Китоби Хиштхона. Имомов Содик Ашурбоевич

               

                Имомов Содиќ Ашўрбоевич



                Илмат ба амал чу ёр гардад,
                Ќадри ту яке њазор гардад.
               
                Носири Хисрав





 Имомов Содиќ Ашўрбоевич 28 июли соли 1967 дар дехаи Хиштхонаи чамоати дехоти Пунгази нохияи Ашт ба дунё омадааст.
Соли 1974 тахсилро дар синфи таёрии мактаби миёнаи №13 ба номи Камоли Хуљандии нохияи Ашт оѓоз карда, онро дар мактаби миёнаи №52 шахри Душанбе идома додааст. Соли 1984 мактаби миёнаи №82 ба номи М. Турсунзодаи пойтахтро хатм карда, ба факултаи њуќуќшиносии Донишгоњи Давлатии Тољикистон дохил шуда, соли 1991 Донишгоњи мазкурро бо дипломи аъло хатм кардааст.
Соли 1986–1988 Имомов С.А. дар сафи ќуввањои Мусаллањи собиќ ИЉШС хизмати њарбиро адо намудааст.
Соли 1991 ба њайси муфаттиш, сипас ёрдамчии калони прокурори собиќ ноњияи Ленин (њоло Рўдакї) ва пасон муфаттиши калони прокуратураи шањри Чкаловск кор кардааст.
Соли 1993 ба вазифаи котиби якум ва баъдан муовини сардори раёсати Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон таъин гардид.
Аз соли 1997 то 2002 вазифаи Сардори Раёсати шартномавиву њуќуќии Вазоратро ба ўњда дошт.
Солњои 2002-2011 мушовири Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба сиёсати хориљї шуда кор кардааст.
Аз марти соли 2011 то майи соли 2014 ба њайси Консули Генералии Љумњурии Тољикистон дар шањри Уфаи Федератсияи Россия адои вазифа намудааст.
Аз июни соли 2014 то алњол Сардори Раёсати кишварњои ИДМ Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон мебошад.
Бо фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз соли 2002 ба Имомов С.А. рутбаи дипломатии Фиристодаи Фавќулодда ва Мухтори дараљаи 2 дода шудааст.
Имомов С.А. ба маќсади иштирок дар музокироти дуљониба, конфронсњои байналмилалї ба дањњо кишварњои олам сафари хизматї кардааст, инчунин роњбари гурўњњои муќаддамоти омодасозии сафарњои давлатї ва расмии Президенти Љумњурии Тољикистон ба мамолики мухталифи хориљиро баўњда дошт.
Оиладор, соњиби 4 фарзанд.


Рецензии