Шева бо фирдавс дорад хамсари

Аглаби сокинони Точикистон, ба истисно аз сафи ками олимони чугрофидону забоншинос ва афроди ангуштшуморе бо номи саёх  дар робита ба Шева ва мардумонаш маълумоте надоранд. Дар  мавриди каммаълумоти дар хусуси Шева аз сокинони Точикистон  набояд гилае кардан, бад он далел, ки хангоми сафар ва дар аснои пурсишу вохурихо бо мардумон дар Чумхурии Исломии Афгонистон аз онхо дар иртиботот  ба Шева ё хеч маълумот намегирифтам ва ё агар маълумоте ба даст меовардам, он сатхиву пуриштибох буд.
Навиштахои ин кайдномахои сафарамро аслан ман дар шахраки Бахорак, баъди боздид аз бозори он руи когаз овардам. Субхи бистуми  мохи июни соли 2008, баъди ношто ману хамсафаронам ихтиёри сайри бозори Бахорак доштем. Инак, дар чорсуи шахр, бозор ба чор тараф, руи кучахои асливу фаръи доман густурда, дукондорони субххез дасту остин барзада, мунтазири харидорон наздики рохрави байни дуконхо нишаста буданд. Мо сайркунон аз гузар ба гузаре ва аз раста ба растае мерафтем. Яхмосфуруше  барфу шири бо шакар омехтаро мисоли нонвои хамирхел муштборон мекард. Хамкорам Мачнун аз Хоруг, ки бори аввал бо усули дасти тахия кардани яхмосро (ширях) дида буд, хайрон-хайрон аз яхмосфуруш пурсид:
 - Бародар, барои тахияи ширях барфро аз кучо меоред?
- Албатта аз Шева. Дар ин тамузи тобистон барфу ях дар чои дигаре пайдо намешаванд, магар дар Шева.
Онсутар рафта бакколеро дидам, ки дар ташти калон чагора(корчи сафед) мефурухт. Дар мохи июн савдои чагораро дида, хайратзада аз фурушандаи он пурсон шудам:
- Ого, чагораро аз кучо овардаед?
 - Феълан чагораро танхо аз адирхои мартубу баландкухи  Шева меорем.
 Ба растаи кассобони гуштфуруш расида, аз дидани савдои муназзами гуштфурушон халоват бурдам. Гушти фуруши хел-хелу катор–катор сари чангакхои оханин овехтаву бо дока печондаги, ба назари кас нав кассоби шудаги барин менамуд. Каллаву почаи чорпоёни кассоби шударо кассобон, дар ташту тагорахои бузурге дар як радиф ба манзурии харидорон монда буданд. Гушти гусфандии фарбехро нишон дода, аз кассобе пурсидам:
- Ого, ин хама гушти савдои аз молдорони Бахорак аст?
 -  Аз молдорони Бахорак бисьёр кам. Аксаран, гушт аз кассобоне аст, ки молро аз Шева мехаранд.
 Дар ин лахза се-чор кудаке аз наздамон гузашта, бо овози чарангоси харидоронро ба суи худ мехонданд:
- Паниру маскаи Шева!- Мосту каймоки тоза аз Шева овардаро бичашед!- Сурмасанги Шеваро бихаред. Сурмасанги Шева -бех аз сурмаи Кашмири Хиндустон. 
Аз суханони савдогарбачахои чорзан хушам омад. Дар дил Худоро шукр мегуфтам, ки пас аз ду руз мо  «бойхона», ё   мулки дорои Шеваро бо хавзи пурасрораш  хохем дид.
Водии баландкухи Шева дорои 1000 хонавода, 11000 нуфус, 1500 хектор замини оби, 2000 хектор замини лалми ва 50000 хектор чарогох буда, айни замон як гушаи зебо ва «осорхонаи забониву  таби»и марбути  вулусволии  Арганчхойи вилояти Бадахшони Чумхурии Исломии Афгонистон ба хисоб маравад.
Шева-водии пахноварест, ки аз шимолу шарк бо вулусволии Шугнон, аз тарафи чанубу гарб бо вулусволии Бахорак хамсархад буда, дар иртифои аз 3000 то 4600 метр аз сатхи бахр чой гирифтааст. Рохи  мошингард, ки тули он беш аз 100 километрро ташкил медихад, аз масири водии Шева гузашта, дар мавсими кутохе, иборатан, аз мохи июн илло ноябр маркази вулусволии Шугнонро бо шахраки Бахорак  пайваст мекунад. Сохтмони ин рохи хома  ба тарики хашархои умуми ва бидуни истифодаи ягон техникаву трактор тавассути ризокории чавонону мардони   маскунаи  вулусволихои Шугнону Бахораку Шухадо дар соли 1988 огоз ёфта, дар соли 1994 хатм гардидааст.
 Мошинаи «Тоёта» и кирояи мо  кучахои охирон карьяи марбутаи вулусволии Бахорак Фурмурогро давр зада, ба рохи пурхамгашту огушта аз чанг,  ру ба боло ба фарки сари кутали Бомдара мехазид. Аз сари кутал то фосилаи си километри дигар  маргзору шибарзори доманадореро паси сар кардем. Рохбалад ин мавзеъро ба мо айлокчой, ё чарогоххои тобистонаи мардумони Бахораку Зардеву Саргелон муаррифи кард. Такрибан панч километр поёнтар аз карьяи Мазордара, нахустин дехкони шевачиро дидем, ки бел дар китф  обьёрии заминхои чавкоштаашро назорат мекард. Дар канорахои сохили дарьёчаи Пилоб чор-панч чавонон машгули коре буданд. Онхо чизеро бурида дар дохили сабадхои калоне мемонданд.
- Геши шибарро мебуранд. Пасон дар чои офтобру гешро   хушконда, порахои солими ба шакли чоркунча буридаро дар зимистон хамчун маводи сухт истифода мекунанду  хокаву нармаи гешро  барои зерпоии (бигин) чахорпо дар огилхо,- кори ба мо номаълуми чавононро шарх дод, рохбалад. 
  Карья, ё дехкадахои шевачиён асосан аз панч ё дах буна иборатанд. Сокинони дехкадахои мутазаккира  хонахои  худро  аз сангу хишт, дар сари шаху теппахои баланд ва ё наздики  чашмасорону лаби сохилхои дараву дарачахо месозанд. Бар хилофи санъати меъмориии исломиву шарки, хонахои мардумони ин чо деворхои баланд ва хавлихои хосса надоранд. Хамчунон аксари хонахои урфии бидуни пешайвону дахлези шевачиён бо деворхои качукилеби носафед як холи риккатборе доштанд.  Аз карьяи Мордара каме болотар карьяи Дуоб вокеъ гаштааст. Аз Дуоб рохи мошингард  ба самти карьяи Калъаи Мирзошох меравад, вале ин рохи нотакмил, ноаён ба як пайрохаи пиёдагард мубаддал мегардад. Нихоятан, ин рохи(сарак) пиёдагарди хароба кад-кади сохили дарьёи Тангшевоб идома пайдо карда, рохгузарро аз масири карьяхои Хинчу Давлатшохи  ба карьяи Тангшев мебарад. Карьяи Тангшев(аслан Тангии Шева бо лафзи мардумони Дарвози Афгонистон) марбут ба вулусволиии Мохимаи Дарвоз аст. Рохи мошингарди асоси аз байни карьяхои Пули Зирехбон, Шохдара ва Додали гузашта, ба суи агбахои Карс ва Куранг меравад. Дар зери  кутали Куранг аз се хисса оби нилгуни хавзи Шева танхо як кисмати онро рохгузар хохад дид, вале кисмати бузурги оби хавз дар паси хамгшти Симудчоф аз назари бинанда путу пинхон мемонад.  Дар рохи наздик ба Карс масъули бахши зироати Шева Навруз Каландари хикоятеро ба мо накл кард, ки бисьёр чолиб буд. Дар замонхои собик шоире аспсавор  дар фасли тобистон ба Шева меояд. Шоир, ки бори нахуст ба ин чо омада буд, аз дидани манзарахои дилфиреби кухистон ба миcоли маргзорхои махмалини сабз, киштахои бо вазиши бод мавчзани чаву чавдор, осмони софи лочуварди, чашмахои сарду хуштаъм, хавзи афсонавии Шева, фаровонии нону намак ва ширу панири шевачиёну пазироии бехади онхоро дида, бадохатан шеъре менависад:
                Шева бо фирдавс дорад хамсари,   
                Гар ба тобистон ту аз вай бигзари.
 Иттифокан, он шоир дар тирамох хам мехмони шевачиён мегардад. Бадбахтона, замоне, ки у аспсавор ба сари кутали Бомдара мебарояд ,тундбоди сахте вазида, шоир рохгум мезанад. Барфи нобахангоми бо борон омехта, шоирро ба танг меораду у аз шиддати сармо дир-дир меларзад. Саранчом, шоир аз Шеваи  бихиштосо нишону осореро надида, бо азобе худро ба манзили вайронае мерасонад ва зери лаб ин абьётро тараннум мекунад:
                Бо чаханнам Шева дорад хамсари, 
                Баъди мизон гар ту аз вай бигзари.
  Шева аз хар нигох ба водии Аличури Мургоб хамшабех аст.  Амсоли Аличур Шева хам  дар дохили як дараи беканоре чой гирифтааст, ки аз ду тараф бо куххои на он кадар калон калъабанди шудааст. Тафовути Шева аз Аличур дар он аст, ки дар шароити иклимии Шева заръи зироат мумкин аст, вале дар шароити Аличур он гайри махолу як чизи хандаовар аст.
 Шева бо се чиз маъруф аст: - Якум бо чарогоххои сералаф. - Дуюм бо кони сурмасанг, ки сурмаи ин конро занон пас аз тасфияву поккори барои ороиши чашму абру истифода мекунанд. Севввум бо хавзи хамноми худ. Дар хусуси хавзи афсонавии Шева шаркшиноси рус Грамбочевский баъди бозгашт аз сафари Шева дар китоби хотироти худ чунин навиштааст: « агар Бадахшон ангуштарии тиллои бошад, пас хавзи Шева нигини алмосии он аст».
 Иклими Шева сарду сербориш ва зимистони он тулонист. Дар ин маврид шоире аз ахли мардумони ин чо шеъре хам дорад:
          Зи акраб то ба чавзо зери барфем,
Бахору тирамохе нест моро.
  Сокинони Шева ба се фирка мансубанд. Аксарияти онхо аз  мардумони шугнонизабони исмоили мазхабанд, ки такрибан 200 сол пеш ба иллати безамини ва чангу кашмакашхои дохила  аз Шугнон ба Шева хичрат кардаанд. Бошандагони карьяхои Додали ва Тургон адьёнан аз мардумони  шиаи асноашарианд, ки замоне аз карьяи Совони Шугнон ба он чо кучидаанд. Билохира, сокинони дах хонаводаи каряи  Карадунг худро ба мо хамчун точикони ахли тасаннун муаррифи карданд, ки замоне аз Рогистон ба Шева кучидаанд. Тули карнхо ин мардумон новобаста аз кешу мазхаб як чомеаи вохидро ташкил дода,  худро шевачи ва миллати худро бо ифтихор точик мегуянд. Дар робита ба хамзистии сулхомези онхо метавон намунаеро аз авлоде бо номи Шугниараб ёд кард, ки аз нигохи пайдоиш ин мардумон нажодан аз падар арабу аз модар шугнонианд, ки айни замон чанд хонае аз онхо дар карьяи баландкухи Додали сукунат доранд. Шевачиён човандозону номиву пахлавонони маъруфанд. Пахлавонону човандозони Бадахшону Тахористон  мудом аз Мири Шевачи, Чура, Мадамир ва Дилдорбек ёд карда, иброз доштанд, ки ин пахлавонону човандозон солхои дарозе дар чашнхои бузкаши, ки дар шахрхои Бахораку Файзобод барпо мешуданд, голиб мебаромаданд ва  хариферо  баробар ба худ надошта буданд. Мутаасифона, агарчи кадами номубораки толибони чангчу ба Шева нарасида бошад хам, ду пахлавонони рустамсифат ба монанди Мири Шевачи ва Оксаколи Шоханвар дар соли 1996 аз тарафи  душманони  толибмаоб  ба катл расиданд.
 Шугли асосии мардумони Шева зироатчиги, молдори ва шикор аст. Дар фасли тобистон чавонон аз дараву дарьёчахои бешумор мохи мегиранд, зеро анвои мохиёни «маринка» ва «османка» дар рудхонахои Додаливу Пилобу Тангшевоб  он кадар зиёд аст, ки мардумон онро бо туру сабад сайд мекунанд. Аз дарахтони мусмир(босамар) ба истисно аз чангалхои анбухи себи худруи  талхак, ки  дар каряхои  иклиман муътадили  Давлатшохиву Хинч меруянд, анвои дигари дарахтони босамарро надидем. Карьяхои мутазаккира дар дохили як дараи танге наздик ба марзи Дарвоз вокеъ гаштаанд. Чакалакхои зардбеду сафедори кухироро дар атрофи хонахои шевачиён дар баъзе карьяхо метавон дид. Ачибтар аз хама он аст, ки сафедори мавзун ё ар-ар дар шароити иклимии Шева намеруяд ва кулли сутуну болору вассачуби «помирихонахо»и мардумони Шева аз Шугнону Бахорак  ба он чо кашонда шудаанд ва он хам дар собик бо хару ароба.  Аз зироатхо мардумон бештар чаву чавдор, нахуду мушунг  ва камтар гандуму картошка мекоранд. Иллати асосии камтар коштани гандум дар он аст, ки дар баъзе  солхои сарду сербориш  гандум норасида мемонад ва мардумон хатто солхоеро ёд доранд, ки заминхои гандум коштаи онхо зери барфи  нобахангом монда буданд. Дар сохаи молдори мардумон бештар гову гусфанд ва камтар бузу асп мепарваранд. Бузпарвари асосан шугли мардумони карьяхои Хинчу Давлатшохи аст. Галлаи бузони сокинони ин карьяхо аз зоти бузони асморианд. Бузони асмори табиатан кавихайкалу дарозгуш ва сергушту серширанд. Сохибони аслии ин бузхо мардумони кучии нуристони ё гучуранд, ки чор фасли сол бо галлаи бузони худ аз дара ба дарае ва аз чангал ба чангале мекучанд. Дар солхои собик  мардумони Давлатшохиву Хинч бузони асмориро аз гучурхо харидаанд ва чун карьяхои мутазаккира сершибару чангалдоранд,  саршумори бузони асмори    дар шароити ин карьяхо ру ба афзудан намуд ва пасон-пасон ин бузхои хушзот ба тамоми карьячоти Шева интикол ёфтанд. Шевачиён ба парвариши хашгов(кутос)  ошноие надоранд. Мусаллам аст, ки хашгов хайвони ахлиест, ки табиатан дар водихои баландкухи сарду камбарфи Помиру Тибету Химолой хамасола дар шароити майдони мечарад. Хусусиёти  фарккунандаи дигари ин хайвони зотан гушти дар он аст, ки зимистон хашгов  дар куху теппахои камбарф бо шох ва суму фуки  худ барфро тоза карда, аз зери барф появу решаи буттахоро кофта, бо иштихо мехурад.  Шояд  сербарфии фасли зимистон ва камбудии улуфа дар авохири зимистону аввали бахор буда бошад, ки ба гуфти муйсафедони шевачи хашговпарвари дар Шева ноком шуд ва чанд сар хашгови аз вулусволии Зебок харидаи мардумон дар замистон талаф ёфтанд. Галлаи бешумори шутуроне, ки тобистон дар маргзорхои Шева мечаранд, моли кучиёни арабу пашту хастанд, ки хар сол дар тобистон аз Тахору Кундузу Баглон бо рамахои бешумори гусфандони туркии худ ба Шева меоянд. Ин мардумони молдор дар замони салтанату шохигарии шох Мухаммад Зохиршох барои истифодаи мавсимии мавошии худ, ки аслан фаслхои тобистону тирамоханд, аз хукумати онвакта санаду кавола ба даст оварда, феълан чарогоххои бешуморе дар Шеваю Эш(ин води бо бехтарин маргзору алафчархои тобистонааш марбут ба вулусволии Куфоби Дарвоз аст) зери пои сутурони онхоянд. Мардумони буми баръакс аз чарогохои пахновар мафоде намегиранд ва айлокчойхои онхо аксаран дар гирду даври хонахои эшонанд. Сиёсати паштунсолории давраи Мухаммад Зохиршох даст ба он дод, ки хонхои молдори арабу пашту суистифода аз заифии мардумони буми тавонистанд дар муддати кутохе замину алафчархои мардумони точикро аз дасти онхо бирабоянд ва онхоро  инъомбахшу васикахои  маврусии худ карор бидиханд. Ин норозигиву эътирозот то хол дар мантика вучуд доранд. Дар солхои камбарфи 2006-2010 кучиёни пашту  рамахои бешумори  худро ба иллати  камалафи хатто то марзи хавзи Шева оварда буданд, дар холе ки алафчархои васикашудаи  оно худудан болотар аз мавзеи Карс нестанд.
Шева, ки зодгохи мардумони богурур аст, на хама вакт маконе бихиштосо барои сокинонаш будааст. Мисолан, танхо дар  соли 1994 баъди хушксоливу кахтии бемисле ки аз соли 1992 огоз ёфта буд, дар худуди  саду бист хонавода Шеваро тарк гуфта, озими вилояти Баглон гаштанд. Бо захмату сабурии бехад шевачиён дар мавзеи дашти Келагай ва шахраки Пули Хумри замин харида, хонаву хавлихо сохтанд. Тули чанд сол дар  ин макони гарм шевачиён пахлу ба пахлуи шоликорони баглони зиндаги доштанд. Дар он солхои пурошуб вилоятхои Баглону Бадахшон дур аз набарди толибон буданд, вале бадбахтона фавчи чангчуи «Толибон» ба Баглон хам расид. Бо истифода аз дасисасозии хонхои махалли толибон шевачиёнро аз дехахои навсохтаашон бадар карда, чахорпову замини онхоро байни худ таксим намуданд. Баъди разму гурезо-гурез танхо  хаштод хонавода аз мардумони миёнахоли Шева тавонистанд дар мавзеи Алиободи вилояти Кундуз  замину хавли харанд, вале мутабоки он чихил хонаводаи шевачиёни нодор бозпас ба Шева баргаштанд. 
 Солхои охир дар хаёти шевачиён руйдодхои мухим ва пешравихои назаррас ба чашм мерасанд.Тахти сарпарасти ва кумакхои муассисахои хайрия ва инкишофи ба мисоли   Шабакаи Инкишофии Огохони Афгонистон дар карьяи Дуоб шифохонаи замонави ва дар карьяи Пахмдара  мактаб-лиса сохта шуданд. Пас аз солхои пурошубу торик дар зиндагии шевачиён тагьиротхои кулли ворид шуданд. Феълан духтарони мактабхон озодона дар мактабхо тадрис доранд ва сафи муаллимахо аз хисоби омузгорони махалли сол то сол зиёд мешаванд. Карьяхо хам акнун чарогон ва алока байни карьяхо муназзаму рафтуои мардумон дар саракхои фаръии байни дехкадахо ба истисно аз фасли замистон доими аст. Дар солхои гарму сербориш нархи галлаву улуфа ва куруту картошка дар дукончахои сари рохии  шевачиён аз хама арзон аст. Тибки гузориши муассисоти башари ва инкишофи, ки дар Шева кор мекунанд ягона камбудие, ки дар рузгори шевачиён аст, ин бетафовутии эшон дар робита ба кишти сабзичот ва истеъмоли он дар гизо аст. Устод Навруз Каландари иброз дошт, ки у бо хамкоронаш дар заминхои тачрибави хосили баланди турбу лаблабу, шалгаму пиёз ва сабзиву кабуди руёнданд.  Мутаассифона,  дехокин то хол дар гизои худ аз сабзичот кам истифода мекунанд.Чун аз у пурсон шудам, ки чаро барномаи пайванди чангалхои себи вахшии карьяхои Хинчу Давлатшохиро амали намекунанд, у бо таассуф чунин гуфт:
- Шевачиён аксаран молдор ва яккораанд. Соле чанд мо як чангалбоги сафедору бедро дар  карьяи Мордара эхдос кардем.  Бо васфи он ки чангал махватаи коим хам дошта буд, молдорон чашми мухофизро хато карда, сутурони хешро дар дохили чангал мечаронданд. Ман комилан мухолифи  гапи мардумони шевачиам, ки мегуянд: «ба молдор нихол убол». Албатта мо кормандони зироат бад-он мекушем, ки дар ояндаи наздик эхдоси себбогхо ва пайванди чангалзори себи худруйро дар карьяхои Хинчу Давлатшохи амали намоем. Вале мушкили асосии мо интиколи нихолхои зироативу каламахои пайванди аз вулусволихои Бахораку Шугнон  аст, чаро ки  бахори Шева деррасу роххои он дар ин мавсим саъбулубуранд.
Хавзи Шеваро бори нахуст дар соли 1882 духтур ва олими ботаники рус Альберт Эдуардович Регель омухта, онро дар накшаи Афгонистон сабт карда аст. Аз руи пайдоиши худ хавз ба гурухи хавзхои тектоники мансуб шуда, дар иртифои 3110 метр аз сатхи бахр чой гирифтааст. Хавз дар самти шимолу шаркии вулусволии Шугнон, такрибан 25 километр дуртар аз маркази он ва дар ихотаи куххои баланду дохили як чукурии мусалласмонанд  вокеъ гаштааст. Тули хавз 9 километр ва бари он то 2 километр аст. Жарфтарин махалли хавз 270 метр аст. Хавз асосан дар мохи сентябр  пуроб мешавад.  Аз оби  чашмахои бешумори аз зери сарбанди хаштод метраи табии бо номи Симудчоф баромада,  дарьёчае бо номи Арахт ташкил ёфта, ин дарьёча  дар дехаи Докхона ба дарьёи Панч хамрох мешавад. Зимистон хавз саросар ях мебандад. Хавз мохи надорад.  Дар сохили хавз як сарою ошхона хамеша дар хидмати сайёхону рохгузарон аст.
 Олимон хавзхои тектоники Шева ва Сарезро ба гуруххи хавзхои хатарноку рахнашаванда нисбат медиханд ва барои исботи назарияхои худ пиршавии чинсхои кухи ва солхурдашавии сарбандхои табииро далел меоранд. Чунончи худи кашшофи хавзи Шева Регель дар гузориши худ баъди бозгашт ба Аврупо навиштааст: «дар сурати заминчунбии шадид ва рахнаи хавзи Шева дарёи Панч баста шуда, ба садхо дехоти поёноби Афгонистону Точикистон хасораи бузург ворид мекунад». Тибки омори соли 1982 баландшавии сатхи оби хавзи Шева баъди хар бист сол пурхавфу хатар мегардад. Сокинони рустои Дарморахти Чумхурии Исломии Афгонистон ва чамоати Дарморахти Точикистон аз сели дар соли 1979 аз зери сарбанди Симудчоф фаромада ёд карда, иброз доштанд, ки он вакт сел заминхои бисьёру  чангалу чарогохои бешумори ду тарафи дарёчаи Арахтро ба коми худ бурда буд. Назар ба мушохидахои солхои охир  сатхи болоии оби хавз 1 метру 23 сантиметр боло баромадааст. Аз чониби дигар дар пахлуи обмурии Арахт пайдо шудани обмурихои дигар ва лагжиши теппаи хокии зери сарбанд вазъиятро муташаннич мегардонад. Мардумони тахчои аз хамлахои террористонаи мухолифини хукумат низ изхори нигарони менамоянд. Тибки хисоботи каблии олимон ва кормандони ходисоти табии дар сурати фалокати табии ва дар асари рахна шудани хавзи Шева ба самти нохияи Шугнони Точикистон 200 миллиард метри кубии об фаромада, мачрои дарьёи Панчро мебандад. Дар муддати 78 соат обанбори сунъии сесад метра ба вучуд омада, 73 дехот зери об мемонанд. Билохира дар сурати канда шудани обанбор кад-кади сохили ду тарафи дарёи Панч аз тарафи Точикистон ва Афгонистон ба теъдоди 2670 карьяву кишлок шуста мешаванд.
 Сафдари Зохир –масъули созмони имдодии FOCUS- Амрико дар Афгонистон мегуяд, ки ба хотири омузиши вазъи кули Шева гурухи мукаммале иборат аз мухандисон, заминшиносон ва табиатшиносон дар махалли Шева эъзом шуд ва вазъи эколожи ва табии он мавриди омузиш онон карор гирифтааст. Ба гуфтаи огои Зохир садде, ки рохи ин кулро бозмедорад дар худуди ду километр пахнои дорад ва аз анвои сахт таркиб ёфта, дар холи хозир эхтимоли рахна шудани кул вучуд надорад. Огои Зохир рахнашавии садди кулро танхо дар сурати рух додани зилзилаи шадид имконпазир мешуморад.
  Файз Мирхасанов - рузноманигори  махалли  аз шахри Хоруг аз он изхари нигарони мекунад, ки хатари кули Шева нисбати манотики Афгонистон барои манотики марзии Точикистон бештар аст. Ба акидаи у ин кул на танхо дар  мавриди диккати Афгонистон, балки хамеша мавриди таваччухи чониби Точикистон низ карор дошта бошад. Огои Мирхасанов гуфт, ки дар холи хозир таваччухи аксари созмонхои хукумати ва имдодии чахони ба кули Сарези вокеъ дар нохияи Рушони Точикистон чалб шуда, кулхои дигари мутааддид ва хатарзо дар махаллоти муртафехи манотики кухистони Точикистону Афгонистон аз назархо дур мондаанд. Ба андешаи Мирхасанов кули Шева аз чумлаи чунин кулхои хатарнок аст, ки бояд хамеша дар зери омузиши дучонибаи мутахассисини точику афгон карор дошта бошад.
 Аз суи дигар аз хатари террористи низ чашм пушидан мумкин нест. Дар сурати рох ёфтани маргталабони Толибон таркондани дарготи самти Дарморахт имконпазир аст. Аз ин ру барои чомеаи ояндасоз такроран гушрас кардани панди « илочи вокеа пеш аз вукуъ аст» хело бамаврид аст.
 
              Муаллиф Довудшохи Сулаймоншох
              Санаи иншо 1.05.2014
               Имейл  dawood2008@mail.ru 


Рецензии