Китоби Хиштхона. Сангини Одиназода

                Сангини Одиназода


                Зи тадбири пири кухан бармагард,
                Ки корозмуда бувад солхвард.
               
                Саъди


Сангини Одиназода 4 марти соли 1946 дар дехаи Хиштхонаи чамоати Пунѓази нохияи Ашт дар оилаи дехќон ба дунё омадааст.
 
  Соли 1961 мактаби   хафтсоласолаи ба номи  Камоли Хучандии дехаи  Хиштхона ва соли 1965 мактаби миёнаи №7 ба номи С. Айнии дехаи Бободархонро   бо бахои хубу аъло ба итмом расонидааст.

  Соли 1965 ба ба факултаи физика–математикаи Донишкадаи (институти)  давлатии педагогии  шахри Ленинобод ба номи С.М. Киров (холо ДДХ ба номи Академик Б. Ѓафуров) дохил шуда, онро соли 1969 бо гирифтани ихтисоси муаллими физика–математикаи мактаби миёна бомуваффаќият ба анчом расонидааст.

 Худи хамон сол  фаъолияти омўзгориашро дар мактаби миёнаи ба номи Маъдани дехаи Пунѓаз оѓоз кардааст.

Аз мохи  ноябри соли 1969  то мохи августи соли 1970 дар ќисми харбии №20743, ки дар шахри Комсомолски назди Амур чойгир буд,  хизмат кардааст.

Аз мохи сентябри соли 1970 сар карда, аввал дар мактаби миёнаи ба номи Маъдани дехаи  Пунѓаз  баъд   дар мактаби №13, ба номи Камоли Хучандии дехаи Хиштхона  ба хайси омўзгор фаъолияти пурсамар намуда истодааст.



  Ў дар байни маорифчиёни нохияи Ашт хамчун муаллими ташаббускору чамоатчии фаъол, эчодкору навовар ном баровардааст. Хамкорону шогирдонаш ўро устод хисобида, аз ў маслихатхо мепурсанд.

  С. Одиназода бахшида ба 80- солагии мактаби азизаш китоберо бо номи „Сад мисолу  масъала аз таърихи диёр” ба чоп омода намуд, ки 70-80 % маводхои истифода шуда  аз таърихи нохия ва барномахои ичтимоию иќтисодии диёр гирифта шудааст.

    Шогирдони  ў дар озмунхои мактаби, нохияви, вилояти ва чумхурияви иштирок карда, ба муваффаќиятхои назаррас ноил гаштаанд. 
Зиёда аз 30 нафар хонандагон ѓолиби озмуни фаннїэи ва ѓолиби махфили физикони чавони мактаб гардидаанд.

Аз рўйи натичахои кори бисёрсолаи омўзгор   С. Одиназода „Муаллими бехтарини сол” дар соли 2013 хисобида шуда, сохиби Ифтихорномаи Хукумати вилояти Суѓд гаштааст.
 
  С. Одиназода дар сахифахои матбуоти чумхуриявї бо маќолахои илми– методи баромад менамояд. Даххо маќолахояш дар мачаллаи „Мактаби совети” („Маърифат”) рўйи чопро дидаанд, ки аз онхо  омўзгорони тамоми чумхури   истифода мебаранд. 
С. Одиназода  хамрохи аъзоёни махфили ихтироъкорони наврас зиёда аз 500  асбобхои таълими сохтааст.
 
Мехнати пурарзиш ва бисёрсолаи   С. Одиназода  дар сохаи маорифи халќ    бо зиёда аз 50 тахсинномаю ифтихорномахо, нишони сарисинагии ѓолиби мусобиќаи солхои 1975 ва 1987 ,  унвони „Муаллими калон”,   унвони „Муаллими методист”,   тахассуси омўзгори дарачаи олї ва бо нишони „Аълочии маорифи Точикистон” ќадр карда шудааст.

Дар бораи хаёту фаъолияти бобаракати ин педагоги пешќадам, фидоии сохаи маориф ва инсони покдилу поквичдон дар сахифахои матбуоти даври маќолахо дарч гардидаанд, ки аз чумлаи онхо маќолаи дар рўзномаи «Шўхрати Ашт» соли 1999 дарчгардидаи Ф. Ќурбоновро мисол овардан меарзад.

 С. Одиназода мўътаќид аст, ки:

 «Ин умр ба абри навбахорон монад,
Ин дида ба сели кўхсорон монад.
Эй дўст, чунон бизи, ки баъд аз мурдан,
Ангушти газидани ба ёрон монад».

Ў инчунин ба шогирдонаш талќин менамояд, ки ободкориву созандаги аз эчодкорї, илму дониш аз хониш ва хониш аз саъю кўшиш аст.
 


Рецензии