Китоби Хиштхона. Одибоев Бахриддин

                Одибоев Бахриддин


                Касе, ки њусни рухи дўст дар назар дорад,
                Муњаќаќ аст, ки ў њосили басар дорад.
               
                Њофиз


     Одибоев Бањриддин соли 1984 шўъбаи биология - химияи Донишкадаи давлатии омўзгории шањри Хуљандро бо дипломи аъло хатм кардааст. Аз соли 1984 дар муассисаи раќами 13 ноњияи Ашт бо њайси омўзгори фанни химия–биология кор мекунад.

Одибоев Бањриддин пайваста дониш ва мањорати худро барои пурмазмун ва шавќовар гузаштани дарсњояш баланд мебардорад. Яке аз проблемаи муњими таълими химия, биология ин корњои беруназсинфї мебошад.

Ў дар фаъолияти кориаш шаклњои гуногуни корњои беруназсинфиро дар таълими ин фанњо гузаронидааст. Аз љумла: „Њафтањои химиявї, биологї”, „Журнали дањонї”, „Клуби хушњолони њозирљавоб”, „Мубоњисаи химиявї”, „Конференсияи биологї– химявї”, „Шабњои биологї”, „Њамадон”, „Викторинањои экологї” ва ѓайрањо.
Корњои беруназсинфї  алоќаи материалњои омўхташавандаро ба њаёт, амалия ва истифодаи онро дар истењсолот мепайвандад. Дар касб интихобкунии хонандагон мавќеи муњим мебозад. Дар тайёр ва гузаронидани корњои беруназсинфї роли мањфили „Химикони љавон”, „Табиатдўстони љавон”–и муассиса калон аст. Омўзгор дар корњои љамъиятии муассиса фаъолона иштирок мекунад. 

Одибоев Бањриддин соли 1986 ба гирифтани  нишони „Аълочии маорифи халќ” сазовор гаштааст.

Кабинети методии шуъбаи маорифи ноњияи Ашт аз таљрибаи омўзгори фанни химияи муассисаи раќами 13 Одибоев Бањриддин дастури методии „Корњои беруназсинфї дар таълими химия”–ро соли 1991 аз чоп баровардааст.

Ин дастурро иттифоќи муаллимони эљодкори ноњия ва вилоят ба чоп тавсия кардааст.
Соли 1990 дар хонишњои омўзгории вилоят бо маърўзаи „Корњои беруназсинфї дар таълими химия” баромад намуд, сазовори тањсинномаи Умури маорифи халќи вилоят гардидааст ва бо худи њамин мавзўъ дар хонишњои XIV педагогии љумњурї ширкат варзидааст.

Аз соли 1991 омўзгори дараљаи тахассуси олї мебошад.
Шогирдони омўзгор дар озмунњои ноњиявї, вилоятї ва љумњуриявї иштирок карда љойњои ифтихориро ишѓол карданд.

Соли 2010 дар соли маориф ва фарњанги техника шогирдаш Мирзоёров Умед дар озмуни љумњуриявї аз фанни билолгия иштирок карда сазовори љойи дуюм, медали нуќра гардид. Дар ин сол омўзгор барои фаъолияти баланди касбї дар љодаи таълиму тарбия ва дастовардњои хуби мењнатї ба муносибати Соли маориф ва фарњанги техникї бо Сипосномаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд аз 27.08.2010 сарфароз гардонида шуд.

Бештари шогирдон дар Донишкадањои љумњурї аз ќабили ДДТТ, ДАТ, ДДХ, ДМТ тањсил мекунанд. Дар хориљи кишвар Руссия Дар Академияи тибби шањри Ижевск, Академияи тибби шањри Перм ва Санкт Петербург низ шогирдонаш тањсили илм мекунанд.
Шогирдонаш Ќодиров Содиќ Абдурањимович дар Олмон ба њайси олими илми биология ва тиб ба донишљўён дарс мегўяд.

 Одибоев Бањриддин пайваста дониши назариявї ва методиашро такмил дода, шаклњои корњои беруназсинфиро дар самаронокии таълими илми кимиё љустуљў менамояд.

Ў пайваста дар нављўйї аст.


Рецензии