Китоби Хиштхона. Алиматов Хакимбой
Равандагони хаќиќат ба ним чав нахаранд
Ќабои атласи он кас, ки аз хунар орист.
Хофиз
Алиматов Хакимбой 10 январи соли 1940 дар дехаи Хиштхонаи чамоати Пунѓази нохияи Ашт таваллуд ёфтааст.
Соли 1954 мактаби хафтсолаи дехаи Хиштхонаро бо гирифтани рахматнома хатм намуда, худи хамон сол ба Омўзишгохи педагогии шахри Конибодом дохил шудааст.
Соли 1958 пас аз хатми омўзишгоњ ба хайси муаллими синфхои ибтидоии мактаби хаштсолаи ба номи Д.Азизови дехаи Мулломир фаъолияти мехнатиашро оѓоз намудааст.
Аз мохи ноябри соли 1959 то мохи июли соли 1962 дар сафхои Артиши Шўрави хизмат намуда, ба гирифтани унвони харбии сержанти калон ноил гаштааст.
Соли хониши 1962-1963 дар мактаби хаштсолаи ба номи Камоли Хучандии дехаи Хиштхона муаллим шуда кор кардааст.
Сипас соли 1963 ба шўъбаи рўзонаи факултаи забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии шахри Ленинобод ба номи С.М. Киров (хозира ДДХ –и ба номи Б.Ѓафуров) дохил шуда, он чо то мохи июли соли 1964 тахсил намудааст.
Солхои 1964-1966 дар вазифаи муаллими тарбияи чисмони ва мудофиаи шахрвандии мактаби миёнаи №7 ба номи Садриддин Айнии дехаи Бободархон кор кардааст.
Соли 1966 ба факултаи хуќуќшиносии Университети давлатии Точикистон (холо Донишгохи миллии Точикистон) дохил шуда, онро соли 1971 бо гирифтани дипломи аъло хатм намудааст.
Аз соли 1971 то соли 1973 дар вазифаи мушовири калони Раёсати адлияи вилояти Ленинобод оид ба назорати судхо кор карда, мохи июни соли 1973 ба вазифахои судя ва раиси суди шахри Уро-Теппа (холо нохияхои Истаравшан ва Шахристон) интихоб гардида, он чо ду навбат, яъне то соли 1982 фаъолият намудааст.
Соли 1982 боз ба вазифаи мушовири калони Раёсати адлияи вилояти Ленинобод оид ба назорати судхо таъин гардида, дар ин чо то соли 1985 фаъолият намудааст.
Аз соли 1985 то ба истеъфо баромадан, яъне то соли 2000 дар вазифаи раиси суди арбитражии вилоят, ки минбаъд ба суди иќтисодии вилояти Ленинобод (холо вилояти Суѓд) табдил дода шуда буд, пурмахсул мехнат намудааст.
Пас аз ба истеъфо баромадан, солхои 2000-2001 хамчун омўзгори калони факултаи хуќуќшиносии Донишгохи давлатии Хучанд ва аз соли 2001 то имрўз – омўзгори Донишкадаи иќтисод ва савдои ДДТТ дар шахри Хучанд фаъолият дорад.
Туфайли тарбияи хуби падару модари мехрубонаш, интизоми намунави доштану бо дили соф ва вичдони беѓаш мехнат намуданаш сазовори хурмату эхтироми зиёд байни мардум, шогирдон, коллективхои мехнатии чойхои кораш ва байни хешовандону ёру дўстон гаштааст.
Чидду чахд ва мехнати софдилонаи ў бо чандин ифтихорномахои Арбитражи давлатии Иттиходи Шўрави, Суди Олии ЧТ, Арбитражи давлатии ЧТ, Вазорати маорифи ЧТ ва ѓайра, ки аз байни онхо Ифтихорномаи Президенти Чумхурии Точикистонро (соли 1999) махсус бояд ќайд намуд, ќадр гардидааст.
Бо медали чашнии «70-солагии маќомоти судхои ЧТ» ва медали «Собиќадори мехнат» («Ветеран труда») (соли 1980) мукофотонида шудааст.
Аз соли 2010 «Аълочии Маорифи Чумхурии Точикистон» мебошад.
Соли 1970 бо Алиматова (Хотамќулова) Лола хонадор шудааст. Се писару ду духтар ва 13 набераю 1 нафар абера доранд.
Фарзандон хама соњиби маълумоти олї буда, Бахтиёру Баходурчон касби падарро, яъне хуќуќшиносиро ихтиёр намудаанду Малохат – омўзгор, Ихтиёр- корманди фаъолияти бонки ва Рафоат – пизишк шуда кор мекунанд.
Свидетельство о публикации №222020900929