Китоби Хиштхона. Имомов Ниёзмат
Чахон чу чисму ту чони, эй муаллим,
Ту рўхи олами имкони, эй муаллим.
Козими Хушхабар
Имомов Ниёзмат 20 майи соли 1934 дар дехаи Хиштхонаи чамоати Пунѓази нохияи Ашт дар оилаи дехконон – Имоммухаммади Парпизод ва Захробибии Мухаммадзод таваллуд шудааст.
Беш аз панчох сол машѓули касби пуршарафи омўзгори шудааст. Яке аз устодони донишманд ва хеле мехнатдўст мебошад. Бо баробари мукаммал донистани касби худ хамеша дар чустучў буда, дар матбуоти даври бисёр маќолахояш дар мавзўъхои гуногун нашр гардидаанд.
Барои пурратар ба фаъолияти мехнатии ин инсони начиб шинос намудани хонандагон холномаи мухтасари ўро, ки аз забони худаш наберахояш ба рўи ќоѓаз овардаанд, пешкаш менамоем:
«…Соли 1951 ман пас аз итмоми мактаби њафтсола барои сохиби маълумоти миёна гаштан ба шахри Конибодом рафта ба омўзишгохи педагогии мардона дохил шудам. Омўзишгоњи мазкурро бомуваффаќият соли 1955 хатм кардам.
Бо фармони Вазорати маорифи Љумхурии Точикистон давоми ду соли хониш дар шахри Душанбе кор кардам. Соли 1957 ба институти педагогии шахри Ленинобод дохил гашта, онро соли 1962 ба итмом расонидам. Аз хамон сол сар карда дар мактабхои ба номи В. И. Ленин, А. Фирдавсї, С.Айнї ва Камоли Хучандии нохияи Ашт кор ва фаъолият бурдам.
Дар мачмўъ фаъолияти кории ман 53 солро дарбар мегиранд. Як ќисми фаъолияти кории ман асосан дар мактабхои ба номи С. Айнї ва К. Хуљандї гузаштааст. Ман дар ин мактабњо ба сифати омузгор, чонишини директор оид ба таълиму тарбия, директор ва котиби камитети партиявї ва гайрахо фаъолият кардам.
Соли 1967 вакте, ки имтихони давлатї аз фанни таърих мегирифтам, ногахон аз Комитети маркази партияи комунистии Точикистон ва аз Вазорати маориф 3-нафар вакилон омада иштирок намуданд. Дар синф умуман 29-нафар талабагон хузур доштанд, ки 18 нафари онхо сазовори бахои аъло (5) гашта, бокимондахо бошанд, сазовори бахои хуб ( 4 ) шуданд. Синф бо тамоми тачхизотхо мучаххаз буд. Баъд аз ба итмом расидани имтихон вакилони хузур дошта аз чойхояшон бархеста дасти маро фишурда табрик намуданд…
Он вакт ман хамчун рохбари синф фаъолият мекардам ва он шогирдони ман аз дигар фанхо низ бо бахои хубу аъло хонда мактабро хатм намуданд ва айни хол дар сохахои гуногуни хочагии халки Чумхурии Точикистон кор карда истодаанд. Аз ин шогирдони ман 5-6 нафарашон айни хол олимони нуктасанчанд ва дар макотиби олии кишварамон кор карда истодаанд.
Инчунин вакилони аз Вазорати маориф омада, ки як нафари онхо рус буд, ва айни хол ман ном ва насаби уро дар ёд надорам, дар утоки кории директори мактаб амр кард, ки маро ба мукофоти «Аълочии маорифи Чумхурии Точикистон» пешниход намоянд. Ман шахси дуввум дар чамоати дехоти Пунѓаз мебошам, ки ба ин унвон сазовор гаштаам.
Хамин тавр кори ман шабу рўз дар мактабњо мегузашт. Соли 1985 маро Вазорати маорифи Иттињоди Шуравї бо грамотаи фахрии Вазорати маориф ќадрдонї кард. Соли 1990 бо медали «Ветерани мехнат" бо мукофотхои сазовор гаштам. 04 сентябри соли 2004 бо ордени «Шараф» дараљэчаи 2 ва бо мукофотхои дигар сазовор гаштам. Худи хамин сол бо пешниходи президенти Љумхурии Точикистон, пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рахмон маро ба унвони «Муаллими шоистаи Чумхурии Точикистон муносиб дониста буданд. Аммо хуччатхои аз тарафи мактаби миёнаи раками 13-и дехаи Хиштхонаи чамоати Пунѓази нохияи Ашт пешниходшударо аз чї сабаб бошад то хол ба ман номуайян аст, нобуд карданд, ки ман ба ин мукофот сазовор нагаштам. Ман муаллими категорияи олї будам .
Ман дар охир хаминро кайд мекунам, ки соли 2008-ум ногахон ман хангоми ба шогирдонам дар мактаб сабак омухта истоданам сараввал ба бемории сар ва сипас ба бемории чашм гирифтор шудам. Баъд аз табобатхои тулонї ва чаррохи аз тарафи табибони нохияи Ашт ва вилояти Суѓд айни хол аз њар дуи чашмонам нобино гашта ба шогирдонам сабак омўхта наметавонам. Холо дар бистари беморї хобам.
13 феврали соли 2016».
Свидетельство о публикации №221110601102