Китоби Хиштхона. Собиров Мухаммадчон

               

                Собиров Мухаммадчон

                (20.02.1920 – 27.05.2012) 


                Зи хуршеду зи обу зи боду зи хок
                Нагардад табах ному гуфтори пок.

               
                Фирдавси

 
               Собиров Мухаммадчон 20 феврали соли 1920 дар дехаи Хиштхонаи нохияи Ашт дар оилаи  Масобири Муллоодирмат ва  Хуршедмохи Усто Абдуќодир таваллуд шудааст.

            Соли 1927 дар ќатори 36 нафар аввалин талабагони мактаби ибтидоии навташкили дехаи Хиштхона назди колхози «Гулистон» - и  деха дохил шуда, соли 1930 синфи сеюмро хатм намудааст. Солхои 1933- 1934 дар синфи чори мактаби ибтидоии дехаи Бободархон тахсил намудааст.

            Солхои 1934-1937 дар колхози «Гулистон» кор кардааст. Сипас солхои 1937-1938 курси яксолаи муаллимтайёркунии шахри Сталинободро хатм намуда,  солхои 1938-1940 дар мактабхои ибтидоии дехахои Бободархону Бурак омўзгори намудааст.

          Солхои 1940-1941  курси яксолаи муллимони забони точики тайёркунии шахри Тошкандро бомуваффаќият хатм намудааст ва бо роххати комиссариати харби солхои 1941-1942 дар вазифаи мудири мактаби ибтидоии дехаи Нофарочи нохияи Шахристон хизмат намудааст.

         Солхои 1942-1943 дар вазифахои мудири мактаби ибтидоии колхози «Гулистон» - и дехаи Хиштхона,

1943-1944 муаллими забон ва адабиёти точики мактаби хафтсолаи назди колхози «Аскари Сурх» - и дехаи Бободархон,

1944-1945 мудири ќисми илмии мактаби хафтсолаи назди колхози ба номи И.В.Сталини дехаи Мулломир,

1945-1946 мудири ќисми илмии мактаби хафтсолаи дехаи Бободархон,

1946-1947 мудири мактаби хафтсолаи дехаи Ќамишќурѓон,

1947- 1948 мудири мактаби ибтидоии дехаи Хиштхона,

1948-1949 мудири ќисми илмии мактаби ибтидоии дехаи Мулломир,

1948-1950 мудири мактаби ибтидоии дехаи Хиштхона,

1950-1954 мудири ќисми илмии мактаби хафтсолаи ба номи Садриддин Айнии дехаи Бободархон,

1954-1960 муаллими забон ва адабиёти точики мактабхои хафтсолаи дехахои Бободархону Хиштхона,

1960- 1963 директори мактаби хаштсолаи ба номи Камоли Хучандии дехаи Хиштхона,

 1963-1980 муаллими забон ва адабиёти мактаби хаштсола ва миёнаи ( аз соли 1971) ба номи Камоли Хучандии дехаи Хиштхона кор кардааст.

     Солхои 1948-1952 Донишкадаи (Институти) ѓоибонаи муаллимии шахри Ленинободро хатм намуда, дар дехаи Хиштхона аввалин муаллими малумоти олии нопуррадор гардидааст.

     Соли 1980  бо собиќаи 43-солаи бетанаффуси омўзгори ба нафаќа баромадааст.

     Чи тавре, ки аз наќлхои яке аз шогирдони азизу бовафояш – Абдуќодир Холматов, ки худ пас аз бо зафар баргаштан аз Чанги Бузурги Ватани, он ваќт харчанд маълумот ва саводи казои надошта бошад хам, чун иштирокчи ва маъюби ЧБВ ба вазифаи муаллимии синфи яки мактаби хафтсолаи дехаи Бободархон таъин карда шуда буд, бармеояд, Собиров М. инсони хеле хайрхох ва дурандеше будааст.

Мувофиќи наќли А.Холматов Мухаммадчон Собиров, ки он ваќт дар вазифаи мудири ќисми илмии мактаби номбурда кор мекардааст, хар рўз пас аз кор «дасташро ќапида» ба ў навиштани харфхоро меомўхтааст, то ин ки рўзи дигар муаллим Холматов А. ба талабагон он харфхоро омўзонад. «Хамин тавр, - мегўяд Абдуќодир Холматов, - то охири нимсолаи аввали соли хониш хам ман ва хам шогирдони ман «Алифбо»-ро омўхтем». 

     Бо бисёр мукофотхои давлатию сохави аз чумла соли 1980 бо медали «Собиќадори мехнат» («Ветеран труда»)  ќадр гардонида шудааст.
 
   Мохи январи соли 1944 ба Исмоилова Рисолатмох (духтари Бобокалонов Исмоил-Оќсаќол ва Хуршедмо Ќобилова) хонадор шуда, то охири умраш бо хам зиндаги намудаанд.

Исмоилова Рисолатмох аз соли 1942 то  соли 1976 ба касби кишоварзи машѓул будааст.

Бо якчанд медалхо ва ордени «Модари» («Материнство»), соли 1976 бошад, бо медали «Собиќадори мењнат» («Ветеран труда») ва соли 2015 бо медали чашнии «75- солагии Ѓалаба дар Чанги Бузурги Ватани» мукофотонида шудааст.

Хар гахе бинам турову рўи пурожанги ту,
Хар як ожанг мекунад наќл аз хаёти санги ту,
Мешаванд андешахоям бомаром шабхо ба хоб,
Гар яке орад ба ёдам аллаву оханги ту…
… Рафта бо изнат ба хифзи сулхи кишвар ваќти чанг,
Бинмуд ичро ќарзи худро бовафо сарханги ту…


Фарзандонашон: Мархамат, Абдуќаюм, Абдусаттор, Малохат, Сабохат, Рафоат, Абдуворис ва Ќаноат.

Мухаммадчон Собиров  27  маи  соли  2012  дунёи фониро падруд гуфтааст.



               


Рецензии