Китоби Хиштхона. Имомов Марачаб

                Имомов Марачаб

                (07.04.1933 – 02.06.1999 )


                Зи хар кас, ки номе дар айём монд,
                Чи ѓам гар бимирад, к-аз ў ном монд.
               
                Шохин



         Имомов Марачаб – устоди нахустини маълумоти оли гирифта мебошад.

          Ў 7 апрели  соли 1933  дар дехаи Хиштхонаи нохияи Ашт таваллуд шудааст.Падараш - Имоммухаммади Парпизод. Модараш - Захробибии Мухаммадзод

          Пас аз хатми мактаб-интернати №3 шахри Ленинобод Имомов М. соли 1950 муаллими мактаби хафтсолаи дехаи Мулломир ва аз августи соли 1951 мудири шўъбаи мактабхои комитети комсомолии нохияи Ашт шуда кор кард. Бо роххати комсомол соли 1952 ба Донишкадаи (Институти) педагогии ба номи Т.Г.Шевченкои шањри Сталинобод (хозира Душанбе) дохил шуда, онро соли 1956 бомуваффаќият хатм менамояд.

          Бо супориши Вазорати маорифи РСС Точикистон директори мактаби миёнаи ба номи В.И. Ленини нохияи Куйбишев таъин мегардад. Дар ин вазифа ду сол кор карда. Ин мактабро ба мактаби намунавии нохия табдил дод.

         Соли 1958 М.Имомов ба зодгохаш омада, то соли 1982 дар вазифахои директори мактаби миёнаи №7 ба номи С.Айнии нохияи Ашт, инспектори Шўъбаи маорифи нохияи Ашт ва раиси совети ќишлоќи Пунѓази ноњияи Ашт шуда пурмахсул кор кардааст.
         Бо як ќатор мукофотхои сохавию давлати арљманди гардидааст.

         Дар давоми фаъолияти мехнатиаш барои ободонии на танхо дехаи Хиштхона, балки тамоми дехахои чамоати Пунѓаз хизматхои арзанда намудааст, ки туфайли он дар байни мардум обрўю эътибори хосае дошт.

        Аз хаёти якчоя бо завчааш – Имомова Рисќинисо шаш фарзанд доранд - Махбуба, Маъсум, Махмуд, Мутриба, Заррина ва Нафиса.

        02 июни соли 1999 риштаи хаёти ин инсони начиб бармахал канда шуд.


Рецензии