Китоби Хиштхона. Дабиристон
ДАБИРИСТОН
Мактабам, эй махзани ирфони ман,
Маърифатомўз дабиристони ман,
Кўдакии мо дар оѓўшат гузашт,
Дар фазои мехри пурчўшат гузашт.
Аз ту мо сехри сухан омўхтаем,
Дўстдории Ватан андўхтаем,
Гаштаем аз илму дониш сарбаланд
Байни мардуми диёри дилписанд.
Корнамоихои фарзандони ту,
Зеббахшанд бар шўхрату бар шони ту.
Мактабам, умри ту наздики навад*
В-ин бузургии туро бошад санад,
Бахри мо будиву хасти то абад
Хамчу машъал рахнамову рохбалад.
_________________________________________
* Мактаби №13 нохияи Ашт соли 1927 кушода шудааст ва соли 2017
навадсолагиашро чашн хохад гирифт.
Абдуќаюми Мухаммадчон
Свидетельство о публикации №221102401927