Китоби Хиштхона. Ахмадалиев Абдулазиз

                Ахмадалиев Абдулазиз
                (12.06.1936 - 27.10.1992)

                Онро, ки хирад шавад пазира,
                Аз хона чи фарќ то чазира.
               
                Шохин

               
      Ахмадалиев Абдулазиз 12 июни соли 1936 дар дењэхаи Хиштхонаи нохияи Ашт   дида ба дунёи хасти кушодааст.

Вай то синфи хафтум дар мактаби   «Гулистон»-и дехаи Хиштхона тахсил кардааст.

Соли 1953 тахсилашро дар мактаби ба номи В.И.Ленини шахраки Шайдон давом дода,соли 1956 синфи 11-ро бо бахои хубу аъло хатм намудааст.   Ў хамсабаќи Махмудљон Вохидов хунарманди халќии Точикистон буд.

Баъди хатми мактаби миёна ба Институти педагогии шахри Ленинобод (Хучанд), ба шўъбаи химия-биология дохил шуда, онро бомуваффаќият хатм намудааст.

Соли 1961 ба мактаби ба номи Ленини шахраки Шайдон омада, фаъолияти омўзгориашро оѓоз намудааст.

Соли 1963 бо роњхати шўъбаи маорифи ноњия ба сифати љонишини директор ба мактаби миёнаи ба номи С.Айни ба кор фиристода шуд.

Аз соли 1966 то 1970 директор шуда кор ва фаъолият намудааст. Дар пеш рафтани кори таълиму тарбия, барои ободи ва нашъунамо ёфтани мактаби ба номи С.Айни хиссагузори кардааст.


Барои хизматхои шоён ва тарбияи насли наврас якчанд маротиба бо ифтихорномаю мукофотхо, инчунин бо унвони фахрии «Аълочии маорифи халќ» сарфароз гардонида шудааст.

Ахмадалиев Абдулазиз шогирдхое ба камол расонид, ки дар сохахои гуногуни чамъиятиву давлати  чун симохои бузург шинохта шуда, хатто берун аз марзи давлатамон шўхратёр гаштаанд.

 Хамсари Ањмадалиев Абдулазиз - Ахмадалиева (Неъматова) Хукминисо   зани босавод, халиму хоксор, мехнатќарин мебошад. Аз ин рў хашт фарзандро боодоб ва накў ба камол расонидааст. Ў соли 2014 зиёрати Хонаи Худоро  ба чо овардааст.

Онон аз худ мероси накў боќи гузоштаанд, хашт фарзанди маълумоти олидор, ду нафар медалист-Абдуворис дорандаи медали тилло, Муборак дорандаи медали нуќра мебошанд.

Фарзандони Ахмадалиев Абдулазиз дар сохахои гуногун кор ва фаъолият намуда истодаанд: Абдунозир, Мавчуда, Айюбчон ва Муборак омўзгоранд. Абдуворис-гирандаи дипломи сурх рассом мебошад, Абдувосию Абдуносир - мухандис ва Манзура мурабби мебошанд.

 27 октябри соли 1992 дили ин инсони бузург аз тапидан  бозмонд.


Рецензии