Китоби Хиштхона. Хайдаров Абдурахмон
(16.05.1913 – 13.10.1975 )
Намонад касе дар чахон пойдор,
Хамон номи некў бувад ёдгор.
Фирдавси
Хайдаров Абдурахмон 16 майи соли 1913 дар дехаи Хиштхонаи чамоати Пунѓази нохияи Ашт ба дунёи хасти чашм кушодааст. Падараш – Муродов Хайдарали. Модараш – Азизова Рисќиниссо.
Пас аз сохиби маълумоти ибтидои гаштан, дар Омўзишгохи омўзгории шахри Конибодом тахсил намуда, соли 1932 онро бомуваффаќият хатм намудааст ва аввалин омўзгори маълумоти миёнаи омўзгори доштаи дехаи Хиштхона гардидааст.
Солхои 1932 – 1936 дар вазифаи муаллими мактаби дехаи Бободархон, 1937-1942 дар мактаби хафтсолаи дехаи Пунѓаз, 1942-1944 дар мактаби хафтсолаи дехаи Бободархон ва солхои 1944-1946 дар вазифаи директори мактаби №2 шахраки Шайдон фаъолият намудааст.
Солхои 1946-1947 дар шўъбаи маорифи нохия ба хайси методист кор кардааст ва солхои 1947-1949 мансаби директории мактаби №4-и дехаи Пунѓазро ба ўхда доштааст.
Аз соли 1949 то соли 1950 вазифаи директории хонаи бачагони шахраки Шайдонро ичро намудааст.
Солхои 1952-1953 дар вазифаи директор ва минбаъд то ба нафаќа баромадан дар вазифаи муаллимии мактаби хафтсолаи №13-и дехаи Хиштхона мехнат кардааст.
Соли 1946 бо медали «Барои мехнати шарафнок дар солхои Чанги Бузурги Ватани» ва минбаъд бо мукофотхои зиёди дигар, аз чумла рахматномаю ифтихорномахо ќадр гардонида шудааст.
Аз хаёти якчоя бо Азизова Марям як нафар духтар доштанд. Духтарашон Раънобиби ба Дадоматов Хомидчон ба шавхар баромада сохиби фарзандон ва наберагони зиёд гардидааст.
Свидетельство о публикации №221110600115