Дилбохтаи касб

               
Пайрохаи тайкардаи хаёт, бо он хама шириниву талхи бахри у гиромиву ширин аст ва у чизеро аз саргузашту тачрибаи андухта нихону махфи аз чомеа надорад. Аз айёми тифли то ба имруз моли дустдоштааш расми китоби боз аст ва худ намедонад чаро. Шояд бад ин далел аст, ки у бо ин  тамсили дустдоштааш кайхо сазовори боварии хамагон ва иззатманду сохибэхтиром гаштааст. Шояд китоби боз  уро чун китоби пурмаънову мутоилашуда, кайхо ба мардумон муаррифи карда бошад ва шояду шоядхои дигар.
  Кормандони шуъбаи  маорифи шахри Хоруг солхои дароз  ба он одат кардаанд, ки баъди хар чор сол ва дар рузи нахустини хониш дар назди синфхонаи у дилсардии волидону озурдагие руй хохад дод. Озурдагие, ки дар он беш аз хама у мушаввашу маъюс мешавад ва чаро у маъюс  набошад, ки у беш аз бисту панч шогирд натавонист, шогирдеро дар синфи худ бипазирад, дар холе ки довталабон ба синфи у беш аз чил нафар  буданд. Борхо дидааму шунидаам, ки дар сахни гимназияи хусусии раками 1-и шахри Хоруг волидон байни худ  гуфтугуи ошкоро доранду аз хам мепурсанд:-Писари шумо хам дар синфи Рамзия мехонад?-Не духтарам.- Ин тавр бошад табрик, боз хам табрик.
 Дар айёми тифли у орзуи пизишки дар сар дошту шифо бахшидани маризонро.Танхо падари гамхораш Сомиддинов Шофахриддин, ки худ омузгори фанни забони форси буд, медонист, ки ин нахли наврустаи у дар либоси пурхаёи  духтарона, дар оянда бештар нафъе ба мардум хохад расонд ва пайваста уро насихат мекард, ки аз касби падари ру нагардонад. Саранчом чун дид, ки Рамзия шефтаи  касби духтури асту касби омузгориро хуш надорад, бо овози пургила, вале катъи ба духтари азизаш гуфт:-Агар баракати падарро хохи, муаллима мешави, вале на  муаллимаи одди, балки омузгори писандида. Хамин суханони падар буданду азми Рамзия дигар гашт. Баъди хатми мактаби миёна, Рамзия хуччатхои хешро ба омузишгохи педагогиии нохияи Ленин супорида, соли 1989  омузишгохро бо дипломи сурх  хатм менамояд. Ба зодгох баргашта, дар мактаби миёнаи раками 6, ба номи В.И.Ленини шахри Хоруг ба кори нахустини омузгори огоз менамояд. Мудири мактаби номбурда Имомалибекова Аноргул бехабар аз истеъдоди баландтаъсиру фавкуллодааш синферо ба у месупорад ва интизори он хам набуд, ки рузе шогирдони у дар донишу ахлок кулли устодонро дар хайрат хоханд гузошт. Танхо Рамзия медонист, ки ин истеъдоди ирсии хонаводаги  хасту файзи дуои падар.
  Замоне, ки ман мехмони ин хонадони мехмоннавозу равшанфикр шудам, Рамзия- апаро машгули гузоришнависи дидаму хамсараш Хурсанд бо духтари ягонааш Саидабегим саргарми бозии шатранч буданд. Яккаписарашон Шофахриддин наменамуд. – Шофахриддин дар курси сеюми факултаи забонхои хоричии Донишгохи Хоругшахр тахсил мекард. Рузе, бехабар аз мо, ба коммисариати харби рафта, ариза менависад ва холо у дар Горди Милли дар хизмати Ватан аст,- бо ифтихор гуфт Хурсанд-ака.
 -  Устод бубахшед, ки ман хотироти гамангезро боз ба ёдатон меорам. Лутфан бигуед, агар падари гамхор намебуданд ва агар панди уро намепазируфтед, шумо чи  мекардед?-Намедонам, ба рости намедонам, шояд аз ман духтуре мебаромад беистеъдоду тарсу. Шояд хаёте чунин шарину хамсаре чунин мухиб пайдо намекардам. Шояд фарзандони дилбанду некухисоле чун Шофахриддину Саидабегим намедоштам. Ва боз хам худро хушбахт дар ин хаёти феъли дида, Рамзия-апа мегуяд:-Хуб шуд, ки касби падарро гирифтам. Охир, харчи набошад хам падари рахматиам «дилбину пешбин» буданд ва хам бо чашму хам бо калб хамаро медиду медонист. ...  Акнун, у пас аз он, ки Донишгохи Хоругшахрро  бо диломи сурх хатм намуда буду баъди ширкати секарата дар озмуни «Муаллими сол» дар соли 2005 голиби озмуни шахрии «Муаллими сол» дониста шуд, бар он мекушад, ки баракати ба у атогаштаи падарро заррае хам кам накунад.
 Муаллима баъди сукуте лахзаеро аз хаёташ накл мекунад, ки мутаасиркунандаву бахри башару чомеъа  омузанда. Солхои даргирихои чанги шахрванди дар кишвар  у мисоли дигар омузгорони бадахшони дари макотибро набаста, хамаруза ба мактаб мерафт. Дар он айёми кутохе, ки бонувон ба ганчурхона  даромада, орди бехтаро наёфта танхо галбери овехтаро дар девор медиданд, у  дар хона нон надошту талвосаи сериву пурии шогирдони  худро дар сар дошт. Нихоятан, рузе хамсараш Хурсанд аз ким-кучое як халта орд пайдо кард. Ду хафта нагузашта, аз халтаи орд муште намонд, зеро нонхои пухтаро Рамзия порча-порча карда, ба мактаб ба шогирдонаш мебурд. Пас аз солхо, у  рузе номаеро аз шогирди худ аз шахри Атлантаи Иёлоти Муттахидаи Амрико гирифт. Дар он нома шогирдаш Хоникбоева Дилафруз , он солхоро боз ба ёди устоди худ оварда навишта буд:-«Муаллимачон ман дар ин чо хама чиз дорам, хам сарвату хам рузгори обод, вале шуморо надорам. Ман хеч гох он лахзахоеро, ки  бурдахои охирини нонатонро бо мо дида, бо овози хаставу бемадоратон моро сабак медодед, фаромуш нахохам кард».
  Чандин бор у шунида буд, ки хамкоронаш ба шухи ба у мегуянд:-Имруз хам дар шуъбаи шабонаат дарс дори? Рамзия ба чунин суханони хазломези хамкорон одат карда, бадохатан ба онхо  мегуяд:-Баъди чошт бо се шогирдам дарси иловагии риёзи дораму  бо ду нафари дигар дарси машки хат. Хамкорон аз суханони самимии у бо таачуб ба хам нигариста, сар мечунбонанд. Хайрати омузгорон бештар аз он аст, ки муаллима бидуни дирхами зарде бо шогирдони нисбатан сустхони худ аз рузи аввали ба кор омаданаш машгулиятхои иловагии алохида мегузаронад. Хамин халолкори ва пурра худро дар рохи касбу кор фидо кардан аст, ки хангоми фориг шудан аз синфи чахорум ва дар рузи аввали ба синфи панчум рафтани шогирдон боз дар сари синфи Рамзия шуру валвала мехезад. Дар он таксимот хар устоди мактаб пешдасти карда, кушиш мекунад, то рохбарии синферо, ки аз пеши Рамзия фориг шудаанд, ба душ бигирад, зеро бо ин синф дар оянда ба мушкилоте ру ба ру нахохад шуд.
Соли 2011 барои Рамзия  соли пурбаракату фаромушнашаванда буд. Агарчи у се маротиба дар озмунхои вилоятии «Муаллими сол»иштирок карда бошад хам, дар озмунхои чумхури ягон бор ширкат наварзида буд. Аз панчум то нухуми мохи декабри соли сипаришуда дар шахри Душанбе озмуни «Муаллими сол» баргузор гашт. У дар ин озмун ширкат намуда, дарси намунавии худро бо як махорати хосаи баланде ба доварон ва иштирокчиёни озмун барраси намуд. Хайхати комиссия ва масъулони Вазорати маорифи чумхури ба дарси намунавии у бахои баланд доданд. Аз чумла, раиси комиссияи доварон Аминов   дар фарчоми озмун хамаи иштирокчиёни озмунро табрик гуфта, ба Рамзия мурочиаткунон гуфт:-Дарси намунави аз тарафи  Сомиддинова бо тайёри пухта, эчодкори ва истифодаи воситахои техникиву усулхои нави методи  гузаронида шуда буд. Ба хамаи ширкаткунандагони ин озмун   маълум гашт, ки Рамзия  хакикатан муаллимаи пешкадами синфхои ибтидои дар сатхи кишвар аст.
   Хамкори Рамзия  Сунбула Худобахшова  дар робита ба сифатхои кордониву шахсии у чунин ибрози назар кард:- Аксари муаллимон шогирдони худро бо валад мешиносанд. Рамзия баръакс дар охири исми хар шогирди худ хиссачаи «чон»-ро зам мекунад. Хангоме, ки дафтархои шогирдонашро мебинам, ман ба хусни хат, дурустии тарзи ичро кардани машку мисолхо ва тозагии дафтари онхо дар хайрат мемонам. У шогирдеро, ки волидонаш дар мухочирати мехнати хастанд, камтар   аз шогирде, ки падараш  раиси ширкат аст, намебинад ва дар хар мачлиси волидон бо сари баланду вичдони пок мегуяд:-«сабаки додаи ман ба хамаи шогирдон яксону якнавохт аст».
  Оре, дар ин замоне, ки аксари муаллимон аз камбудии маоши нокифо бахри пешбурди рузгорашон тарки касб карда, бозорнишин шудаанд, кам андар кам устодон пайдо мешаванд, ки ба шогирд «чонакам» гуянду хамзамон дар фикри саводи комили кулли шогирдон бошанд ва дар гами такдири насли ояндаи чомеъа сузанду созанд. Танхо омузгорони алохидае,  мисоли Сомиддинова Рамзия ин рисолати пуршарафи мукаддасро хифз  мекунанд ва  дар бардоштани бори гарони таълиму тарбияи насли наврас тахаммулпазиранд. Рузе мерасад, ки захирахои кону сарватхои хар давлат ру ба ками меоранд, вале насли бодонишу тарбиятдида дар хар кишвар сарнавиштсози чомеа буда, бобакову бебахо аст. Пас, сано бод ба донишманди бузурги рус Николай Рерих, ки дар шохасаре аз худ гуфтааст: «агар хамаи касбу кор бо харфи хурд навишта шаванд,  номи муаллим  хамеша бо харфи калон аст -Устод».

                Муаллиф            Довудшохи Сулаймоншох
                Санаи иншо  10-и  январи соли 2012
               
               

               
 


Рецензии