Мурги кафас Хикоя

Посе аз шаб гузашта бошад хам, писаракро хоб намебурд. Аниктараш у хобида наметавонист. Аз як пахлу ба пахлуи дигар худро гузаронда нолиш мекард. Баъзан паст-паст бо худ гуфтугу мекард.
Шояд хонанда пурсад, ки кахрамони мо кист? - Бемор аст ё гурусна? - На ину на он. Некруз писараки оддии дехотист. Имсол синфи панчумро хатм кардаву холо дар таътилу фарогат аст. Дар синф у ягона аълохон аст. Хислати начиби дуввумаш он аст, ки у дустдори табиат аст.
  Акнун агар хонандаи гироми саросема нашуда, то охир хикояро хонад сабаби бедорхобии Некрузро хохад фахмид.
Писарак дар хакикат бедорхоби дошт ва чи сон уро хоб мебурд, модоме ки кабкчучахои дар кафас монда якмаром тик-тик карда асабхои уро норохат месохтанд. Писарак сар аз курпа баровард. Чогахи хобаш гарм буд. " Шояд барои кабкчучахо хам дар кафас гарм бошад, вагарна чаро онхо ин кадар патаррос мезананд?" - дар дил андешид Некруз. Ба саволи худ Некруз чавоб пайдо накард. У як чизро дакик медонист.  Мефахмид, ки хама чиз дар шакли табииаш хуб аст. Барои мисол, хамин кафасаки танг хеч гох барои кабкчучахо хона шуда наметавонад. Кабкчучахо се хафта боз дар кафасанд, вале бо чунин тарз хаёт хеч одат кардани нестанд.
Хафтаи гузашта Некрузу акааш Неккадам молчарони рафта буданд. Хамон руз Неккадам кабкчучахоро аз бехи як харсанг капида буд. Лонаи рафидамонанди алафии онхо каме дуртар аз харсанг буд. Гайричашмдошт Некруз аз дидани ин манзара шод нашуд. У бо кавоки гирифта норозиёна ба Неккадам гуфт:
 - Медонед-чи акачон, сахифахои Китоби Сурх сол то сол зиёд мешаванд.
 - Хайр Китоби Сурхат гафс шуда бошад, ба ману ту чи? - гуфт Неккадам ва гуё маънии сухани Некрузро нафахмида бошад.
 - Ана, гап дар сари хамин ки агар шумо барин "дустдорони табиат" зиёдтар мешуданд, чонварон хама дар катори хайвоноти нодир медаромаданд.
 - Эхе-е, ту  - олимча бо табиатат то кучо мерафта боши? Гулу гаранг набоши охир медони ман аз кабкчанг чи кадар фоида мегирам. Агар кабкчучахо хам нар бошанд, боз хубтар. Гуфтугуи онхо бо хамин катъ шуд.
Модар аз кошу кавоки гирифтаи Некруз донист, ки байни онхо ночурие рух додааст. Замоне ки Неккадам завккунон кабкчучахоро байни пашму пахта мемонд, модар дигар токат накарда бо оханги маломатомез гуфт:
 - Бачем чи лозиманд ин уболакхо ба мо?  - Чи гуна дилат токат кард, замоне ки онхоро аз модар чудо карди?
 - Оча, калон шаванд, кабкхои чангии  зур мешаванд. Холо як каме дастомуз шаванд, ана баъд худатон мебинед. Садои кабкхоям мархами дилатон мешавад.
Модар чизе нагуфта, сархаму сокит оши шомро пеши фарзандон гузошт. Пагохи Некруз аз нихтаи акааш бедор шуд.  - Хез кани, Некрузчон, кабкчучахоят гизо мехоханду ту боши холо хам дар хоби гафлати. Некруз бо дили нохохам аз чогах бархоста дастшуи рафт. " Ачиб одамест хамин акаам. Кабкчучахоро бемодару белона карду тарбияи онхо акнун ба души ман" - дар дил андеша мекард Некруз.
Пас аз ноништа Некруз патаки калушкухнаро ба чубаке баста бо шариконаш барои малахкапи рафт. Ба "киш-киш" -гуии бачахо ниёзе набуд. Малах имсол дар куху камар фаровон буд. Селаи малах аз таги пои бачахо фавворасон ба боло мепарид. Тули ним соат ду шишачаи холии Некруз пур аз малах гаштанд. Панч-шаш оилаи мурчахои зард хам хонавайрон шуданд. Бачахо куттичахояшонро аз тухми мурчахо пур карда шоду хандон ба деха баргаштанд. Рахорах Некруз дар дил худро маломат мекард: " Холо бубин аз барои хамин чор кабкчуча чи кадар малахчахоро бе модар ва боз хамон кадари дигар модармурчахоро безурёт кардем". - Тавозуни экологиро танхо одамон халалдор мекунанд, - боре ба бачахо дар дарси табиатшиноси гуфта буд устодашон Махрами Азизбек. Холо дурустии суханони устодро ба ёд оварда, Некруз дар дил ба у ахсан мехонд.
Ду хафта бо хамин холати дилбазан сипари шуданд. Некруз холо ба дояе, ки кудаконро дар кудакистон парастори мекард монанд шуда буд. Кораш акнун малахкапиву тухми мурчачуи гашта буд. Албатта бо чунин ахвол хониши у руз то руз заифтар мешуд. Боре устод Махрам уро баъди дарс маътал карда, бо  оханги пур аз эрод ба у  гуфт: - Некруз мебинам, ки ба дарсхо бе тайёрии пухта меои? - Сабабаш чи бошад?.  Суоли муаллим бечавоб монд. Хамон руз Некруз дар дилаш азм кард, ки кабкчучахоро сар медихад." Озод мекунам онхоро . Вассалом"
  Имшаб Некруз ба як карори катъие омада зери лаб нимгурма мегуфт: - Бигузор кабкчучахои бечора ба дараашон, ба лонаи алафии худ баргарданд. У якбора ба худ тасаввур кард, чи гуна модаркабк аз дидани чучахояш хурсанд мешавад. 
Ситорахои само як -як чашмакзанон аз назархо гоиб мешуданд. Танхо ситораи корвонкуш дар само чилвакунон рафтори начиби Некрузро наззора мекард. Охиста - охиста ва ноаён сапеда медамид. Некруз кабкчучахоро дар домани куртааш андохта озими дара гашт. У пайрохаи борикеро тай карда ба дара фуромад. Некруз  чучакабкхоро ба пеши хамон харсанг, ки аз зери он кабкбачахо ба асорат афтода буданд монда охи сабуке кашид. Чучаякони чобук дар як зум ба зери буттаи хуч даромада, аз назархо нопадид гаштанд.
Наздики деха ва дар канори чашма Некруз бо модараш вохурд.
 - Хавотир карди моро бачем. Дар и сахари солехон кучо гайб зади?
 Некруз сатили пуробро аз дасти модар гирифта бо оханги пур аз гурур гуфт: - Модар ман кабкчучахоро озод кардам. Бигузор онхо бо модарашон бошанд.
 - Хуб карди бачем, савоб ёфти . Акаат хам ягон руз иштибохи кардаашро мефахмад.
Некруз аз суханони модар илхоми тоза гирифта сабук-сабук ба суи хона гом мегузошт. Ба назараш чунин менамуд, ки тули ин се хафта калбаш хамрох бо кабкчучахо дар асорат буду ин сахари пурфайз аз асири рахои ёфт.
                Муаллиф Довудшохи Сулаймоншох
                Хикоя соли 1995 дар рузномаи Бадахшони Совети ба чоп расида буд.       


Рецензии