Ду сохил Хикоя

Садои хоболуди Алибахш хоби падарро гурезонд. " Ота, ота, барои арча меравем  ё не"?  Замир бо чашмони нимкушодаш ба равзан нигарист. Беруни равзан торик буд. У дастонашро ба миёни Алибахш чанбар карда, бо оханги хохишомез гуфт:  - Руз шавад бачем , меравем. Холо хоб кун. Берун торик аст".
Алибахш аз ваъдаи падар дилшод гашта аз нав хоб кард. Дируз Алибахш аз мактаб  кайфпарида баргашт. Аён буд, ки хуни эркаги дар рагаш галаён дорад. Сумкачааашро ба кунче хаво дода гуфт:  - Ота, имруз бачахо дар мактаб арчаи хакикиро шинонданд. Хамин хели арчаам биёр.
Замир чун падари мушфик хеч вакт малолияти хотири писарашро намехост: - Майлаш, пагох ману ту аз пушта арчаи хакики меорем, - гуфт у дар чавоби писар.
Хамин шуду писаракро шаб то  дергох хоб  набурд. Гумонаш, падар уро фиреб медихад.
Бечода болои сари шавхару писараш, ки хамдигарро огуш гирифта масти хоб буданд, омада то дер гох чуръат накард, то онхо аз хоб бедор шаванд. Токаташ ток шуда, дилу бедилон онхоро бедор кард.
Ахли оила хомушона субхона хурданд. То Бечода ба писараш либосхои гармро пушонд,ки Замир " Нива"-и сафедашро аз гараж бароварда шишахояшро хам тоза кард.
Нива дар мавзеи Баржир карор гирифт. Барфи пахтавор сафед аз тобиши офтоб дурахшида дар зери пои онхо гарч-гарч мекард. Замир табарро аз багочдони мошин гирифта ба арчахои бетартиб болои шахи канори рох руида ишоракунон гуфт: - Кани чони падар, бигуй, бароят кадомашро бурам?
 Алибахш аз байни чангалчаи сузанбаргон арчаи чавону мавзунеро интихоб кард. Замир машгули арчабури шуд. Алибахш аз барф лундачахо сохта ба дарёи Панч мепартофт. Пундахои ба дарё афтида мисоли сарканд даррав об мешуданд.
 - Ота, ху ана хамон харакиро мебинед. - О-о-о-й хараки! Кучо мерави? - ногох дод зад Алибахш. Марди рохгузар ба тарафи Алибахшу падараш даст афшонда, бо овози баланд гуфт: - Ба кишлоки хамсоя  барои хочати рузгор меравам. Талкони тутро ба гандум табодила мекунам.
 - Алибахш! - нидо кард Замир. - Ин чо биё. Ба ту ин худсариро ки фармудааст? Бо одамони он тарафи сохил гап задан мумкин нест. Мефахми ту инро ё не? Ин чо сархади давлати хаст, фахмиди!? Бори дигар ин номаъкулиатро накун.
 - Фахмидам, ота, тавба кардам, - гуфт ошуфтахолона Алибахш.
Садои табар боз баланд шуд. Арча муковимат нишон медод.
 - Алибахш, бубин чи хел чуби сахт доштаст арчаи чонсахтат. Холо нигох карда исто, дар Соли Нав хамин арчаат хамсинфонатро дар хайрат мононда, хамаашонро хасадхур накунад.
 Табар арчаи сарсабзро аз по афтонд. Арчаи сарнагун гелида-гелида ба санге бархурду карор гирифт.
 - Ота,  нигох кунед. Галаи сагхоро бинед. Ху, ана дохили новаи сафед. Дидед ё не?
  Замир дастонашро соябон карда ба он тарафи сохил, ба хамон новаи нишондодаи Алибахш нигарист. Дар хакикат, як тудаи сагон тармаро гузашта, бо шитоби бепоён ба тарафи марди харсавор метохтанд.
Замир аз дасти Алибахш гирифта харду ба суи мошина давиданд.  - Алибахш ба мошина даромада, дурбинро ба ман бидех, - омирона гуфт падар.
 - Алибахш, ту хато карди. Галаи сагхо не, галаи гургон. Чи бояд кард? Бешубха, гургхо савораро амон нахоханд дод, - бо дурбин атрофро аз назар гузаронда, нимшунаво пичиррос зад Замир.
Марди харсавор чизеро пай бурдаги барин ба боло нигарист. Аз вохурии ногахони бо галаи гургон  лахзае дасту по хурда гаранг шуд. Сипас аз зин чахида, ру ба гурез ниходу якзайл фигон мекард: - О сари сабзам ба бод рафте-е, о сари сабзаме-е!
 - Алибахш сигналро зер кун! Шояд гургхоро тарсонем, - гуфт Замир ва фарёди баланде кашид: - О-о-о-ой!.
Мутаассифона, садои баланди сигнали мошину нидои гулгулаафкани Замир гургонро аз шасташон нагардонд. Онхо шерак шуда тезтар медавиданд.
 - Дар ин чо чи гап? - Тинчист? - ба назди Замир давон-давон худро расонд аскари сархадбон.
 - Начот дихед, аскарчон. Зудтар.
 - Киро?
 - Одамро аз чанголи гургон рахонед! - ба он тарафи сохил ишора карда гуфт Замир.
Хамин дам гургони пешрав худро ба хар расонда, дафъатан уро хомталош карданд.
  - О Худоё! - Чи манзараи дахшатноке! Ман холо бо кандак (застава) дар тамос мешавам, - аскар кутти алокаро гирифта ба кунче рафт. Гуфтугуи аскарбача бо кандак натичае надод. Аз чехраи гирифтаи у аён буд, ки сухбати онхо бесамар буд.
 - Афсус, калонхои мо ичозат намедиханд. - Ба он тарафи сохил тир паррондан мумкин нест,  - каф ба хам соида, - гуфт афсар.
 - Мефахмам, вале наззора карда шиштан хам хуб нест. Аккалан ба хаво тир холи карда, гургхоро тарсонед охир, - бо хотири озурда гуфт Замир.
 - Наметавонам амак. Ин чо сархад аст. Дастам кутохи мекунад. Ман бидуни ичозат ягон кор карда наметавонам.
  Марди афгон пайрохаи сербарфро убур карда, ба суи деха метохт. У афтону хезон нола карда аз Худо мадад мечуст. Бори охир у ба кафо нигариста, дар чояш шах шуда монд. Гурги калоне худро ба назди марди афгон расонд.
 - Ота, ота, ба шумо чи шуд?
 - Чизе нашудаст, писарам, - номаълум ашки чашмонашро пок карда, гуфт Замир. - Биё тезтар аз ин чо равем.
Ниваи сафед дуди кабуде хорич карда аз паси хамгашти навбати нопадид шуд.
Дар он тарафи сохил, дар хоки давлати хамсоя чанги тан ба тани одаму гурги дарранда давом дошт.
                Муаллиф Довудшохи Сулаймоншох.
                Хикоя дар соли 1992 дар рузномаи Бадахшони Совети чоп шуда буд.    


Рецензии