Китоби Хиштхона. Имомов Рузибой

                Имомов Рўзибой


                Инони нафс кашидан чиходи мардон аст,
                Нафас шумурда задан зикри ахли ирфон аст.
               
                Соиб

               
       Имомов Рўзибой 25 феврали соли 1936 дар дехаи Хиштхонаи нохияи Ашт дар оилаи дехќонон – Имоммухаммади Парпизод ва Захробибии Мухаммадзод ба дунё омадааст. Давраи кўдакиаш ба айёми Чанги Бузурги Ватанї рост омадааст ва хамрохи калонсолон тамоми дањшатхои ин чангро бо чашмаш дидаву хуб эхсос намудааст.

     Соли 1953 мактаби хафтсолаи раќами 13-и дехаи Хиштхона ва соли 1956 мактаб-интернати №3 шахри Ленинободро хатм намудааст. Сипас душвор будани вазъи оилавиашонро ба назар гирифта як сол ба падару модараш ёрї расонидааст ва соли 1957 ба факултаи таърих ва филологияи Донишкадаи давлатии педагогии шахри Ленинобод дохил шуда, онро соли 1962 бомуваффаќият бо гирифтани ихтисоси муаллими забон ва адабиёти точик ба итмом расонидааст. Солхои 1962-1963 дар ва мактаби 8-солаи нохияи Куйбишев ва аз соли 1963 то соли 2008 дар мактабхои №13
№61-и дехаи Хиштхона машѓули касби пурифтихори омўзгорї шудааст.

     Борхо махорати ташкилотчигї ва савияи баланди дониши Р.Имомовро ба назар гирифта, ўро барои кор дар вазифахои рохбарикунандаи чамоату кумитахои  комсомолию хизбии нохия таклиф намудаанд, вале ў, ки дилбохтаи касби омўзгорї буд ба иваз намудани касбу кораш розї нашуд.

    Солхои 1965-1980 вазифаи мудири ќисми таълимии мактаби №13-ро ба ўхда дошт ва тамоми ќобилияту хастиашро ба кори таълиму тарбия ва муттахидию дўстии кормандони мактаб бахшид. Барои тачрибаи кории Р Имомовро омўхтан аз макотиби олии кишвар ба мактаб мунтазам тачрибаомўзонро мефиристоданд ва  ў чун омўзгори сохибтачриба ва мураббии ѓамхор дар нозукихои касби пурифтихори омўзгориро азхуд намудани он донишчўёни тачрибаомўз хиссаи сазовор мегузошт.

   Соли 1987 ба унвони «Муаллими калон» ва соли 1991 ба унвони «Муллим-методист» сазовор дониста шудааст.

    Бояд зикр намуд, ки Имомов Рўзибой солхои зиёд раиси кумитаи расму оинхои назди Шўрои чамоати дехоти Пунѓаз будааст ва барои ба танзим даровардани маъракаю маросимхо ва дигар урфу одатхои махаллї хиссаи арзанда гузоштааст. Чун намояндаи мардум дар Шўрои деха дар маъракахои ободонии дехаи Хиштхона фаъолона иштирок намудааст ва холо низ аз ин маъракахо дар канор нест. Иштироки бевоситаи ў дар чамъоварию ба тартиб даровардани маводхои хамин китоби дар даст доштаи хонандагони арчманд низ аз ин нукта гувохї медихад.
 
       Фаъолияти бенуќсон ва чамъиятчигии ин инсони комил буд, ки ўро сазовори Ифтихорномахои Кумитаи Марказии Хизби коммунисти  Точикистон,  Кумитаи Марказии комсомол, Вазорати маорифи Чумхурї ва Шўъбаи маорифи нохия донистаанд. Инчунин соли 1987 бо медали «Собиќадори мехнат» («Ветеран труда») мукофотонидаанд.

      Хамрохи хамсари мехрубонаш Тўтиниссо аз он мефахранд, ки тавонистаанд оилаи ахлу тифоќ ва намунавие барпо кунанду хамаи фарзандону наберагонашонро чун инсонхои комил дар рўхияи ватандўстиву мехнатќаринї тарбия намудаанду менамоянд.
    


Рецензии