Китоби Хиштхона. Ходимони давлати. Арипов Абдувахо

Шахрвандони дехаи Хиштхона, ки ба маќомотхои олии намояндагии хокимияти давлатї интихоб гардидаанд, дар маќомотхои хокимияти давлатии чумхурї, вилоят, нохия ва чамоатхо фаъолият бурдаанд ва мебаранд.



      Арипов Абдувахоб (Абдуваххоби Мулло Мухаммадориф)

               
                Намонд Хотами Тоиву лек то абад,
               
                Бимонд номи баландаш ба накўї машхур.
               
                «Ахлоќи Мўхсинї»



       Арипов Абдувањоб (Абдувањњоби Мулло Муњаммадориф)


     - депутати Шўрои Олии Иттињоди Љамоњири Шўравии Сотсиалистї 
даъватњои чорум (1954 – 1958) ва панљум (1958 -1962)
          аз округи интихоботии Ленинобод 288 – и  РСС Тољикистон
(депутат Верховного Совета Союза Советских Социалистических Республик       
четвёртого (1954 - 1958 ) и пятого (1958- 1962 ) созывов
      от Ленинабадского избирательного округа 228 Таджикской ССР)


      Абдувањоб Арипов    соли 1922 (дар њуљљатњо ѓалат 1926 ќайд гардидааст) дар дењаи Хиштхонаи ноњияи Ашт таваллуд шудааст. Падараш -  Мулло Муњаммадорифи Холмат Њољї. Модараш – Одинаева Бибисоро.
     Пас аз мактаби ибтидоии назди колхози «Гулистон»-и дењаи Хиштхонаро ба итмом расонидан ва муддате дар колхози номбурда кор кардан, соли 1937 ба сафи Артиши Шўравї даъват шудааст ва дар ќисми њарбии 7414, ки дар шањри Ќараѓандаи РСС Ќазоќистон воќеъ буд, то соли 1939 хизмат намудааст. Сипас то соли 1944 дар колхози «Гулистон»- и ноњияи Ашт кор кардааст. Соли 1944 ба фронт сафарбар шудааст ва аз хизмати њарбї соли 1950 баргаштааст.

Аз соли 1951 то соли 1953 њамчун коргар (баъд бригадир) ва аз соли 1953 дар вазифаи нозири аппарати ќисми металлњои нодир ва асили заводи «Заря Востока»-и шањраки Табошар (њоло шањри Истиќлол) (аппаратчик подразделения редких и благородных металлов  завода «Заря Востока») то соли 1990, яъне то барњам дода шудани ин муассиса, кор кардааст.
     Солњои 1954 – 1962 ду навбат ба депутатии Шўрои Олии СССР интихоб гардидааст ва  њамин тавр коргари оддие аз дењаи дурдасти кўњистон, ки њамагї маълумоти ибтидої дошт, туфайли мењнатдўстию ташкилочигиаш дар ќатори чунин абармардони миллати тољик ба монанди Мирзо Турсунзода, Турсунбой Улљабоев, Саидхоља Урунхољаев, Абдулањад Ќањњоров, Бобољон Ѓафуров, Љаббор Расулов, Абдуѓафур Самадов ва дигарон дар маќомоти олии ќонунбарори ИЉШС  - дар Шўрои Олї (Верховный Совет СССР) масъалањои муњимтарини њаёти як давлати абарќудрати љањонро њал мекард.
        Бо ордени «Инќилоби Октябр» («Октябрская революция») – соли 1971 ва медалњои «Барои мењнати аъло» - соли 1954, «Бистсолагии Ѓалаба дар ЉБВ солњои 1941-1945», «Барои мењнати софдилона ба муносибати 100- солагии зодрўзи В.И.Ленин» - соли 1970, «Сї солагии Ѓалаба дар ЉБВ солњои 1941-1945» - соли 1975, «Ветерани мењнат» - соли 1977 ва боз бисёр мукофотњои дигари давлативу соњавї ќадр карда шудааст.

    Дар рўзномаи «Навиди Табошар» (№ 8 аз 22.09.2014) маќолае бо номи «Зиндаву љовид монд њар кї накўном зист…» дарљ гардидааст, ки дар он сухан аз собиќ шањрвандони барўмандтарини ин шањри дар тамоми љахон машњур меравад. Аз љумла дар бораи Арипов Абдувањоб чунин сатрњоро мехонем:
«Ин инсони наљиб 40 соли њаёти хешро сарфи ободонии шањр кардааст. Ў чун шахси поквиљдон ва њаќиќатљў њамеша пайи фаъолияти пурсамар будааст. Се маротиба ба њайси муовини Раиси Шўрои шањрак ва 12 маротиба депутати Шўрои шањрак интихоб гардидааст…
Ў дар истењсоли уран њамчун аппаратчї кор карда, ба рушди ќобилияти мудофиавии СССР њиссаи худро гузоштааст. Шањри Истиќлол бо чунин абармардон мефахрад ва номашон зиндаву муќаддас дар дили њама боќї хоњад монд.»
    Арипов Абдувањоб аз њаёти якљоя бо зављааш – Арипова Раиса Александровна се фарзанд доранд. Фарзандонашон оиладор буда, Ольга (с.т.1952) дар вилояти Астрахан, Шарофиддин (с.т.1959) дар шањри Тюмен, Рустам (с.т.1961) дар шањри Челябински Федератсияи Русия њамроњи оилањояшон умр ба сар мебаранд.


Рецензии