Китоби Хиштхона Холмухаммадзода Азизмухаммад

              ХОЛМУХАММАДЗОДА  АЗИЗМУХАММАД  ХОЛМУХАММАД

                (ИМОМОВ  АЗИЗМАТ)



                Эй ки пурси, ки бехтарин халќ кист?
                Гўям аз ќавли бехтарини касон:
                Бехтарин кас касе бувад, ки зи халќ
                Беш бошад ба халќ нафърасон.
               
                Чоми   

      

Холмухаммадзода Азизмухаммад Холмухаммад

–вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз хавзаи интихоботии Ашт, № 17, раиси
Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори
Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии
Точикистон, узви Шўрои Мачлиси намояндагони
Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон



 


Холмухаммадзода Азизмухаммад Холмухаммад 4 марти соли 1959 дар дехаи Хиштхонаи чамоати Пунѓаз, нохияи Ашт, вилояти Суѓд, Чумњурии Точикистон дар оилаи хизматчи таваллуд ёфтааст. Миллаташ точик,  маълумоташ олии хуќуќшиноси, номзади илмхои хуќуќшиноси.

Соли 1966 ба мактаби миёнаи раќами 13, ба номи Камоли Хучандии нохияи Ашт рафта, онро соли 1976 хатм намудаст ва худи  хамон сол ба шўъбаи рўзонаи факултети хуќуќшиносии Университети давлатии Точикистон ба номи В. И. Ленини шахри Душанбе (холо Донишгоњи миллии Точикистон) дохил шудааст.

 Факултети номбурдаро соли 1981 бо ихтисоси хуќуќшинос хатм намуда, дар асоси роххати Университет, фаъолияти мехнатиашро 19 октябри соли 1981 ба хайси коромўзи прокуратураи нохияи Хучанд (холо нохияи Бобочон Ѓафуров) - и вилояти Ленинобод (холо вилояти Суѓд) оѓоз намуда, дар ин вазифа то мохи июни соли 1982 фаъолият намудааст.

Минбаъд, дар вазифахои муфаттиши калони прокуратураи шахри Ленинобод (холо шахри Хучанд) - (июни соли 1982 - июни соли 1983),

муфаттиши прокуратураи нохияи Ашт (июн - октябри соли 1983),

 муфаттиши калони прокуратураи шахри Исфара (октябри соли 1983 - августи соли 1988),

 муфаттиш оид ба корхои махсусан мухим (августи соли 1988 - августи соли 1990)

 ва сардори шўъбаи тафтишотии прокуратураи вилояти Ленинобод (холо вилояти Суѓд) - (августи соли 1990 - феврали соли 1992),

муовини сардори Раёсати тафтишоти - Сардори шўъбаи назорат аз болои тафтишоти пешаки ва тахќиќ дар маќомотхои Вазорати корхои дохилии Прокуратураи Чумхурии Точикистон (феврал - августи соли 1992),

 сардори Раёсати тафтишотии прокуратураи вилояти Ленинобод (холо вилояти Суѓд) - (августи соли 1992 - апрели соли 1996),

 прокурори вилояти Хатлон (апрели соли 1996 - апрели соли 2000), муовини якуми Прокурори Генералии Чумхурии Точикистон (апрели соли 2000 - феврали соли 2004),

муовин ва муовини якуми Вазири адлияи Чумхурии Точикистон (феврали соли 2004 - январи соли 2010) фаъолият намудааст.


Гурўхи тафтишотии Прокуратураи Генералиро оид ба тафтиши парвандаи чинояти дар бораи куштор - акти террористи нисбати нахустин Прокурори Генералии Чумхурии Точикистон Нурулло Хувайдуллоев рохбари намудааст.

28 феврали соли 2010 аз хавзаи интихоботии Ашт, № 17 вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, 16 марти соли 2010 узви Шўрои Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва раиси Гурўхи дўсти ва хамкории Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон бо Бундестаги (Парламенти) Чумхурии Федеративии Олмон интихоб шудааст.

Аз чониби бахши ;ХДТ дар нохияи Ашт маротибаи дуюм дар хавзаи якмандатаи интихоботии Ашт, №17 Холмухаммадзода А. Х. номзад ба вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешбари ва 1 марти соли 2015 вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон даъвати панчум интихоб мешавад.

17 марти соли 2015 дар чаласаи якуми ичлосияи якуми Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон даъвати панчум Холмухаммадзода А. Х. бори дуюм раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, узви Шўрои Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон раиси Гурўхи дўсти ва хамкории Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон бо Ассамблеяи миллиии (Парламенти) Чумхурии Исломии Покистон интихоб шудааст.

25 июли соли 2003 дар Шўрои диссертатсионии Шўрои байниакадемиявии байналмилалии шахри Москваи Федератсияи Россия дар мавзўи «Уголовно - правовые аспекты борьбы с терроризмом на примере Республики Таджикистан» («Чанбахои хуќуќи - чиноятии мубориза бар зидди терроризм дар мисоли Чумхурии Точикистон») рисолаи номзади химоя намуда, номзади илми хуќуќшиноси гардидааст.

Ду китоб ва зиёда аз 50 маќолањои илмиро вобаста ба масъалахои роххои пешгири ва мубориза бо терроризм, экстремизм, хариду фурўши одамон, коррупсия, чиноятхои муташаккили трансмилли, гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир ва дигар намудхои чиноятхои муташаккил эчод намуда, ба нашр расонидааст, ки дастури таълими барои донишчўён, мутахассисони маќомотхои хифзи хуќуќ ва сохторхои ќудрати мебошанд.

Дар конфронсхову «мизи мудаввар» ва дигар чорабинихои ташкилотхои байналмилали вобаста ба масъалањои пешгири ва мубориза бо терроризм, экстремизм, хариду фурўши одамон ва дигар намудхои чиноятхои муташаккили трансмилли дар Созмони хамкори ва амнияти Аврупо, Ташкилоти хамкории Шанхай, ШМА, Чумхурии Федеративии Олмон, Италия, Австрия, Швейтсария, Шветсия, Туркия, Миср, Македония, Сербия, Федератсияи Россия, Белоруссия, Ќазоќистон, Ќирѓизистон ва шахри Душанбе баромадхо намуда, дар бораи тачриба ва дастовардхои Точикистон дар самтхои мазкур, инчунин оид ба роххои бо тариќи осоишта бартараф намудани низои милли маълумот додааст.

Кафедраи харбии Университети давлатии Точикистон ба номи В. И. Ленин (холо Донишгохи миллии Точикистон) - ро хатм намуда, афсари эњтиёти мебошад ва ба хайати фармондењи ва ќушунхои хушкигард дохил аст.

Бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 20 августи соли 1999, тахти №1295 бо ордени «Шараф» мукофотонида шуда, Корманди фахрии маќомоти прокуратураи Точикистон ва дорои рутбаи «Мушовири давлатии адлияи дарачаи 2» мебошад.
Оиладор ва сохиби 2 фарзанд мебошад.

Писаронаш Хуршед ва Љамшед касби падарро омўхта, айни хол Хуршед Азизматзода дар вазифаи раиси коллегия оид ба корхои маъмурии суди шахри Душанбе ва Чамшед Азизматзода дар вазифаи муовини сардори шўъбаи тафтишоти Раёсати Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон дар шахри Душанбе фаъолият мекунанд.

Бародаронаш

Имомов Шодимат Холматович дар вазифаи муовини сардори Идораи аксизии Раёсати Хизмати гумрукии назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар вилояти Суѓд,

Имомов Хусниддин Холматович дар вазифаи сарнозири шўъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон дар вилояти Суѓд,

 Имомзода Нуриддин Холмухаммад дар вазифаи прокурори нохияи Чаббор Расулов

ва Имомов Хисрав Холматович дар вазифаи мутахассиси Раёсати адлияи вилояти Суѓд фаъолият мекунанд.


Рецензии