралишох хурсанд аз он шуд, ки сангхои дар чор чо, дар мавзеи Баржир чамъкардаи уро Фарахманд, ки ваъдаи овардани онхоро пеш аз тармим ба Нуралишох дода буду холо агар аз ваъдааш мункир нашуда бошад, меораду у ният ба хайр баъд аз Навруз ба писараш, ки дар шахр ичоранишин буд, хона месозад. Холаи Сунбулмохи танходаст бо дили пур ба хамсояи качдилаш Савсангул гуё гуфтааст ,ки Фарахманд  дар аввал бист дарза хезуми уро аз Ханевдара меораду баъдан аз паси кори мардумони гайр  мешавад. Чун аз хеш будани холаи Сунбулмох бо Фарахманд Савсангули вахони чизеро намедонист Сунбулмох боз якбори дигар аз хешии худ бо Фарахманд ёдовар шуда гуфтаст:-Аввал ёр,баъд агьёр. Бародари миёнаи Фарахманд, Давлатманди зардина, ки пойхои кутахаш базур шиками калони заминрубашро мебардоштанд, холо дар кучахои кишлок бовикор кадам мезад ва аз он мефахрид,ки пули кирояи мошини борбар боз ба кисаи додари захматкашаш медарояд.
  Се руз баъд аз хокистару поруи дар хавлии холаи Мехрафзун туб шуда нишоне намонда, сангхои дар Баржир гарамкардаи муйсафеди Нуралишох ба дари хавлии у интикол ёфтанд. Холаи Сунбулмох дар дегдон аз чуби зардбеди хушсуз нон мепухту Фарахманди дастьёрашро дуои хайр мекард.   
 Фарахманд писари хурдии халифаи(мулло) дех Алиризо буд. Аслан чадди(ниёгон) бузурги халифаи Алиризо бо ду бародари хеш се карн пеш аз шахраки  Кошони Хуросон барои таргиби мазхаби шиаи исмоили ба Шугнони Бадахшон омада дар ин чо «чойдод» у ватан пайдо карда буданд.Солхо гузаштанд, вале то хол мардумон онхоро бо мухаббату эхтироми зиёд саидхои хуросони ном мебаранд.
 Муйсафеди Алиризо марди солхурдаи нуронии хушлибос, доно ва шоиртабъе буд. Боре у дар махфиле мардумонро аз он ки чаро писаронаш номхои дарози дутабака доранд, ба шухи гуфт:-Се писарам аз саидхоянд:Саидхирадманд,Саиддавлатманд ва Саидфарахманд. Хар ном нишоне дорад. Агар тифлро Комрону Фарахманд ном гузори умри онхо бо фарах ва комрони мегузарад ва агар писарони хешро Залилу Чафою Чорубкаш ном мони онхо бидуни залиливу чафою чорубкаши чизи дигареро нахоханд дид. Дарвокеъ номи писарони Алиризо ба онхо мисоли пустпайванд хело мувофику шинам афтода буд.Хирадманд мудири мактаби деха буду шеърхояш зуд-зуд дар рузномахо чоп мешуданд. У бо васфи доноиаш марди хело чидди буд ва камандаркам табассум мекард.Хаммаслаконаш дар гайбаш  уро «хаппаки туршруяк» ном мебурданд. Давлатманд солхои зиёде мудири чамъияти матлуботи нохия буду холо у сарвари як силсила магозахои хусусиву як тарабхона дар шахр хаст. У марди миёнсоли пасткад,шикамкалон ва сабзчашму сурхруест.Аз чашмони сабзу муи зардфомаш мефахриду хамеша ба чурахои дар тичорат хамбозаш мегуфт:-Ман ориёи покам, зеро дар хунам катрае аз хуни турку арабу мугул омезиш наёфтаааст. Бадхохонаш, асосан онхое, ки аз у карз гирифта, аз ухдаи вопас додани он намебаромаданд, уро «сурхлунчаки пакана» мегуфтанд.Фарахманд камтар ба падар ,вале бештар ба тагоиаш Лутфишох монанди дошт.У чун тагоиаш Лутфишох кадбаланду шонапахн,чашмкалону тегбини ва хурмоимую пайвастаабру буд.Хамеша хушвакту масрур мегашт ва ба хангоми хандидан комхояш батамом намоён мешуданду дандонхои сафеди яклухташ чило медоданд.Аз ронандаги бо мошини шахсии худ у кам фоидаву мафод ба даст меовард ва аксари хидматхояшро мардумон бо зиёфате ва ё бо ибораи мардумони махалли «ташкили» ва ё бо рахмати калон кадр мекарданд.Худи Фарахманд ба пули додаи мусофирону точирон каноат мекарду бо табассум доимо мегуфт:-Кам бихуру гам махур.Ба мардуми нодору бекас ифтихори хидмат мекард. Дар фасли зимистон хамеша хезуму кундахои гарони муйсафеди Нафасбекро мешикасту бо «файбел»и пахнакаш боми кулбаи кампири Майдагули безурьётро аз барф тоза мекард.Бо васфи халимиву фурутани Фарахманд хам дар деха душман дошта буд ва як руз кадом як баддахоне ба у лакаби «даханканда»ро часпонда буд. Аслан дар деха ,аниктараш дар поёни дех як Фарахманди дигар хам  мезист,ки ланги модарзод буд ва уро мардумон Фарахманди «качпо» мегуфтанд. Охиста-охиста Фарахманд ба лакаби додааш тан дод,зеро лакаби « даханканда» назар ба «качпо» ба гуши у хушнавозтар садо медод.
 Хамсари Фарахманд  Донистамох зани ситорагарму хушкадду комату  окила  дар мактаби дех ба вазифаи муаллимаи забону адабиёти точик  кор мекард. Донистамох Фарахмандро бо тамоми хастиаш дуст медошт ва аз рузи аввали навхонадори то кунун яки шавхарро ду нагуфтааст.Хусури Донистамох  оилаи онхоро чун оилаи намунави ба дигархо нишон дода мегуфт:-Мухаббату самимият танхо дар хонаи Фарахманд  вучуд доранд. Писару келинам аз дахони хамдигар об мехуранд. Хар чор духтарони онхо  аълохону боадабанд.
Фарахманд доимо дар тан либоси тозаву озода дошт ва касони бо у  нобалад дар авввал хеч бовар намекарданд ки дар пеши онхо як ронандаи одди хузур дорад на кадом як мудиру на устоде. Аз беписари  дар аввалхо Фарахманд бисьёр гусса мехурд. Пасон баъди оне ки дар валодати духтари хурдиашон Шукрона кариб модараш аз байн мерафт, Фарахманд  дигар хавою хаваси писардориро аз сари  худ  бурун кард.Вокеъа чунин рух дода буд. Хангоми обистан шудани хамсараш дар дафъаи чорум у таваллуди писарро интизор буд. Донистамохро пешаки ба шифохона бурд. Баъди таваллуди тифл Донистамохи бесабр бо овози хаставу бемадор аз момодоя чинси кудакро пурсидааст. Момодояи гофил аз дарди беписарии  Донистамох  хушхолона ба у гуфтааст:-Зебосанами халвопаз муборакат бод! Хамин суханони момодоя буданду Донистамох худро  дар дуньёи дигар дид. Дурусттараш рухи аз колаб чудошудаи  у чун кабки аз кафас рамида лагжону сабук ба парвоз омад. Дар пеши назари у як гори торике бо деворхои аз мармари сиёх пайдо гашт. Муддате рухи ноороми  у дар ин гори дарози бадшакл гирдзанону муаллак парвоз кард. Баногох назари у ба чароги пурнуре афтод, ки дар охири гор афрухта буд. Донистамох бо иштиёки бекиёсе мехост хар чи зудтар ба пеши он нур бирасад,зеро он равшание ки аз он чароги тобон меомад васфнашавандаву равшантару гармтар аз нури хуршед буд. Хар кадар ба он нур наздиктар мешуд хамон кадари дигар у сабуки ва як хушхолии ачоиберо эхсос мекард. Наздик ба нур расида, Донистамох яку якбора  худро дар халкаи махлукони сафедпуше дид, ки аз чехраи нуронии хамаи онхо нур беборид. Дар байни издихоми сафедпушон хушдоманаш Шохбегимро дид ,ки хандон- хандон назди у меомад.Хушдоманаш бо илтифоти бехаде дасти уро гирифта, гуфт:- Духтарам,холо вактат наомадааст. Шогирдонат дар мактаб туро интизоранд. Писарам туро аз чон бештар дуст медорад.Фарахманди азизамро бо наберахои ширинам танхо намон. Ба назди онхо баргард. Бо дасти рости худ холаи Шохбегим Донистамохро тела дода, аз назар гоиб гашт. Донистамох чашмони худро нимвоз карда,чехраи гирифтаи сартабиб Амирбегим ва чашмони гирьяолуди момодоя Резагулро шинохт.Баъди сонияе садои баланди Амирбегим дар шуъбаи чаррохи баланд шуд:- Ба худ омад. Худоро шукр.
Баъдхо,агар шуду касе аз хешону шиносон аз беписари дар назди Фарахманд  чизе мегуфтанд, у бо як оханги пургила норозиёна ба онхо мегуфт:-Ман аз такдирам шиква надорам.Худо  духтаронамро саломат ба мо нигох дораду ману модарашонро ба онхо. Дигар аз хамон писари бангиву хароботи духтари мушфику гапшунав хазор бор бехтар аст. Ана дур наравему чиянхои худам,писарони акаам Давлатмандро бинед. Холо хардуи онхо героинкашу дарди сари авлоди мо- саидхо шудаанд.Баръакси писархо  хар се духтарони акаам  ба дигар духтарони деха намунаи ибратанд. 
Фарахманд ба мисоли саидхои дигар дарди чиянхояшро аз мардум пинхон медошт.Дар солхои аввали гумрохиашон чиянхояш Саидшамсу Саидбурхон ба нашъамандон кам монанди доштанд.Танхо дар ду соли охир, вакте ки хамин «героин»и гумном ба вилоят ворид шуд,чехраи онхо аз истеъмоли бетанаффуси героин тагъир ёфт. Ду чавони маълумоти олидори хузарбу хушчехра ноаён логариву камонкомат гаштанд.Руи зебову гулгуни онхо акнун  барфосо сафед шуда буду дар чашмони як вактхо баркпоши онхо акнун нуре намонда буд. Дар нашъамандии писархо Фарахманд бештар падари онхо Давлатманд ва камтар модарашон Мастибегимро гунахкор медонист.-Бетафовути нишон дод ,акаам.Ба писаронаш диплом харида доду рузе нагуфт ,ки онхо полезу картошказорро каланд  кунанд, ё ба бехи дарахтон об монанд,- бо як андухи гароне  хамеша дар назди хамсараш нолиш мекард Фарахманд. Падараш Алиризо аз дарди бедавои наберагонаш мисоли кундаи тари нимсухта пурдуд месухт.Боре муйсафеди бетокат,ки хамрохи Хирадманд дар мавзеи Шичозгак  мезист,  ба хонаи Давлатманд омада, дар хузури зану фарзандонаш ба у  гуфт:-Давлатманд, бачам  чаро писаронат мисоли дигар бачахои деха ба навбати пода намераванд? Давлатманд кутохакак гуфт:-Муздур дорам падар, муздур.-Медонам писарам, ки ту муздур дори,лекин аз кори хонаву рузгор наберахоямро манъ накун.Бубин Саидшамсу Саидбурхон мисоли сафедорхои навнихоли богамон кашидакомату мавзунанд, вале чун аз кори чисмони барканор мондаанд, бозуву пайкари варзишкарда надоранд.Хадди аккал онхоро ба назди Шакарбеки пахлавон бибар, ки гуштингириро ёд гиранду мисоли кампирхои шахрии гайбатгари бекора рузро дар сахни хавли шаб накунанд.-Хуб шудаст падар,фардо бачахоямро назди полвон мебарам.-Афсус, Давлатманд на фардову на дар рузхои дигар писархояшро на ба назди полвон бурду на онхоро ба кори чисмоние банд кард.Ба гуфти хамсояи девордармиёнашон Сабрали Давлатманду Мастибегим аз пулшумориву карздихиву карзчамъкуни бо мардумон ба тарбияи писаронашон хеч гох вакт намеёбанд ва нахоханд ёфт. Донистамох бар хилофи гуфтори шавхар дар тарбияи пургалати бачахо бештар модари онхоро гунахкор медонист.-Бачахо беайбанд .Дар савод онхо аз дигарон ками надоштанд. Тарбия асосан дар дасти модар аст.Дар тифли модарашон аллаи нахустинро хам ба онхо пурсахву хато замзама карда буд.
Мастибегим табиатан як зани ишратпарасту тиллодуст буд.Дар тую базмхо у ба абрувони бе ин хам пахни худ усма кашида, дафзани мекарду дар оши худоихо у халисапази мохире буд.Писаронашро аз хурди чунон нозиёну олуфта нигох медошт ,ки агар онхо дар чангу хархаша бо хамсолон бинии ягон бачаро шикананд хам, дар пеши модар «мусичаи бегунох» мемонданд.Мастибегим чандин борхо нашармида ба модари бачаи озорьёфта тутивор мегуфт:-Писаракам беайб аст.Дар аввал писари шумо ба у дарафтодасту бачам сахван писаратонро абгор кардааст.Бача дигар онхо.Холо чи кор кунам хамсоя .Инхо хар руз ба хангоми бози хамдигарро хунин мекунанду баъди соате боз бо хам бози мекунанд. Хамсояхо,ки феъли бади Мастибегимро медонистанд  дигар агар Худо нохоста дар бачачанг гуши бачаашонро бурида ба дасташ медоданд хам ба хонаи онхо шиквакуни хам намеомаданду ба милиса хам арз намекарданд ва чун аскари маглубшуда мегуфтанд:-Зур хама вакт хак хасту нозур сархам.Кор то чое расид ,ки бештари хамсояхо рафтуомадро ба хонаи онхо катъ карданд ва агар карзхои ба мардум додаи  Давлатманду хурмати халифаи Алиризо намебуданд, аксари сокинони дех дар хангоми дучор шудан бо холаи Мастибегим кучаро ба у монда, ба паскучаи дигар мегузаштанд, то чехраи бадафти уро набинанд.
Дар нашъаманд шудани бачахо «хишт»и аввалро тагои «дилсузашон» Гулмахмад ки бо лакаби Гриша маъмул буд, гузошта буд. Гулмахмад дах соли умри худро дар махбасхои Руссия гузаронда, баъди бозгашт ба зодгох чандто бачахои кучаро ба доми худ  дароварда буд. Он вактхо теъдоди мардумони нашъаманд хело кам буд.Гулмахмад хамаи инро медонист ва дар рузхои аввал тарьёкро  ройгон ба бачахо медод. Мисоли анкабуте, ки дар кунчи девори хароба бахри туъма дом менихад, Гулмахмад низ думболаи бачахои заифмичозу эркатулфор, хавобаланду пулдор мегашт ва дар лахзахои пур аз кайфу сафо наврасони беаклро ба кучаи гумрохон мебурд. Бахри у бетафовут буд,ки ду чиянаш дар пайрохаи хатои у гом мезананд. Мухимтар ба у   ин буд, ки у метавонист шумтарин ихтирои одамони карни бисту як героинро ба онхо бифурушад ва аз сандуки хохару домодаш бештар пул ба ягмо бибарад. Ба кавле у ду чияни худро мухточи героин карда, аз онхо мисоли «гови душои»пул медушид.
Саидшамсу Саидбурхон руз то руз пакару логар мегаштанд.Аз «шахрдавак»у бо тагоии «авторитету криминал» шистухез кардани онхо падару модар хавфе намебурданд.Як замон ,хангоме ки кор аз кор гузашту аз хона гайбзании пулу амвол падару модарро ба чон расонд, онхо дар тараддуди тадовии фарзандон даст заданд, вале муроде аз табобат ба даст наомад. 
Имруз чоштгох Давлатманд ба хонаи Фарахманд омад. Дар сари дастурхон Давлатманд аз сафари дар пеш истода харф зад:-Гап хамин додари азиз. Дар Мургоб нархи биринчу орд,макарону шакар боло рафтааст.Чахор магозаам лаболаб аз моланд.Фардо мошинатро бо мавод бор мекунем.Якбора аз себу нокхои богат чанд сандук ба он чо бурда савдо мекуни.Ба  Мургоб,ки расиди одами масъули ман, як киргизи точир бо номи Эркин дафъатан борро аз ту «кутара» харида, пулро ба дастат медихад.Ман бо Келдибои домодамон сим зада, аз рафтани шумо ба Мургоб уро огах кардам.-Ако охир ман тока.....-Ман бо ту рафта наметавонам. Худат медони пеш аз иди мубораки Рамазон  хар руз дар тарабхонаи шахсиам дар  шахр туй хаст ва будани ман дар тарабхона шарт аст.-Ха ногуфта намонад , дар бозгашт панч сар кутосро аз Аличур ба мошинат бор карда меори,гушт хозир дар шахр киммат.Хакки захмататро сечанд медихам.Аз масрафи бензин парво накун.-Ака ман хама вакт ба хизмататон тайёрам.Дар хизмати бародар  нукс хам агар бинам боке нест,вале ман як хохиши дигар доштам.-Бигуй хохишатро додарчон,- бо тамаллуки ба худ хос гуфт Давлатманд.-Саидшамс агар бо ман хамсафар шавад хело хуб мешавад.Чавон аст  у. Бигузор у сахтиву дуруштии сафарро бинад. Баъдан дар ягон кутал, ё рохи хароба кумакам мекардагист.-Ачаб гапе мезани Фарахманд.Ман ба чони у зору ту аз у кумак мехохи.Ду руз пеш уро бо апааш Лочувардмох ба осоишгохи Челонди бахри давоми табобат фиристодем,- охе кашида гуфт Давлатманд.-Ха,а,а...ман надонистам .Ана барои чи ман уро дар хамин рузхо хеч надидам.
Субхидам мошини пурбори Фарахманд бо гурриши баланд ва аз бори зиёд нолишкунон чанги кучаро ба хаво хезонда,аз кишлок баромад. Рузи офтобии хазон буд. Дехконхо коху дони хирманхои куфтаро ба хона мекашонданд ва заминхо аз пояи чаву чавдори дар хок монда зарди мекарданд. Дар богхо себхои охирони Тахпакмуну нокхои дерпаз ва калонмеваи сабзи сиёхфоми Каён сари шох монда буданду халос.Фарахманд аз пушти шиша гох гох ба атроф назар афканда, аз манзарахои дилфиреби поизи заррин халоват мебурд.Гуё касдан бошад,ки дар кади рох ягон мусофир наменамуд.Мошин дар хамгашти наздик ба як кишлоки серчангал суръати худро паст карда,ру ба руи истгохи сернакшу нигор истод шуд. Дар сояи ин истгох як муйсафеди айнаки вазни худро ба асои зери дасти росташ партофта, мунтазири мошин меистод.-Салому алейкум муйсафед ,ба хайр то кучо мерави,-аз мошин баромада бо муйсафед холпурсон гуфт Фарахманд.-Валейкум бар салом, бачем.Ношак меравам бачам.-Биё бобо Ношакат мебарам.Муйсафед уфу пуфкунон бо сад мушкилот дохили мошин гашт.-Бобо дар Ношак чи гум карди?-Бачаи акаамро гум кардам.-Чи гуна уро гум карди?-Дуохони меравам, бачам.Писари акаам дар Руссия кор мекард.Дар сохтмон.Дируз мурдаашро аз Маскав оварданд. Ман бадбахтона дируз дар айлок будаму аз асли вокеъа бехабар.-Худо рахматаш кунад.Бобо,чиянатон аз бемори фавтид?-Аз бемори мефавтид ба мо ин кадар алам намекард.Чиянамро куштанд.Чор зарбаи корд дар баданаш будааст. Хамон тоссархои ноинсоф,холо номашон аз замин гум шавад...-Скинхедхо?-Ха, бачам хамонхо уро кушта дар чангал партофтаанд. Ду шарики дигари худорахмати холо дар шифохонаи Маскав дар холи вазнин бистарианд.Хардуяшон аз Ношаканд.-Фахмо бобо.Скинхедхо хам ягон руз чазояшонро мебинанд, дасти росташро ба руй бурда дар хакки арвохи бачаи мактул дуохонон гуфт Фарахманд.-Кошки.Худо ба онхо руз дихаду рушнои не,-дуои бадкунон гуфт муйсафед.
Муйсафед,ки Шодмонбек ном дошта буд ,он кадар хушгуфтору ширинзабон буд,ки Фарахманд бо мошинаш ба Ношак,ки як кишлокаки майдаи зери як суфакух панох бурда буд, чи тавр расиданашро надониста монд.Рахорах онхо аз хар мавзуъ сухбат макарданд. Хангоми худохофизи муйсафеди Шодмонбек бори дигар насихаткунон ба Фарахманд гуфт:-Ба кадри чавониат бирас, вале аз пири хам андеша кун.Холо бубин ки болову поин шудан аз мошин ба ман як азоби алимест. Фарахманд ба хотири кумак ба муйсафед аз мошин поён шуда, дар хангоми видоъ дасти муйсафедро бусид.Шодмонбек даст ба дуо бурда гуфт:-Илохо сафарат бехатар, тичоратат пурбаракат ва дастат пури зар шавад. Ба хайру хуби ба манзилат бирасиву ба хайру хуби бозпас  ба хонаат биёи. Омин.
  Фарахманд  аз дуои неки муйсафед хушнуду каноатманд мотори Зилашро ба кор даровард.Сони як бори дигар ба болои годии (кузови) мошина баромада,сари шаш сандуки пури себу нокро, ки бо намади кухнае печонда шуда буданд кушода дид .Бо вачхи он ки мошина такрибан сад километр  рохро паси сар карда буд, себу нокхои  дохили сандукхо зарба надида буданд. 
Мошина  чун шамоли тезгом якмаром ба пеш метохт ва водии серчангалу пур аз маргзору шибарзори Гундро паси сар карда, охиста охиста аз рохи морпечу пурхамгашт ба фарки сари кутали Кухтезак мехазид.Фарахманд ба андеша рафт: «агар ман  худро то соати ёздахи шаб ба Мургоб,ба хонаи духтари холаам Тутиниссо нарасонам, себу нокхои дар кузов боркардаамро сармо мезанад.-Таваккал бар Худо.Холи ки шаб дар Челондех наистодам, мачбурам суръати мошинаамро тезонида хар чи зудтар худро ба Мургоб расонам,-синчакунон ба чодари торикии фуромада нигариста, дар дил андешид Фарахманд.
Водии сарду сершамол ва бедарахту камбуттаи Аличур,ки дар иртифои беш аз се хазор метр аз сатхи бахр карор дошта буд,  дар кафо монд .Акнун торикии вахмангез дар атроф хукмрони мекард. Дар дуродури биёбони баландкуху сарди Мухаммад Зохиршох ягон- ягон чарогхои мошинхои боркаши аз шахри Уши Киргизистон омада, ялт-ялт мекарданд. Назар ба накли мардумони бумии инчо гуё шохи Афгонистон Мухаммад Зохиршох дар чавониаш дар хамин мавзеъ боре ба шикори бузи кухи(нахчир) омадааст ва аз хамон руз то холо ин биёбони сухтаи камгиёх ном шохро гирифтааст.Ним соат баъд охирин мошини боркаш,ки аз самти мукобил меомад,бо чарогхояш водии баландкухро равшан карда, охиста охиста аз пеши мошинаи Фарахманд гузашта рафт.Изтироби номаълуме тамоми вучуди Фарахмандро фаро гирифту у аз дарди беписари боз ба худ печид. -Агар Худо ба ман якто писар ато мекард,  имруз ман тани танхо ба сафар намебаромадам ва дар ин рохи беохир соатшумори намекардам. –Эх, хайр,бехтараш монам ин фикрхоро. Писар дар такдирам набудасту ман бехуда гусса мехурам,-бо дасташ ба зарба ба чанбараки мошин зада нимгурма худ ба худ гуфт Фарахманд...Ин замон дар торикии атроф чашми Фарахманд ба як  лаълии ачоибе, ки дар болои теппаи канори рох овезон буд афтоду риштаи хаёлхои пургуссааш аз хам гусаста шуданд. Лаъли дафъатан макон ,самт ва шакли худро тагьир дода, рост ба тарафи Фарахманд парвоз мекард.Гирд-гирди лаъли чарогхои фурузони хафтранга мисоли тирукамони баъди борон медурахшиданд.Фарахманди аз дидани ин манзара каме осемасар мехост аз мошина баромада, аз наздиктар лаълиро тамошо кунад. Хамин вакт мошина чо ба чо ба аз кор монда, дари мошина худ ба худ боз шуд.Фарахманд ба соати дастиаш нигарист.Акрабак дар рости 10.30 дакикаи шаб бехаракат меистод.-Худоё ин чи гапу кор. Дах дакика пеш соатам кор мекарду акнун. Фарахманд хар кадар дар торики барки дастиашро мепалмосид, ба дасташ чизе монанд ба чарогаки барки намеомад.Ночор аз чайби кисааш гугирд бароварда, онро даргиронд.Бо азобе аз кабина баромад, вале аз манзараи дидааш тарсидаву хусида мехост худро харчи зудтар дохили мошина кунад.Садои махину оханине уро аз харакату рафтор мононд:-Истед, мо ба шумо зиёне намерасонем. Фарахманд пас гашт.Хаёлаш у хоб медид,вале ин хоб набуда, бедории хакики буд.Бедорие  буд, ки ба хоби сахмноку асрорангез бештар шабохат дошт.Дар торикии шаб лаъли ё ишкоби бузурге дар болои шибари маргзор чун хаймаи кучиён истода, атрофро мунаввар карда буд.Тафовути ишкоб аз хайма дар он буд,ки ишкоб пояхо ва нардбончаи фулодимонанд  дошта,гирд- гирди даври ишкоб чарогакхои сабз,сурх,аргавони, зард ва норинчи милт- милт мекарданд.Дар назди ишкоб се мард ва як зани либоси сафеди нукрагун ба бар меистоданд. Либоси онхо мушобехи корчомаи хавопаймоён буд ,вале  ачоибот дар он буд,ки кулохи сарашон ду адад симхои антенамонанди дигар доштанд. Чехраи онхо ба одамон монанд буд. Онхо чашмони калон-калони сабзгун,лабони борик, дахони майда ва бинии пучукмонанд доштанд. Хангоми гап задан лабони онхо кариб намечунбиданд.Хамчунон онхо табассум намекарданд ва мисоли кумандонон омирона фармон медоданд.-Бо мо биёед.Фарахманд аз тарс худро ба кафо мекашид,вале пойхояш ба у итоат накарда, танаи карахтшудаи уро кашида аз кафои махлукони одамсурат мебурданд.-Шумо кистед?-Аз ман чи мехохед?-Мо дустони шумоем.-Аз сайёраи Паривашем.-Пас шумо париед?-На мо пари нестем .Мо хам мисли шумо халкардаи Худоем, вале тамаддуни мо хело пешрафтаву аз заминиён кадимтар аст.-Маро кучо мебаред?-Ба лабораторияи(санчишгох) дохили ишкоб.-Маро намедуздед?-Нафахмидам,- сари калонашро ба тарафи Фарахманд гардонда гуфт калони онхо, зеро он ду марди чавонтари дигар,ки аз афташон шогирдони у буданду  ба у боэхтиромона «профессор»гуфта мурочиат мекарданд.-Маро бо худ ба сайёраатон намебаред?-Ба ин зарурат нест.Фарахмандро гуё гипноз карда бошанд,ки оддитарин хохиши онхоро рад намекард ва мутеона ба болои кати мулоими дар дохили хучраи на он кадар калон,ки шояд лаборатория бошад, дароз кашид.Профессор бо шогирдон ва он зани дигар ки ба у Хакима гуфта мурочиат мекарданд бо кайчихои фулодини тези худашон зуд –зуд аз муи сар ,ришу бурут,мижжаву абрувон ,нохунхои дасту пой як- як бахри намуна гирифта дар дохили асбобхои ба Фарахманд номаълум мегузоштанд.Сипас онхо бо асбобхои «булъачаб»и худ узвхои босира,ломиса, сомеа,шомеа ва дохиливу таносули уро муоина карданд.Замоне ки дасти Хакима ба ронхои Фарахманд расиданд, у аз шарму хичолат суп-сурх шуда як рохатеро ,ки марди кадхудо дар лаззати нихои ва  хангоми мукорибат бо завчаи худ мегирад,эхсос намуд.-Бо инхо аз дусар барнамеояму дахани пушидаам сад тилло.Бигузор гиранд чизи даркориашонро.Аккалан инсоф карда маро накушанд, шуд. Чун навбат ба гирифтани хуни у омад Фарахманд норозигии хешро баён карда гуфт:-Ман бахри шумо заргуши озмоиши нестам.Ичозат гирифта, бо ман рафтор кунед.-Шумо аз чи дар харосед?-Ман намехаросам.Ман такозо дорам.-Мо дар аввал ба шумо гуфтем,ки ба чисму чони шумо осебе намерасонем.Ин як чизи хурду реза аст.Мо бо хамаи нажодхои заминиён тамос гирифтаем.Танхо аз нажоди ориёи бахри тачриба аз чисми шумо нусхаву намуна мегирему халос. –Ана инро аввал аз ман бояд мепурсидед?-Шумо бехуда асаби нашавед.Ба наздики тамаддуни сайёраи мо бо тамаддуни сайёраи шумо яке хохад шуд.Ба шумо заминиён холо ками дигар вакт лозим аст,-гуфт оромона Профессор.-Профессор ,аксари сперматозоидхои нутфаи фарди озмоиши зиндаанд ва дар узвхои у мо ягон осебу дарду нуксеро пайдо накардем,-садои сарду борику чарангосии шогирди калонтари Профессор,ки Кашшоф ном дошта буд, баланд шуд.-Вох- вох, чи некбахтие!-Мухбири Алокадор маро зудтар бо марказ васл намо,-фармон дод Профессор.-Садои винг-винги дастгохи мухобирот баланд шуда ,баъди сонияе овози мардонае ба гуши Фарахманд расид.-Профессор  бифармоед.Мавкеияти шумо дар кучост?-Боми Дуньёст мавкеияти моён.-Аз дастовардхои худ маълумот медодед?-Айни замон ходимони илмии мо як фарди ориёинажодро зери тахкикот карор додаанд.Рамзи шартии у О-1 аст.У марди сиву панчсолаи  мешчашму хурмоимуй аст.Чехраи хушнамуди макдуниёна дорад.Пайкараш варзишкардаву мутаносиб аст ва ягон узви баданаш осебе надидааст.Хамаи сиву ду дандони у бечирму солиманд. –Гемоглобини хуни  уро ташхис кардед?-На хайр.Холо ба ин фурсат нашудааст, вале аксари сперматозоидхои нутфаи у зинда ва кобилияти бордоркунии(илкои ) фавкуллодаи баландтаъсир  доранд.- Чи хушбахтие!-Ин барои тамоми  сокинони саёраамон муждаи нек аст.Акнун мо метавонем насли саёраамонро ,ки баъди таркиши атомии   нобахангоми охирон махву мариз шуда буданд, аз нав эхьё намоем,-садои марказ гохе пасту гохе баланд мешуд.-Хакима боз чи навиде доред ,ки онро ба марказ барраси намоем?-Профессор, мо бояд гемоглобин ,пешоб ва маводи гоитаи О-1 ро дакикан санчем.Пасонтар бо марказ дар алока шавем ,бехтар нест,-суоломез ба Профессор нигариста гуфт Хакима.-Марказ,марказ.Бинобар масруфияти ходимони илми то лахзае мухобиротро катъ хохем кард.-Мушкиле нест.Мухим он аст,ки шумо аз нажоди ориёи марди солиму закиро пайдо кардед ва  сперматозоидхои  нутфаи у барои солим гардондани  генофонди маскунони сайёраи азизамон чун обу хаво зарур аст. Фаромуш накунед, ки шумо барои дарьёфти каламахои пайвандии мевахои бехтарини замини ин рохи саъбулубурро пеш гирифтаед.-Итоат марказ.Мо бахри хидмат ба  тамоми сокинони сайёраи Париваш содикем ва агар лозим бошад чони худро нисор хохем кард.-Барори кор.Худо хофиз.-Худо хофиз.
  -Бародарон ва хамшираи гироми аз сайёраи Париваш.Ман аз шумоён як такозои дустона дорам. Агар такозои маро пазиред шумо  баъдан метавонед хуни маро ташхис намоед.-Бифармоед бародар.Хушу гуши мо ба суи шумо,-каноатмандона гуфт Профессор.Шумо ин кадар ориёи-ориёи гуфта, дар  тачрибаву озмоишхоятон маро як нафари дурусту солим интихоб кардед, вале шумоён намедонед ки дар ватани Ориёихо-Афгонистони пур аз оху афгон бангу хашхош кошта мешавад ва бисьёр мардумони ориёиву гайриориёи маризу мубталои бангу кукноранд.Танхо дар хонадони ман ду чиянам,яъне ду писарони  нозанини бародарам, ки агар кур онхоро медид бино мешуд ,алъон героинкашанд.-Ин дахшат аст.Аз шумо хохиш мекунам муфассалтар шарх дихед.-Шархаш ин аст ,ки хар растани бо реша зинда аст.Агар решаи растани аз захр гизо гирад, табъан меваи он захрнок мешавад.Решаи захру бадбахти дар заминхои вилоятхои Нангархору Кандахор Хилманду Бадахшони Чумхурии Исломии Афгонистон аст. Хуллас, он чое ки бангу хашхош кошта мешавад.Пас шумоён,ки аз як сайёраи бисьёр пешрафта хастед, ба хама чиз кодиред.Оё олимони сайёраи шумо наметавонанд як микроб ё ягон вирусеро дар санчишгоххо  ба даст биоранду он микроб ё вирусро ба сайёраи мо ,аниктараш ба заминхои дар Афгонистон  кукнору бангдона кошта интикол  дода, хамаи бангдона ва кукнорзорхоро хушконанд ва мардумони моро аз ин балои бади охирзамон начот диханд.-Фикри оличаноб.Мо бояд заминиёнро аз ин бадбахти начот дихем.-Ваъда медихед? Чаро не?-Ин тавр бошад савдоямон пухт. Ман барои гирифтани хуну тачрибахои озмоишиатон тайёрам.-Яъне шумо рози хастед,ки  мо дар тачрибахоямон аз шумо чун аз   заргуши озмоиши истифода кунем ?-Бале розиам.-Профессор аз тачрибае ,ки хангоми тамосу вохурихо бо заминиён доштам, О-1 ягона нафарест, ки тайёр аст худро барои некбахтии сокинони сайёрааш курбон кунад,-охиста ба гуши Профессор гуфт Хакима.-Гап дар сари он аст ,ки у аз нажоди ориёихои асил аст ва максади марказ низ ин аст,ки насли сайёраамон бештар бо ориёихо омезиш ****д,-дар чавоб пичиррос зад  Профессор.
Кариб ним соати дигар ташхису тачзияхо давом карданд.Хангоми хушбоши профессор даст ба китфи Фарахманд монда ,гуфт:-Бепарво бошед.Баъди бозгашти бобарор ба сайёраамон мо дар сари мушкилоти умдаи заминиён кор хохем кард, чаро ки мо аз як чавхарем ва дарди шумо дарди мост.-Яъне ,-Бани одам аъзои якдигаранд,-Не ,-Бани махлук аъзои якдигаранд,-Фарахмандро ислох карда гуфт Профессор.Сипас рост ба каъри чашмони Фарахманд нигариста, Профессор бо як бовариву катъияти комил суханашро идома дод:-Мохи чавзои соли дигар аз тамоми бангу хашхоши дар заминхои Афгонистон кошта чизе намемонад, ба гайр аз номи шуми онхо.Шумо як марди некхохед ва  мисоли лаъли Бадахшон бехамто хастед.Ба мо хело хуб хидмат намудед.Вазъи саломатии шумо пас аз як мох хуб мешавад.Мо баъзе аз лахзахоро аз хотираи шуморо зудудем ва ин фоидаи тарафайн аст.Шумо дусти мо хастед ва ин сирри махфии рафиконаи мо аст. 
Садои хуштакмонанди пасте ба атроф танин андохта, ишкоби асроромез бо чарогакхои сехрнокаш аз назар гоиб гашт. Фарахманд худро дар сари чавки мошинаш дид.Мотор худ ба худ ба кор даромад ва Зили Фарахманд вингосзанон ба пеш ба самти рохи мумфарши шинос хазид.Ними шаб шавхари Тутиниссо Келдибои киргиз садои шиноси мошинаи Фарахмандро шунида, дукаса бо завчааш дарвозаи дутабакаи хавлиашонро ба руи мехмони шабаки боз карданд.-Салому алейкум хохару домоди азиз.-Валейкум бар салом.Хуш келибсиз Фарахманд,-бо чарогаки дастиаш пеши рохи Фарахмандро равшанкунон,- гуфт Келдибой.- Ман хело хастаам.Келдибой-ака илтимос сандукхои себу нокро дар дохили хона монед,вагарна онхо дар болои кузов ях мабанданд.-Парво накунед ,ман хозир ду писари калониамро аз хоб хезонда хамаи корхоро тахт мекунам. 
Фарахманд ба мехмонхона даромада, сустии по ва миёнро эхсос намуд.Болои курпаи мулоими назди бухории тафсон густурда качпахлу зада охиста- охиста худро дар гирдоби дарьёи бехуши гаркшуда медид. Чонхавлак мехост аз болои курпа бархезад,вале муроде хосил нашуд.Ин дам садои изтироболуди Тутиниссо ба гуши Фарахманд расид:-Му виродик суст сут.Келдибой тезди я(Бародарам бехуд шуд .Келдибой тезтар биё(шеваи шугнони)).
Баъди бехушии якруза табибони шифохонаи нохия Фарахмандро бо мошини ёрии таъчили ба шахр оварданд.Зили Фарахманд бо бори носавдокарда дар хавлии Келдибой,ки одами мутмаин буд, монду Фарахманд як мохи дароз дар шифохонаи вилояти бемори бистари гашт.Ачибаш ин буд,ки у акнун бештар ба беморони шифохонаи беморихои рухи шабохат дошт.Шабхо харорати баданаш баланд мешуду у варсоки мехонд. Дар хангоми хазьёнхонихои бемаъни у сухан аз махлукони сайёраи Париваш мекарду табибонро механдонд.
Донистамох аз коста гардидани вазъи саломатии шавхараш руз то руз  мушаввашу дилтанг мешуд.У якин медонист,ки шавхараш дучори кадом як садамаи сахте шудаст,зеро у дар тули зиндагии дувоздахсолааш бо Фарахманд аз дахони у  ягон сухани бемантику подархаво нашунида буд.Як руз Донистамох дар долони шифохона  бо духтури равоншинос Мухсинхони Химматзода ,ки бо у риштаи хеши дошту ба аёдати бемор омада буд, вохурда, аз вазъи саломатии Фарахманд ба Мухсинхон арз кард. Донистамох дар ин як мох он кадар обу адо шуда буд, ки дигар токат накарда дар пеши Мухсинхон гириста монд.-Хамааш хуб мешавад, духтарам. Фарахманд чисман бокуввату чавон аст.Ман барин доскомату   шастсола нест,ки шумо ин кадар вархатову(аслан борхато(шеваи кухистони))сиришк дар нуги мижжа гаштед.Фарахмандро се сеанс гипноз мекунам. Пасон уро солиму комил худам аз шифохона бароварда ба хонаатон меораму шумо аз ман як зиёфат карздор мешавед,-нимшухиву нимчидди гуфт Мухсинхон.-Зиёфат чи. Хамон кутоси(хашгов) шашсолаамонро аз Суманкул оварда, хадьяатон мекунам тагои,- аз хушхоли ашки чашмонашро ноаён тоза карда бо овози ларзон гуфт Донистамох.
Суханони пуртаъсиру умедбахши Мусинхон ба дили Донистамоху хешу табори Фарахманд як нируе тозае бахшиду Донистамох то муддате гирьяву зории худро бас кард.
Як руз Мастибегим ба аёдати Фарахманд омад.Гирьяву бекарориии Донистамохро дида Мастибегим ба чои дилбардори аз сафсатагуиву хазьёнхонии Фарахманд табассум мекард ва бо табассуми худ гуё мегуфт: «Хайфи умрат Донистамох.Ту бо васфи муаллимаи савияи аввал буданат ба хамин ронандаи бемаълумот шу карди. Холо аз бемордориву сафсаттагуии у рузат шаб мешавад. Ба хангоми хестан Мастибегим бо хандаи ночо дандонхои тиллояшро ба Донистамох нишон дода гуфт:-Фарахманд бо ришу муйсари расидааш каландару  Мачнуни таппа тайёр шуда мондаст.-Вай Мачнун шуда бошад ман Лайлояш хастам.Баъдан дар ришу муйсари расидааш бародараш Давлатманд гунахгор аст на ман.Тули як мохе ки Фарахманд дар шифохона бистарист, Давлатманд хамаги ду бор аз холаш хабар гирифтааст. –Эх дугона. Кош Давлатманд бекора мебуд.Давлатманд ба тозаги  ширкати хусусиашро дар шахрхои Ушу Хучанду Душанбе  таъсис дод.Холо мани бечора шабхо уро дар бистари гарми хобам хам намебинам,-мастона хандида гуфт Мастибегим.-Агар Фарахманд медонист,ки у фоидае аз тичорати моли бародар намебинаду баръакс саломатиашро аз даст медихад,у хеч гох ба сафар намебаромад,-бо гуссаи гулугир гуфт Донистамох.-Хайр холо чи кунем.Такдир хамин будааст,-бепарвоёна гуфт Мастибегим ба хангоми хушбоши.Донистамох дигар чизе нагуфт.Медонист,ки бо ин зани забонбоз у хеч гох муросо карда наметавонад.
Хафтае баъд Мухсинхон Фарахмандро се бор гипноз кард.Дар гипнози нахустин Фарахманд вохурии худро бо махлукони сайёраи Париваш бо чузъиёти тамом ба Мухсинхон накл кард.Баъди сеанси охирин Фарахманд одами тамоман дуппа-дуруст ва солиму бардам аз шифохона баромад.Ба хар касе ки аз у дар бораи махлукони сайёраи дигар пурсон мешуд у кутохакак чавоб медод:-Ман бо онхо вонахурдаам.Мошинаи ман дар рохи Мургоб дучори садама гашт ва майнаи сарам каме зарба хурд.Худоро шукр ,холо хамааш паси сар шуд.Ду руз баъд писари Хирадманд Саиднизор хашгови шашсоларо бо мошини кироя аз Суманкул бор карда, ба назди дари хавлии Мухсинхон овард ва бо тухфаи овардааш Мухсинхонро ба газаб овад.Мухсинхон мисоли дарьёе,ки дар солхои сербориш аз сохил баромада бошад пуршуру пуртугьён расани дар сари шохи хашгови вахшисурат бастаро гирифта ба хонаи Фарахманд  овард ва бо як асабонияту оханги пур аз озор ба Донистамоху Фарахманди хайратзада  гуфт:- Фарахманд аз икболи баланди тифлаконаш,ки бегуноханд шифо ёфту аз дуои хешону дустонаш.Агар аз чони ин хашговатон безор шуда  бошед, онро кушта ба мардумон оши худои дихед.Ман ягон чизеро аз хонаатон намегирам ва хидмате ки ба Фарахманд кардам, ба домодам кардам, зеро Донистамох набераи амаам хаст. Бо хидояти муйсафеди Алиризо хашговро хамон руз кушта, халиса пухтанд ва тамоми ахли дехаро ба хайрот хостанд. Ба неву нестони Мухсинхон нигох накарда, муйсафеди Алиризо аз огили  худ як сар модабузи сершири асмориро баровада, бо ду дасти адаб ба Мухсинхон супурд.
Дах-понздах руз пас Фарахманд хар пагохи гирд-гирди майдончаи варзиши назди мактаби деха медавиду дар сими давр (турник) худро алвонч дода, машк мекард. Мухсинхон тез-тез Фарахмандро хабар мегирифт.Бештар вакт онхо мехостанд танхо ба танхо сухбат кунанд.Донистамох инро медонист ва хангоме ки тагоии  Мухсинхонаш ба хона меомад у  кушиш мекард, ки бо духтаронаш дар махфили онхо набошанд.Аз ин сабаб у ба мехмонхона ба назди онхо кам  медаромад. Боре у дастурхонро  гундошта аз мехмонхона баромад,ки садои паст –пасти Фарахмандро шунид, ки мегуфт:-Онхо ба ман гуфтанд,ки муъчизаи худро дар мохи чавзо ,яъне мохи май нишон медиханд.-Амаки Мухсинхон, агар онхо ба ваъдаи худ вафо кунанд, дар мохи май дар Афгонистон ягон буттаи бангдонаву хашхош солим намемонад.Хамаи заминхои бангдонаву хашхош кошта сурху аргавони хоханд шуд.Маризиву мараз аз байн меравад.Тухми фасод канда мешавад.-Дуньё ба умед,ноумед шайтон.Иншоаллох хамон руз саъдтарин рузи башар хохад шуд,-файласуфона гуфт Мухсинхон.-Таваккал бар Худои ягона.
Бахори гулрез имсол назар ба солхои дигар ба Бадахшон дертар омад ва сабаабаш шояд барфбории бехад дар фасли зимистон буд.Новабаста ба ин дар рузи нухуми май –рузи галаба бар фашизми Олмон боготи  дехаи Вархзор гарки гули зардолу буданд.Фарахманд аз субхидам то шом дар боги себу нокзораш машгули кор буд ва танхо  вакти говгум ба хона омад.Донистамох хомушона хуроки шомро дар пеши Фарахманд монда, вазифаи хонагии духтараш Фарахнози хаштсоларо ба у мефахмонд.Телевизори ранга ахбори чахонро нишон медод.Ровидухтари зебочехраи садафдандон ахбори дуньёро гохе азьёд ва гохе аз когази руи миз буррову баланд мехонд:-Хаводорони гиромии барномаи ахбори чахони телевизиони Хуррамобод! Тибки маълумоти фаврии аз шахри Кобул ба мо расида мазраахои бангдонаву хашхош дар вилоятхои кукноркори Чумхурии Исломии Афгонистон мубталои маризии вирусии номаълуме гаштаанд. Ин вирус дар решаи ин рустанихо чойгузин гашта, то гулкуни наботро мехушконад.Хушбахтона ин маризи хоси хашхошу бангдона буда, ба дигар зироатхо осебе намерасонад.Айни замон олимон дар тахкики ин маризи масруф буда, тамоми муассисахои башари ба дехконони хасорадида кумаки аввали,аз он чумла тухмии сабзавот ва галладонаро ба таври ройгон тавзеъ менамоянд.-Худоё,фарах омад фарах.Онхо дуруг нагуфтаанд ва ба ваъдаи худ вафо карданд.-Кихо?-Ту чихо мегуи?-Кихо,кихо.....боз кихои дигар мешуданд.Албатта хамон дустонам аз сайёраи Паривашанд, ки  ба мо заминиён кумак карданд.Чонакам, навакак ровидухтар гуфт,ки тамоми хашхошу бангдонаи дар Афгонистон кошта шуда, мубталои маризи гаштаанд.Акнун онхо гандуму сабзавот мекоранд.Хашхош ки гум шуд героин гум мешавад.Саидшамсу Саидбурхон охиста-охиста ба по мехезанду одамвор зиндаги мекунанд.Гаму андух гум мешавад. Шодиву фарах насиби хамагон шуд.-Рост гуфти азизам. Ба хакикат ин суруру хушбахти ба хама аст,-аз ахбори шунидаву аз гапхои Фарахманд моту мабхутмонда,- бо хаячоне гуфт Донистамох.Панч дакика пас садои телефони хонаги садо доду Фарахманд бо дастони ларзон гушаки телефонро бардошт:-Салому алейкум домоди азиз Фарахманд.Иншоаллох шумо бо ахли байтатон саломат хастед. Ахбори чахонро диди? Валейкум бар салом амаки Мухсинхон.Моён хама сихату солимем ва саломатии ахли оилаатонро орзу дорем. Навакак ахборро тамошо кардем.-Ин тавр бошад хушхабар ба шумо муборак бошад. -Бар шумо хам амаки Мухсинхон ин навиди хуш муборак бошад .Фарахманд мехост чизи дигареро бигуяд ,вале ашк гулугираш намуд.
Шаб Донистамох ду бор бедор шуда, дар партави нури чароги руи мизи ба чехраи Фарахманд нигариста, набзи уро палмосид. Набзи Фарахманд оромона мезад ва лабони у дар хоби шаб моил ба табассум шуданд. Аз чехраи мардонаву зебои Фарахманд маълум буд,ки у  имшаб фарахи хакики дошт.


Рецензии