Одамият, ё Сухани мард якто На таджикском языке

Охири солхои хафтодуми асри бистум дар шахри Панчакенти Бостони хангоми гузаронидани аттестатсияи кормандони милиса бо сержанти милиса Чумабеков Анварбек Чумабекович шинос шудам, ки дар яке аз нишастхо бо чунин суханон:

               «Одамиро одамият лозим аст,
                Чуби сандал буй надорад, хезум аст»

 кадах бардошт.

       Соли 1983 Анварбек Мактаби миёнаи махсуси милисаро дар шахри Душанбе хатм намуда, унвони лейтенанти милиса гирифт ва ба вилояти Ленинобод барои идомаи хизмат фиристода шуд. Ба ин муносибат ба дустонаш дар сохили Сирдарё сухбате орост ва

               «Одамиро одамият лозим аст,
                Чуби сандал буй надорад, хезум аст»

гуён, кадахашро холи кард.

     Аз хамон сол то дахаи дуюми асри бисту як дар вазифахои гуногуни ВКД дар шахрхои Панчакенту Истаравшану Кайроккуму Шуроб ва нохияи Шахристон адои вазифа намуда, дар шахру нохияхои минтакаи Гарм барои баркарор намудан ва хифзи сохти конститутсиони дар Точикистони азизамон чонбозихо карда, дар хар нишаст байти
             
               «Одамиро одамият лозим аст,
                Чуби сандал буй надорад, хезум аст» -ро

такроркунон, кадах мебардошт.


       Вакте, ки аз вазифаи муовини сардори шуъбаи корхои дохилии ВКД-и ЧТ дар шахри Кайроккум ба нафака баромад, дар зиёфати зебои ба ин муносибат оросташуда ёру дустон ва хамхизматонашро хайрамакдам гуфта, бо нидои   
          
                «Одамиро одамият лозим аст,
                Чуби сандал буй надорад, хезум аст» 

кадахи холикардаашро пушти сар афканду  илова намуд:

«Сухани мард якто!»

     Мохи декабри соли 2018 хамрохи хамсарам бо нияти тамошои шахрхои Самарканду Бухоро озими сафар шудем ва хостам ба он чо ба воситаи шохрохи нави Хучанд-Панчакент, ки аз дехаи Дардари нохияи Айни мегузараду дустам Анварбек бо оилааш дар он деха дами пири меронад, равем. Ба Анварчон занг задам. Зинхор намуд, ки як руз дар хонааш дам гирему пас моро то Панчакент, то сархад гусел кунад.

      Вакте ба дехаи Дардар омадему вориди хонааш шудем, хамрохи завчаи мехрубонаш дастархони шохонае ороста, моро интизор буданд. Пас аз холпурсию изхори шодмонихою гирди дастархон нишастан ва пораи ноне хурдану пиёлаи чое нушидан Анварчон кадаххоро лабрез намуда, гуфт:

        - Бале, дусти азизам, зиндаги исбот намуд, ки

                «Одамиро одамият лозим аст,
                Чуби сандал буй надорад, хезум аст»…

      Рузи гузашта, 23 феврали соли 2021 хангоми дар шахри Гафуров бо рафикон Рузи Артишро кайд намудан ба Анварчон занг зада, уро ба ин муносибат табрик кардам ва ба хона омада, мувашшахе барояш иншо намудам:

 
               Ачоиб дехаи зебост Дардар –

               Нигини заррини дехоти Фалгар.

               Варо фарзандони нек номдор карданд,

               Азизи мардумони точдор карданд.

               Рафиконам дар ин деха зиёданд,

               Чавонмарданд хар як, хам дилкушоданд…

               Одамият шуд шиори дусти ман,

               Номи Одамро сазовор - дусти ман!


24.02.2021                шахри Хучанд

____________________________________________

https://stihi.ru/2017/08/14/5684

https://stihi.ru/2017/12/10/6835


Рецензии