Китоби Хиштхона. Фарход Курбонов, Устоди устодон

                У С Т О Д И    У С Т О Д О Н


       Ин марди шарифро ахли дехаи Хиштхона бо эхтиром устод мегўянд. Тўли солиёни зиёд ба фарзандони дехоти Хиштхонаву Бурак, Сарову Бободархон, Ќамишќурѓону Мулломир ва дехаи Нофарочи нохияи Шахристон сабаќ омўхтааст. Ба муносибати чашни фархундаи 80-солагии ташкилёбии нохия бо собиќадори мехнат Мухаммадчон Собиров вохўрда, аз рўзгори он давр ќиссахои марѓубе шунидем. Устод хамрохи шодравон Абдурахмон Хайдаров аз муаллимони аввалини маълумотдори дехаи Хиштхона будаанд.

     Муаллим ба мо барои ташкили сўхбат миннатдори намуда, илтимос карданд, ки туфайли рўзнома табрики эшонро ба хамдиёрони дуру наздик ба муносибати чашни 80-солагии нохия расонем.

    - Хурсандам, ки дар ќатори чашнхои бузургу мухими соли равон хамдиёрони мо 80-солагии нохияи хешро низ ќайд хоханд кард, - ибрози аќида намуданд устод ва фикру андешахи хешро аз он рўзгорон идома бахшиданд. – Бо таќозои хаёт солхои ташкил шудани нохияамон дар дехаи мо – Хиштхона низ воќеаи мухиме рух дод. Соли 1927 дар деха мактаби ибтидои кушода шуд ва ман хамрохи 35 нафар хамсолонам ба остонаи он аввалин шуда ќадам мондем. Гарчанд аз он рўз ќариб 80 сол сипари гашта бошад хам, то хол муаллими аввалини худ Боќи Бахромиро хеле хуб дар ёд дорам. Эшон, ки худ зодаи дехаи Ќистакўзи нохияи хозираи ба номи Бобочон Ѓафуров буданд, шахси бисёр босавод, маърифатнок, ташкилотчи ва дорои хислатхои хамидаи инсониву омўзгори буданд. Ёдашон бахайр! Махз муаллим Бахроми ба моён (дар ибтидои соли 1927 ба синфи якуми мактаби навтаъсис талабагони синну солашон аз 7 то 15 – сола рафта будем) дарси хештаншиносиву ватандўсти омўхтанд, шавќу завќро дар дили мо ба илмомўзию доништалаби бедор карданд. Хамин боис шуду дар дилам нисбат ба касби омўзгори мехр пайдо гашт ва соли 1937 пас аз 4 соли кор дар колхози «Гулистон»-и дехаамон ба курси яксолаи муаллимтайёркунии шахри Сталинобод (хозира Душанбе) рафтам.

      Устод Мухаммадчон Собиров хеле барваќт дарк карда буданд, ки он кас ба мардум даркоранд ва домони касби омўзгориро аз аввал мустахкам доштанд. Тўли солхои 1938 – 1980 бетанаффус ба ин касби пуршараф машѓул буданд ва то ба нафаќа баромадан дар дафтарчаи мехнатиашон боре калимахои «аз вазифа озод карда шавад» навишта нашуд. Хамеша бо фармонхои мудирони маориф ва дар солхои Чанги Бузурги Ватани бошад, бо супоришхои махсуси комиссариати харби дар чойхои заруртарин рафта кор мекарданд. Аз боиси маъюби ба фронт нарафта бошанд хам, дар солхои ЧБВ ва солхои баъдичангии барќароркунии хочагии халќ хамеша пас аз кори мактаб дар сахро низ хамрохи колхозчиён мехнат мекарданд.


     Ин пири хирадманд аз 46 соли фаъолияти мехнати беш аз 42 соли онро ба ичрои касби пуршарафи муаллими (асосан дар вазифахои рохбарии мактабхо) бахшидаанд. Хамеша аз муваффаќияту пешравии шогирдонашон, ки дар байнашон арбобони намоёни давлати, олимони барчаста, мутахассисони варзидаи касбу кори гуногун бисёранд, шод гашта, боифтихор онхоро ёд менамоянд ва дар хаќќашон дуои нек мекунанд. Охир хамаи онхо чун фарзандони баору номўси точик на танхо ба мардуми нохияаамон, балки барои тамоми Ватанамон – Точикистони азиз хизмат кардаанду мекунанд. Профессорон Ашўрбой Имомов, Эрбой Усмонов, Фахриддин Мирзоахмадов, Точиддин Неъматов, дотсенту номзадхои илм Хакимбой Дадоматов, Масаид Шерматов, Азизмат Имомов, Шавкат Шерматов аз шогирдони барўманди устоданд.

     Устод Мухаммадчон Собиров хамрохи хамсари хеш фарзандони солехро тарбияву ба воя расониданд. Писарон Абдуќаюм – полковники мустаъфии Вазорати корхои дохилии чумхури, Абдуворис – майори хадамоти гумрук, духтарон Малохат – кишоварз, Сабохат,  Рафоат ва Ќаноат муаллимони маълумоти олидоранд. Хизматхои ветерани мехнат аз тарафи давлат хуб ќадрдони гардидаанд.

     - Басо шоду мамнунам, ки бинобар сиёсати хирадмандонаи Хукумати чумхури ва сарвари он мўхтарам Эмомали Шарипович Рахмонов хаётамон торафт рангу мазмуни тоза мегирад, - мегўянд устод М.Собиров. – Осмон, ки софу беѓубор шуд, сулху вахдат, ки реша давонд, рўзгори мо лабрези шодиву сурур мегардад, ба ќайди санахои таърихи рохи васеъ кушода мешавад. Соли 2007-ум мактаби дехаи Хиштхона , ки номи шоири бузург Камоли Хучандиро дорад, 80-сола мешавад. Эътимоди комил дорам, ки ин санаи фархундаро низ хамрохи шогирдон ва омўзгорони мактаб ба дарачаи баланд тачлил менамоем.

               
                Фарход Ќурбонзода.

                Рўзномаи  «Шўхрати Ашт», № 19 аз 30 августи соли 2006.


Рецензии