Китоби Хиштхона. Собиров Абдукарим
(18.07.1950- 06.12.2002 )
Сухан зохир кунад сўзи нихонро,
Зи шамъи дил барафрўзад чахонро.
Хилоли
Собиров Абдукарим 18 июли соли 1950 дар дехаи Хиштхонаи Чамоати Пунѓази нохияи Ашт дар оилаи колхозчи ба дунё омадааст. Падараш Одинаев Масобир (1893-1969). Модараш – Одинаева (Абдуќодирова) Хуршедмо (1895- 12.03.1980).
Соли 1964 мактаби хаштсолаи №13, ба номи Камоли Хучандии дехаи
Хиштхона ва соли 1966 мактаби миёнаи №7, ба номи Садриддин Айнии дехаи Бободархонро бо бахои хубу аъло хатм намудааст.
Соли 1964 ба шўъбаи геологии техникуми индустриалии шахри Душанбе дохил шуда, онро мохи марти соли 1969 ба итмом расонидааст ва то мохи май дар партияи геологи – кофтуковии «Ќаромазори ѓарби»-и экспедитсияи геологии Конимансур дар вазифаи техник-геолог кор кардааст.
Аз мохи майи соли 1969 то мохи майи соли 1971дар сафхои Артиши Шўрави хизмат намудааст.
Солхои 1971-1977 дар факултаи математикаи Институти давлатии педагогии шахри Ленинобод ба номи С.М.Киров тахсил намуда, сохиби маълумоти олии педагоги шудааст.
Солхои 1977-1979 дар мактабхои миёнаи ба номи А.Сино ва В.И.Ленини шахраки Шайдон ва минбаъд то охири хаёташ (16.12.2002) дар мактаби миёнаи №13, ба номи Камоли Хуљанди ба хайси омўзгори фанни математика фаъолият намудааст.
Туфайли поквичдонию мехнатќарини ва софдилию инсондўсти барин хислатхои хамидааш дар байни хамсабаќону хамкорон ва шогирдону ахолии деха сазовори хурмату эхтироми хосае буд.
Барои хизматхои шоёнаш дар назди халќу Ватан бо ду медал: «Барои шучоати харби ба шарафи 100-солагии В.И.Ленин» («За воинскую доблесть в ознаменование 100-летия со дня рождения Владимира Ильича Ленина») –соли 1970 ва «Барои мехнати шоиста» («За трудовое отличие») –соли 1976 мукофотонида шуда, бо Грамотаи фахрии Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон (19.09.1989), нишони сарисинагии «Аълочии фарханги РСС Точикистон» (1990) ва даххо дигар ифтихорномахову рахматномахои комсомол, хизби коммунист, маќомоти сохаи маориф ва ѓайра ќадр гардидааст.
Аз хаёти якчоя бо Собирова (Исмоилова) Шаминиссо Ѓуломиддиновна (23.03.1956 - 17.03.1997) панч нафар фарзанддор шудаанд: Абдусами сохиби 2, Мунаввара - 4, Мушаррафа - 3, ва Муаттара – 3 фарзанданд. Муаззама нав мактаби миёнаро хатм намудааст.
Свидетельство о публикации №221110601115