Китоби Хиштхона. Омузгорони деха
Агар дар чахон набвад омўзгор,
Шавад тира аз бехирад рўзгор.
А. Чоми
Омўзгор
Хамчу шири модарон сап-сафед дил дорад ў,
Андаруни ќалби хар шогирд манзил дорад ў,
То бигардад рострав дар зиндагияш хар яке,
Бахри эшон доимо бо мехр дил биспорад ў.
Ростбину ростгўю некфитрат асту растагор,
Илм омўзад ба мо бо изни Бархаќ Кирдигор,
Бо мухаббат халќ варо устод номаш мебарад,
Мардумашро чунки ў омўхт равиши рўзгор.
Мо хамефахрем ба номи хар як устод ин замон,
Корхои некашон доим морост вирди забон,
Бо накў пандхояшон дар ќалби моён зиндаанд,
Фонусеанд рахнамои зиндагон дар ин чахон.
Сарбаланду зинда бош, эй муаллим, то абад,
Фатху нусрат бод насибат дар набарди неку бад,
Дар хадис омад, ки шогирдро бошї падар,
Бор, Худоё, ки туро обод бошад оќибат!
Абдуќаюми Мухаммадчон
Омўзгорони аввалини деха
Чуноне, ки аз наќлхои мўйсафедони деха (масалан, аз хотироти Захробибии Мухаммад – модари устодон Имомовхо) бармеояд, хануз солхои охири асри Х!Х ва аввали асри ХХ Мулло Одирмат писари Толиб ба фарзандони ахолии дехаи Хиштхона савод меомўхтааст. Барои дарсгузарї бинои махсусе вучуд надоштааст ва аз ин сабаб сабаќомўзї дар хавлї ва хонаи шахсии он кас мегузаштааст.
Пас аз Инќилоби Октябр бошад, аз фарзандони деха:
1)Хайдаров Абдурахмон солхои 1930-1932 Омўзишгохи педагогии шахри Конибодомро;
2)Собиров Мухаммадчон солхои 1937-1938 курси яксолаи муаллимтайёркунии шахри Сталинободро (хозира Душанбе), солхои 1940-1941 курси яксолаи тайёркунии омўзгорони забони точикии шахри Тошкандро ва солхои 1948-1952 Факултаи ѓоибонаи Донишкадаи (Институти) омўзгории шахри Ленинободро;
3)Имомов Марачаб солхои 1952-1956 Донишкадаи (Институти) омўзгории шахри Сталинобод (хозира Душанбе) ба номи Т.Г.Шевченкоро хатм намуда,
- Хайдаров А. аввалин шуда сохиби маълумоти миёнаи педагогї;
-Собиров М. аввалин шуда сохиби маълумоти нопурраи олии педагогї ва
- Имомов М. аввалин шуда сохиби маълумоти олии педагогї
дар дехаи Хиштхона гаштаанд.
Свидетельство о публикации №221110600113
Писарони Бобокалон: Исмоил Оксакол,Маткабил, Мулло Дадомат.
Писарони Мадамин: Тошмат, Турсунмат, Машарифчон.
Писарони Ниёз: Ахмадчон, Рахматчон, Махмудчон.
Писарони Усмон: Абдувохид, Сулаймонкул.
Писарони Собир: Мухаммадчон, Абдукаххор, Абулхошим, Абдукарим.
Аз байни наберагони Мулло Одирмат чор нафар - Собиров Мухаммадчон, Усмонов Абдувохид, Собиров Абдукаххор ва Собиров Абдукарим ба касби омузгори шугл варзидаанд.
Дар байни аберагони Мулло Одирмат касби омузгориро ихтиёр намудагон зиёданд. Аз чумла: Абдувохидов Абдугани, Дадоматов Садриддин, Дадоматов Точиддин, Дадоматов Фахриддин, Мамадчонов Абдукаюм, Норматов Ёрмухаммад Усмонович, Норматов Сохиббек Усмонович, Норматов Шодибек Усмонович, Норматова (Собирова) Сабохат Мамадчоновна, Собиров Абдуворис Мамадчонович, Собирова Каноат Мамадчоновна, Ниёзов Ахмадчон Махмудчонович, Усмонов Абдумалик Абдувохидович, Усмонов Муъминчон Абдувохидович, Шералиев Абдугафур Ахмадчонович.
Чаберахои Мулло Одирмат -
Исмоилов Муъминчон Гуломиддинович, Исмоилов Шокирчон Гуломиддинович, Мамадчонов Абдувосит Абдукаюмович, Олимов Пайрав Камолиддинович, Олимова (Чамолиддинова) Манзура Зиёмиддиновна, Тошматова Гулхумор Алибоевна, Тошматова Алибоевна, Дадоматов Бахром Точиддинович ва дигарону баъзе аз фарзандони онон низ омузгори намудаанд.
Абдукаюм Мамаджанов 03.10.2025 16:59 Заявить о нарушении