Китоби Хиштхона. Норматов Сохиббек. Маънии хаёт

                Маънии зиндагї,
         ё чанд сухан дар бораи њаёт ва фаъолияти мењнатии омўзгори њаќиќие.               
               
    Њарчанд, ки њамасола бо шукўњу шањомати хоса Истиќлолияти давлатии Тољикистони азизамонро љашн мегирему аз ин љашнгирињо ифтихор низ дорем, вале бо гузашти аём беш аз пеш бартарии замонеро, ки он ваќт мардуми понздањ љумњурии бародар дар як давлати абарќудрат бо номи ИЉШС (СССР) муттањид буданду дар якљоягї њамроњи мардуми дигар мамолики сотсиалистї ањлу тифоќ зиндагї доштанд ва њар як шањрванди ин љомеа худро инсони комилњуќуќ мењисобид, дарк намоем. Ањолии аксарияти ин давлатњо мутаассифона, танњо пас аз пошхўрии Иттињоди Шўравї ва, гўё «мустаќил» гардидани љумњурињояшон фањмиданд, ки аз чї гуна як неъмати бузург ва бебањои Парвардигор мањрум гаштаанд.

   Мардуми кишвари мо низ аз ин ќатор на танњо дар канор нест, балки аз дигарон бештар ва сол аз сол амиќтар оќибатњои њузнангези ба давлатчањои кўчаку бењуќуќ ва дастнигар табдил ёфтани љумњурињои собиќ Иттињоди Шўравиро эњсос менамоянд. Вале маќсади навиштани ин сатрњо шикоят аз замонаву нолиш аз таќдири халќ набуда, балки ба маљрои њаёту фаъолияти мењнатии як шањрванди оддї то чї андоза таъсир намудани ин воќеотро инъикос кардан аст. Аламовар бошад њам, пўшида нест, ки ќисми зиёди тољикистониён дар шароити кунунї, њатто пас аз бист соли ба даст овардани Истиќлолияти давлатї, маљбуранд зиндагии худро туфайли маблаѓе, ки аз муњољирати мењнатї пайдо мекунанд, гузаронанд. Дар мавриди чї гуна ба даст овардани ин «ризќу рўзї»-ву то кадом дараља барои талаботи рўзгор басанда будани он хеле зиёд гуфтаву навишта шудааст, бинобар он аз такрораш худдорї мекунем…

Тобистони соли 2001 њангоми яке аз сафарњоям ба Федератсияи Русия дар шањри Екатеринбург бо чанд нафар њамдиёронамон вохўрдам, ки баъзеашон ба љустуљўи љои корї машѓул буданду ќисми дигар корњои тасодуфиеро, ки пайдо намуда буданд, иљро мекарданд. Аз сўњбати онон маълум шуд, ки дар як канори Екатеринбург, дар Арамил ном шањраке чанд гурўњ њамдењагони ман дар сохтмони биноњои истиќоматї ширкат доштаанд. Ваќте ба он шањрак рафтам ва бо њамдењагонам сўњбат намудам, маро беш аз њама он чиз мушавваш намуд, ки дар байни мардикорон ќариб тамоми муаллимони њар ду мактаби миёнаи дењаамон низ будаанд.

Дар яке аз кулбањои муваќќатии зист (времянка) њамсинфам Соњиббек Норматовро вохўрдам, ки дар як њуљра њамроњи зиёда аз дањ нафар мардикорон, ки дар байнашон директори њамонваќтаи мактаби миёнаи № 13 – ноњияи Ашт шодравон Назмиддинов Шањобиддин низ буд, љой гирифта будааст. Он замон Соњиббек љонишини директор оид ба корњои тарбиявии мактаби номбурда буд.

Тавре маълум гашт он ваќт њамаи (ѓайр аз ду-се нафар пиронсолон, ки вазъи саломатиашон имкон намедод) муаллимони њар ду мактаби дењаи Хиштхона (мактабњои № 13 ва №61) њар сол беш аз се моњи «истироњат»-и худро дар сохтмонњои Русия гузаронида вазъи саломатиашонро «бењтар» менамудаанд ва љисмонан «обутоб» ёфта ба Ватан барои иљрои вазифаи муќаддаси худ – тарбияи насли наврас, яъне оянда номбардорони миллатамон, бармегаштаанд…


- Њайрон нашавед, - гуфт њангоми сўњбат Соњиббек.- Моёнку пас аз ду-се моњ ё аз ин бештар аз мардикорї ба Ватан баргашта касби асосии худ – муаллимиро ба љо меорем, вале ту ба ањволи чандин мутахассисони варзидаи соњањои гуногун, аз љумла муњандисону муњосибон, њуќуќшиносону духтурон, олимон, нависандаю шоирон, рўзноманигорон ва ѓайра назар афкан. Њоло онњо низ дар ќатори коргарони оддии њамакора (разнорабочий) аз кадом коре, ки пайдо накунанд, хоњ кўчарўбї бошад, хоњ аробакашї ва хоњ дастёрии усто дар корњои сохтмонї њазар намекунанд. Шукр мегўянд. Бадии кор дар он аст, ки аксарияти онњо дар Ватан љои корї надоранд. Магар истеъдоди ин нафарон ва маблаѓњои барои тарбия намудани онон сарфнамудаи давлат њайф нест?..

Ба суханронињои Соњиббек гўш мекардаму аз он њайрон мешудам, ки шахсан ба ў душворињои сангини замони охир гўё таъсире нарасонидааст. Њангоми дар мактаби миёна тањсил намудану давраи донишљўї дар мактаби олї низ накўхислату ростќавл буд, худбин набуд, аз вазниние шикоят намекард. Њоло низ аз ќисмати талхи њамватанон сухан меронду аз ояндаи фарзандони онон дар ташвиш буд, ѓами муфлисию бечорагии мардумро мехўрду аз пешомадњое, ки халќи тољикро интизоранд, андеша менамуд… Боре њам аз таќдири худаш шикоят накард, нагуфт, ки мењнати љисмонии њамарўзаи 16-18 соата њамроњи љавонони нисбатан солимтану пурбардошттар барояш тоќатфарсост… Чун њамеша ботањаммул асту сабрро пеша намудааст.

Њамкорони Соњиббек, ки дар байнашон шогирдони ў низ кам набуданд, дар борааш суханњои некро дареѓ надошта, сидќан мехостанд, то ў, каме бошад њам, истироњат намояд:

- Муаллим, Шумо ташвиш накашида, бемалол њамроњи мењмон  (яъне њамроњи ман) дам гиред. Барои имрўз кор кам мондагї. Њамаашро худамон ба сомон мерасонем, - мегуфтанд онњо мењрубонона.

Аз чунин муносибати онон шод гашта ба њамаашон:

- Рањмат, барои устодатонро мисли падар њурмат намуданатон, - гўён беихтиёр худ ба худ фикр намудам, ки кош барои њар яке аз онон на танњо чунин лањзањои кўтоњ, вале гуворои фароѓат, балки аќалан њафтае ё дањрўзае як рўзи истироњат насиб мегардид…

Соњиббек Норматовро, ки 14 марти соли 1954 дар дењаи Хиштхонаи ноњияи Ашт чашм ба дунёи њастї кушодааст, аз аёми кўдакї мешиносам. Дар як мањаллаи дењаи Хиштхона, ки пештар «Мањаллаи Поён» ном дошту њоло «Наврўз» номгузорї гардидааст, ба воя расидем, дар як синф дањ сол њамсабаќ будем. Соли 1968 мактаби он ваќт њаштсолаи №13 ба номи Хоља Камоли Хуљандиро дар дењаи Хиштхона ва соли 1970 мактаби миёни №7 ба номи Садриддин Айниро дар дењаи Бободархон хатм намудему соли 1970 њамроњ њуљљатњоямонро ба Донишкадаи (Институти) давлатии педагогии шањри Ленинобод ба номи С. М. Киров (њозира Донишгоњи давлатии шањри Хуљанд ба номи Академик Бобољон Ѓафуров) ў ба факултаи «Љуѓрофия ва табиатшиносї», ман ба факултаи «Забон ва адабиёти рус» супоридем. Тўли панљ соли тањсил дар он даргоњ доимо аз њамдигар хабар мегирифтем. Соњиббекро њамсабаќон ва устодонаш њурмат мекарданд ва њоло низ доимо бо некї ном мегиранд.

Њангоми дар синфи дањ тањсил намуданамон хеле давутоз намудем, ки аз ШКД-и ноњия ќабл аз њуљљатњоро ба мактаби олї пешнињод намудан шиноснома гирем. Вале сардори њамонваќтаи мизи шиносномадињии ШКД-и ноњия моро хеле сарсон намуда њуљљатњои зиёде ( њар гуна тасдиќномањову хислатномањо ва шањодатномањову дигар «документњои» лозиму нолозимро) талаб намуду оќибат ба моён додани шиносномаро раво надид. Њар дуямон њам ба комиссияи ќабули Донишкада ба љои шиноснома шањодатнома дар бораи таваллудро пешнињод намудем. Пас аз ба сафи донишљўён ќабул шудан шиносномаро аз ШКД – и шањри Ленинобод гирифтем. Ваќте, ки сардори њамонваќтаи мизи шиносномадињии ШКД – и ш. Ленинобод капитани милиса шодравон Комилхољаев пагоњирўзї аз мо Шањодатнома дар бораи таваллуд, расм ва як вараќ тасдиќномаро аз Донишкада гирифту худи њамон рўз пас аз нисфирўзї шиносномањоямонро супорид, шодии мо њадду канор надошт.

Сипас њангоме, ки аз хўрдагирињои дастбакори ШКД – и ноњияи Ашт ёдовар шудем, Соњиббек сухани баде нагуфт. Чун њарваќта табассуме намуду бо њамин гўё он корманди милисаро ба Худо њавола кард. Бале, ў њамеша ба камбудию норасоињои зиндагї (пањлўњои негативии њаёт) бо фалсафаи ба худ хосе менигаристу дар назари аввал чунин менамуд, ки гўё ба онњо эътиборе намедињад. Вале ин тавр нест. Ў доимо аз чунин њолатњо хулосањои дуруст бароварда тўли фаъолияти ќариб чилсолаи педагогиаш дар љараёни таълиму тарбияи шогирдони сершумораш истифода бурдаасту мебарад.

Бузургворе мумкин набудани дар љамъият зистану аз љамъият берун буданро таъкид намуда, ононеро, ки манфиатњои худро аз манфиати љомеа баландтар мегузоранд, чун унсурњои ба инсоният бегона зери тозиёнаи танќид ќарор додааст, ки дурустии ин фикр як аксиомае (њаќиќати бањсноталабе) мебошад. Шиори тамоми зиндагии бобаракати Норматов Соњиббек низ хизмат намудан ба мардуми диёраш ва Ватани азизаш мебошад. Мафњуми Ватан, ки дар гузашта барояш ИЉШС (СССР) – ро ифода менамуду њоло Љумњурии азизамон – Тољикистон аст, аз муќаддастарин мафњумот аст ва хизмате бањри рушду нумўи он намудан ифтихорест бузург!

                «Азиз аст аз барояш Тољикистон,
                Нишони кўчаке аз Ањди Сомон –
                Нишоне бе Самарќанд, бе Бухоро,
                Нишон аз асрњои уммеду ормон…»

Соли 1975 мањз бо чунин њиссиёт ќарори комиссияи ба љойњои корї таќсимотнамоии маќомоти маорифро дар бораи пас аз хатми мактаби олї ба ноњияи Вахш ба кор фиристода шуданаш маъќул дониста, Норматов С. моњи августи њамон сол дар мактаби миёнаи раќами 1-и ин ноњия фаъолияти омўзгориашро оѓоз намуд. Мањз њамин њиссиёти содиќ будан ба Ватану халќи азизамон ўро водор сохт, ки аз моњи ноябри соли 1975 то моњи ноябри соли 1976 дар шањри Анапа дар сафи ќушунњои муњофизат аз хатари њавоии ВД ИЉШС (ПВО МО СССР) хизмат намуда, туфайли хизмати софдилона, саводи баланд, чустиву чолокї ва далерию матонаташ дар байни сардорон ва њамхизматонаш соњиби обрўю эътибор гардида пас аз адои хизмат аз сафњои Артиши Шўравї бо сари баланду гирифтани чандин рањматномаву ифтихорномањо ба Тољикистон бозгардад.

Дар байни мардуми мо маќоле њаст: «То мусофир нашавї, мусалмон нашавї.» Соњиббек то соли1978 дар мактаби №1 ноњияи Вахш фаъолияти омўзгориашро идома дода сазовори њурмату эњтироми волидони хонандагон ва муаллимони мактаб гардид, њаёт омўхт, таљриба андўхт ва моњи августи њамон сол ба ноњияи Ашт омада ба вазифаи муаллими фанњои табиатшиносии мактаби миёнаи №13, њамон мактабе, ки то синфи њаштум худаш низ дар он тањсил намуда буд, таъин шуд.


Кор дар мактаби № 13 аз муаллими љавон масъулияти нињоят баландро талаб менамуд, чунки дар ин мактаб муаллимони таљрибаи бои педагогї дошта, ки ќисми зиёдашон устодони худи ў буданд, мењнат менамуданду њам ба худ ва њам ба муаллимони љавон хеле серталаб буданд. Вале Соњиббек дар муддати нисбатан кўтоњ ба туфайли дониши мукаммал ва мењнатдўстию софдилиаш дар байни муаллимону падару модарон ва хонандагони мактаб сазовори њурмату эњтиром гардид. Соли 1983 ўро раиси иттифоќи касабаи мактаб интихоб намуданд ва ў ин вазифаро солњои зиёд софдилона иљро намуд. Соли 1996 таљрибаи бои корї, бомасъулиятї ва дигар хислатњои неки ўро ба назар гирифта Норматовро ба вазифаи љонишини директор оид ба корњои тарбиявии мактаби №13 сазовор донистанд ва ў то соли 2002 дар ин вазифа хеле пурсамар мењнат намуд.

Соли 2002 шўъбаи маорифи ноњияи Ашт дархости муаллимони мактаби миёнаи № 61 ба номи Р.Тошматови дењаи Хиштхонаро ба назар гирифта Норматов Соњиббекро ба вазифаи директории ин мактаб таъин намуд. Дар давоми ќариб дањ соли роњбарї ба мактаби номбурда ў тавонист коллективи муаллимонро, ки аксарашон шогирдонаш мебошанд, муттањид ва ањлу тифоќ намуда, дар кори таълиму тарбияи хонандагон ба муваффаќиятњои назаррас ноил гардад. Пеш аз њама Соњиббек њамчун директор бо падару модарони хонандагони мактаб алоќаи њаматарафаро барќарор ва мустањкам намуда бо кўмаку дастгирии онњо синфхонањои мактабро хушсифат таъмир намуд ва муваффаќ гашт, ки базаи моддї – техникии мактаб замонавї ва бойтар гардад. Ѓайр аз ин интизоми мењнатиро дар байни муаллимон, ки охири солњои навадуми асри гузашта ва аввали солњои дуњазорум бисёр њам заиф гардида буд, барќарор намуд ва ин обрўю эътибори мактабу коллективашро дар дења хеле афзуд. Бењуда нест, ки солњои охир миќдори хонандагони мактаби № 61 афзуда, њоло ба 375 нафар расидааст, ки ин аз миќдори хонандагони мактаби миёнаи № 13, ки пештар мактаби асосии дења њисоб мешуд, беш аз 60 нафар зиёдтар аст.

Муваффаќиятњои ањли мактаби № 61 – ро тањти роњбарии Норматов С. падару модарони хонандагони мактаб ба хубї эњсос намудаанд ва шахсан аз директор хеле розианд. Охир мањз дар натиљаи серталабиву кордонии ў ба якчанд  нафар хонандагони мактаб муяссар гашт, ки дар олимпиадањои ноњиявию вилоятї иштирок намуда, ба гирифтани тўњфа ва љоизањои ин олимпиадањо ноил гарданд. Мањз дар натиљаи бењтар гардидани сифати таълиму тарбия дар панљ соли охир аз байни хатмкунандагони мактаб ба 36 нафар дохил шудан ба мактабњои олии љумњурї муяссар гардид, ки аз онон 8 нафар дар асоси квотаи Президент мутањассилини макотиби олї шудаанд. Шумораи ба коллељњо ва омўзишгоњњои касбї-техникї дохилшудагон низ нисбат ба солњои пешин ба маротиб афзуд. Илова бар ин бо њамкорї ва дастгирии бевоситаи Норматов С. дар назди мактаб барои он љавондўхтароне, ки бо сабабњои гуногун пас аз хатми мактаб имконияти берун аз дења давом додани тањсил ва гирифтани касбу њунареро надоранд, курсњои семоњаи тайёр намудани хоњарони шафќат ташкил карда шуд. То имрўз се маротиба ин курсњоро њар дафъа аз 25 то 30 нафарї љавондўхтарони дења хатм намуда, соњиби шањодатномањои хоњарони шафќат гардиданд. Њоло бошад, дафъаи чањорўм боз як гурўњи дигар машѓули омўзиши ин касби пурифтихор мебошад.

        Ин марди накўкорро сокинони дењаи Хиштхона иззат ва эњтиром менамоянд. Дар ин бора лањзањои зиёдеро ёдрас намудан мумкин аст, лек мутаассифона њаљми маќолаи мазкур ба ин имкон намедињад. Фаќат ќайд намудани як чизи дигарро лозим донистам, ки аз рўзи созмон ёфтани ташкилоти ибтидоии Њизби халќї-демократии Тољикистон дар дењаи Хиштхона, яъне аз соли 1999 Норматов С.У. вазифаи котибии ин ташкилотро ба ўњда дорад. Ваќте, ки ў соли 2002 ба вазифаи директории мактаби миёнаи № 61 таъин гардид, дар мактаб ягон нафар узви ЊХДТ набуд. Њоло бошад шумораи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ЊХДТ дар мактаби № 61 ба 17 нафар расидааст. Шумораи аъзоёни њизб аз љумлаи сокинони дења низ хеле афзудааст.
      
Ифтихорномањою рањматномањои Вазорати маорифи љумњурї, Идораи маорифи вилоят ва шўъбаи маорифи ноњия инчунин мукофотњои сершумори дигари Норматов С. њарчанд боиси ифтихори ањли байт, шогирдон ва њамкорони ў бошанд њам, вале худи ў аз муваффаќиятњои шогирдони сершумораш, ки дар байни онон Ниёзов Ањмадљон, Исмоилов Шокирљон, Исмоилова Гулчењра, Тошматов Зарифљон ва Одирматов Анвар барин устодони мактабњои олї, Олимов Шавкат, Имомов Мањмудљон ва Собиров Абдуворис барин кормандони маќомоти њифзи њуќуќ, Имомов Маъсумљон (Маъсуми Муњаммадраљаб) барин журналистони номдор, Олимов Пайрав, Мадаминов Диловар, Тошматова Гулхумор, Мирахмедова (Тошматова) Фирўза, Ќодиров Шараф, Нурматова Мављуда, Ќодиров Њабибулло, Азимов Темур барин муаллимони пуртаљриба, ки дар вазифањои роњбарии њар ду мактаби дења кор кардаанду њоло низ кор мекунанд, Мирзоев Муродљон, Мадаминов Илмиддин барин духтурон ва дигарон њастанд, мефахрад.

Ба таклифи роњбарияти шўъбаи маорифи ноњия ва дархости кумитаи падару модарони мактаб, ки аз Норматов Соњиббек давом додани корро дар вазифаи директории мактаби миёнаи № 61 илтимос намуданд, нигоњ накарда, худи ў ба мудири маорифи ноњия бо ариза мурољиат намуда, хоњиши ба нафаќа баромаданро изњор кард. Ба саволи ман оиди чунин рафтораш ў дар бораи бањри зиндагї нарасидан маоши директорию, чандин сол аслан бе истироњат мењнат карда,  хеле монда шуданаш њарфе нагуфт, балки оромона табассуме намуду гуфт:

- Ваќти ба корњои хољагї низ каме бештар машѓул шуданам расидааст.

   Соњиббек, чун роњбари ѓамхор, ки барояш ояндаи мактаб ва сатњу сифати таълиму  тарбия дар он бефарќ нест,  барои дар оянда ба вазифаи директории мактаб таъин намудани љонишинаш Мирахмедова Фирўза, ки аз љумлаи яке аз шогирдони болаёќату серѓайрат ва бомаърифаташ мебошад, таклиф пешнињод намуд. Коллективи мактаб роњбари худро дастгирї кард.

Дар аввали ин маќола оиди ба муњољирати мењнатї ба Русия рафтану мардикорї кардани муаллим Норматов С. ба он хотир чанд сатр навистем, ки бо баробари мењнатдўстиву бомаърифатї ва пурсабру пуртоќатї барин пањлўњои хулќу атвори ин марди маънии  одамияту одамгариро ба хубї даркнамударо каме равшан намудан ба сатњи зиндагиаш ва бо кадом роњњо оилаи худро аз љињати моддї таъмин намудани ў ишорае равад. Бале ин омўзгори боадлу инсоф ва бовиљдон њамеша кўшиш кардааст, ки оилаи худро бо нони њалол таъмин намояд. Мањз аз њамин сабаб њамроњи зављаи мењрубонаш Мањбубахон тавонистанд, ки њар чор фарзандашонро (ду писар ва ду духтарашонро) дар рўњияи ватандўстиву инсонпарварї, мењнатќариниву њалолкорї, ростќавливу хоксорї барин хислатњои њамидаи инсонї тарбия намоянд ва ононро бо некї хонадор намуда, њоло њамроњашон ба тарбияи наберањои дўстрўякашон машѓул гарданд.

Маънии бахтро њар кас њар хел мефањмад. Барои яке ин дороиву пулу моли зиёд, барои дигаре вазифаи баланду имкони худнамої намудан бошад, боварї дорам барои аксарияти мардуми оддї зиндагии осоиштаву фарзандони солењ барин атоњои Парвардигор аст, ки бо шукр аз он аз имтињонњои ин љањон сарбаландона мегузаранд. Соњиббек аз зумраи чунин некхислатон буда, ба касби дўстдоштааш машѓул буданро низ бахт мењисобад ва аз ин сабаб дар шароитњои душвортарини дањсолањои охир низ омўзгор буду ба халќу Ватани азизамон хизматњои сазовор намуд.



Бо хотиррасон намудани байтњои безаволи шоир, ки гўё айнан дар бораи Норматов Соњиббек Усмонович барин шахсони хоксору боњиммат гуфтааст:

                «Њамеша росткорон растагоранд,
                Ки љуз ростї коре надоранд», 
               
 аз номи гурўњи калони падару модарони хонандагони мактаби миёнаи тањсилоти умумии раќами 61 ба номи Р. Тошматови дењаи Хиштхонаи ноњияи Ашт ба ин инсони комил миннатдории самимї изњор намуда, ба ў тансињатию ободии рўзгор, хушбахтию истироњати бофароѓат орзумандем. 
   
               
 Абдуќаюми Мухаммадчон,

рўзномаи «Сухани халќ», №10 аз 31.05.2012.


Рецензии