Китоби Хиштхона. Чашни хаштодат муборак
Хаштод сол муќаддам дар кўхсор овоза шуд,
Ки дар дехи Хиштхона мактабе кушода шуд.
Мактаб - мактаби чадид, хамќадами он замон,
Ёде аз Саъдї карда, ном гузоштанд «Гулистон».
Имрўз ба номи Камол фахр дорад ин дабистон,
Дар маркази Хиштхона, дар мавзеъи гулафшон.
.
Он сол сию шаш писар мактаб ба оѓўш гирифт,
Хаёти нав дар деха аз он замон чўш гирифт.
Аз Ќистакўз омаданд Бахроми ном муаллим,
То ки толибилмонро илми нав диханд таълим.
Номи Боќи Бахроми дар дехаи Хиштхона
Мардум ба ёд меоранд то хол эхтиромона.
Хамаи он шогирдон зистаанд бо номи нек,
Бахри авлодонашон бигзошта фарчоми нек.
Якчанд сол пеш аз ин мактаб ду таќсим гардид,
Ва мактаби шасту як гўё чузъи ў гардид.
Имсол мактаб ид дорад – иди хаштодсолаги,
Чашн мегиранд ду мактаб ин ид дар якчояги.
Дар давоми хаштод сол садхо нафар шогирдон
Илму дониш омўхтанд дар ин зебо дабистон.
Бо мехр ба забон оранд дар деха пиру чавон
Номхои бошарафи устодони мехрубон:
Абдурахмони Хайдар, Мухаммадчони Собир,
Холмухаммади Имом хам Хотамќули Ќодир.
Устоди устодонанд ин номдор омўзгорон
Шогирдони бономўс корашон диханд давом.
Дарси забон омўзанд аз Имомов Рўзибой,
Илму адаб омўзанд аз Умаров Хасанбой.
Муаллимаи зебо Гулшакар Хувайдулло
Хам устоди мохиру хам буд рохбари доно.
Таърихчии кордон аст Ниёзмахмади Имом,
Сохиборден гардидааст ў байни муаллимон.
Сангини Одиназод – физики овозадор,
Ашўров Абдусамеъ – бомахорат директор,
Лингвисти болаёќат - Ашўрмахмади Мирзо
Бо алфози буррояш рах меёбад ба дилхо.
Усмонов Абдуѓани – муаллими «русовед»,-
Лафзи дўстон омўзад ба шогирдон бо умед.
Донандаи наботот – Шарафи Хотамќулзод
Рохи Русияро ба шогирдон нишон дод.
Бахриддини Мирзоёр бо чидду чахди бисёр
Ба химфак менамояд шогирди наве тайёр.
Таи солхои зиёд Сохиббеки Усмонзод
Захмати бисёр кашид чун рохбари худодод.
Ќодиров Хабибулло варзишгари мохир аст,
Тими волейболи ў ба рекордхо ќодир аст.
Абдуѓафур Шерали устои забардаст аст,
Бахри таъмири мактаб ў холо камар бастааст.
Суруди шўхи Фурќат, созу навои Фарход
Завќу сурур оваранд, дилхоро намуда шод.
Хамаи муаллимон росткору растагоранд –
Дар ёди шогирдонанд, коре дигар надоранд.
Эй макони маърифат, хаштод солат муборак!
Умри дарозу неки бобарорат муборак!
Абдуќаюм бигўяд, чун яке аз шогирдон,
Маъхази илму ирфон, бишкуф ба бахти моён!
Абдуќаюми Мухаммадчон,
«Анис», № 5 аз 24 феврали соли 2007
Свидетельство о публикации №221102401935
