Китоби Хиштхона. Боргохи маърифат

                Боргохи маърифат

    Дар асоси ќарори Раиси нохияи Ашт дар дехаи Хиштхонаи чамоати Пунѓаз рўзи 18-уми ноябри соли равон чашни 80 – солагии мактаби раќами 13, ба номи Камоли Хучанди тачлил гардид. Ба ин муносибат дар майдони варзишии мактаб бо иштироки хонандагону омўзгорони мактабњои №13 ва №61, волидону толибилмон, дастпарварони мактаб, устодону собиќадорон, намояндагони шўъбаи маорифи нохия, чамоати дехот чамъомади ботантана баргузор гардид.
       Сараввал дастаи хаваскорони мактаб тахти рохбарии хунарпешаи маъруфу мумтоз, Хунарманди шоистаи Чумхурии Точикистон, дастпарвари мактаб Хочибой Алиматов суруди миллии Точикистонро хеле мохиронаву таъсирбахш ичро намуд. Сипас, муовини Раиси нохия М. Махкамова табрики Раиси нохияи Ашт Д.А.Зохидовро ба муносибати 80-солагии мактаб ќироат намуда, сахми арзандаи хатмкунандагони ин дабистонро дар рушду нумўи тамоми чабхахои хаёти чамъияти ва хочагии халќи чумхурии азизамон ќайд кард. Инчунин чамъомадагон шохиди он гаштанд, ки тўхфаи арзандаи Раиси нохия – компютери нави хозиразамон боиси ќаноатмандии хонандагону омўзгорони мактаб гардид.
      Барномаи махсуси тахиянамудаи Хочибой Алиматов, ки онро хамрохи шогирдаш Фарход Ортиќов тархрези карда, бо иштироки фаъолонаи хонандагони боистеъдоди мактаб амалї гардониданд, боиси пуртантанаву бошукўх гузаштани чашнвора гардид. Шеъру сурудхои дар мавзўъхои ватандўстиву халќпарвари, ахлоќи хамида, васфи бузургону устодон ќироату ичронамудаи талабахои болаёќати мактабхои раќамхои 13 ва 61 Дилфуза Обидинова, Мубина Эрбоева, Човиди Камолпур, Фарзонаи Абдусамад, Мутриба Мадаминова, Мохтоб Шодиева, Эрач Ќодиров ва дигарон писанди хамагон гаштанд.
     Мудири шўъбаи маорифи нохия Толибчон Махмудов пас аз табрикоту супурдани тўхфахои хотирави мехнати пурсамари омўзгорон: Абдуѓафур Шералиев, Мавчуда Ахмадалиева, Фурќат Хочибоев, Ќаноат Собирова, Хабибулло Ќодиров ва тахсили аълою ѓалабаи дар олимпиадаи нохияви бадастовардаи хонандаи синфи 10 Умед Мирзоёровро ќайд намуда, онхоро барои сазовор гаштанашон ба Ифтихорномаи шўъбаи маорифи нохияи Ашт самимона табрик гуфт.
     Устодони мехрубон М. Собиров,  Х.Ќодиров, Х.Имомов, Э.Юлдошев, Ш.Сайфиддинов, Н.Имомов, М.Шарифов аз шунидани суруди ба устод бахшидаи шоир Саидамин Чило дар иљрои Х.Алиматов хеле ба вачд омаданд.
    Бояд гуфт, ки то гузаронидани ин чашн дар давоми беш аз хашт мох собиќ хатмкунандагони хамин мактаб, волидайни хонандагон ва омўзгорон аз ќабили Дадочонов Нишонбой, Ќодиров Содиќчон, Эшбоев Урунбой, Нурматов Рўзибой, Абдувохидов Абдуѓани, Имомов Муродчон, Ќодиров Хабибулло, Абдулазизов Абдурахим, Шодиев Тошмухаммад, Мадазимов Абдулхай, Холматов Фарњодчон, Шодиев Ашўрмахмад, Хакимбой ва Хочибой Алиматовхо ва дигарон ба рохбарияти мактаб ёрии амалии худро дареѓ надоштанд. Аз ин лихоз, бо истифода аз фурсат хамчун дастпарвари хамин мактаб аз номи кумитаи падару модарон ва коллективи мактаб ба хамаи онхое, ки дар таъмиру ободтар намудани бинои мактаб ва гузаронидани ин чашнвора сахм гузоштаанд, миннатдори намуда, умедворам, ки ин кори хайр дар оянда низ идома хохад ёфт.
      Директори мактаб Абдусами Ашўров ки тачлили ин чашнвора натиаи давутоз ва захматхои беандозаи бештар аз дусолаи ўст, пас аз чамъомади онрўза охи сабуке кашид ва шукри Худо кард, ки хамрохаш якчанд нафар шогирдонаш – омўзгорони чавону ѓайратманд ва баору номўс пахлў ба пахлў истода, мехнат мекунанд ва дар кори пуршарафи таълиму тарбияи насли навраси деха такягохи эътимодноки ўянд. Бале, месазад, ки рохбари мактаб бо чунин шогирдон бифахрад. Вале, тавре муовини раиси кумитаи падару модарони мактаб Нишонбой Дадочонов ќайд намуд, хуб мешуд, хамаи омўзгорон нисбати касби душвор, лекин пуршарафи худ дилсўз ва садоќатманд бошанд.
     Раиси чамоати дехоти Понѓоз Фарњодчон Ќурбонов, ки хамеша аз кору бори мактаб хабардор шуда, бахри пешрафти фаъолияти  он кўмак мерасонад, аз тачлили хуби 80-солагии ин дабистон изхори ќаноатманди намуд.

                Абдуќаюми Мухаммадчон.
                Рўзномаи «Шўхрати Ашт», № 37 аз 5 декабри соли 2007


Рецензии