Китоби Хиштхона. Дадоматов Садриддин

                Дадоматов Садриддин



                Пайрави озодагон осудааст аз захми хор,
                Дар биёбон кафши по наќши ќадам бошад маро.

                Сайидо



  Дадоматов  Садриддин, 26 августи соли  1945 дар дењаи Хиштхонаи љамоати Пунѓази, ноњияи Ашт дар оилаи хизматчї таваллуд ёфта, соли  1959  мактаби 7 солаи дењаи Хиштхона ва соли 1962 мактаби миёнаи № 7 ба номи Садриддин Айнии дењаи Бободархонро  хатм намудааст.
       Соли 1962 ба факултети таъриху филологияи Донишгоњи давлатии педагогии ба номи С.М.Кирови шањри Ленинобод дохил шуда, онро соли 1966 бомуваффаќият хатм менамояд.
       Фаъолияти мењнатиашро соли 1966 хамчун омузгори мактаби миёнаи №17 ба номи А. Сино шањраки Шайдон оѓоз намудааст.  Солњои 1967-1968 дар сафњои  Артиши Шуравї  дар ќисми њарбии 75358 шањри Чорткови РСС Украина  адои хизмат менамояд. 
     Солњои 1968-1969 дар вазифаи муаллимии мактаби № 17 ба номи А. Сино шањраки  Шайдон  фаъолият мебарад.

Ташкилотчигї, кобилияту кордониашро ба њисоб гирифта, ўро соли 1969 ба вазифаи котиби аввали кумитаи комсомолии район пешбарї менамоянд. Дар ин вазифа то соли 1975 кор кардааст.
        Соли 1975 С.Дадоматовро ба вазифаи басо масъулиятноки хизбї – мудири шўъбаи ташкилии кумитаи партиявии ноњияи Ашт таъин менамоянд. Дар ин вазифа то соли 1985 фаъолият намудааст. Солњои 1982 – 1984 дар совхоз-техникуми шањраки Бўстон ба номи В.И.Ленин тањсил карда, онро бо ихтисоси агроном ва гирифтани дипломи аъло хатм менамояд . Соли 1987 бошад,  курси семоњаи афсарии шањри Новосибирски Федератсияи Россияро ба итмом расонида, рутбаи њарбии майор мегирад. Солњои 1985 - 1995 љонишини раиси комиљроияи ноњияи Ашт, аъзои бюрои кумитаи њизби коммунист ва аъзои комиљроияи ноњия фаъолият бурдааст. Солњои 1995 – 2000 вазифаи мудири шуъбаи маорифи Њукумати ноњияи Ашт ва  солњои 2000 - 2008 вазифаи раиси кумитаи иттифоќи касабаи комплекси агросаноатии ноњияи Аштро дар ўњда дошт.
       Садриддин Дадоматов дар кадом вазифае, ки кор мекард, худро њамчун шахси ташкилотчї, кордон, хоксору матин ва нисбат ба зердастони худ серталабу ѓамхор нишон медод.  Хушгуфторї, фурўтанї, дурандешї, мењрубонї, окилї, ватандўстию ватанпарварї, муомилаю муносибати хайрхоњона ба њар фарди њамсўњбат, ба ѓаму шодии мардум шарику њамроњ будан - чунинанд  хислатњои наљиби ў.
        Ў вазифањои  љамъиятиро низ бо масъулияти том ба љо меовард. Тўли 25 сол депутати Шўрои нохиявї, 10 сол раиси Шўрои љамъиятии Њаракати Вањдати Миллї ва Эњёи Тољикистон дар нохияи Ашт, 20 сол аъзои бюрои кумитаи њизби коммунист ва аъзои комиљроияи ноњия ва борњо аъзои кумитаи њизби коммунисти вилояти Ленинобод (Суѓд), аъзои КМ ЛКСМ Тољикистон ва аъзои КМ Иттифоќи Касабаи Комплекси агросаноатии Тољикистон интихоб шудааст.
      Дадоматов С. барои хизматњояш  дар назди халќу Ватан  сазовори медалњои: «Барои хизматњои шоён», «Барои хизматњои шоиста», «Барои мењнати шуљоатнок», «Ветерани мењнат» ва дањњо унвону ифтихорномањо аз чумла: Нишони КМ ВЛКСМ «Барои кори фаъолона дар комсомол», сабти ном дар китоби фахрии КМ ВЛКСМ  ва ифтихорномњои маќомотњои болоию вазорату идорањои љумњуриявї  ва Иттињоди Шуравї ќадрдонї карда шудааст. Ў ба мамлакатњои Булѓористону Полша, Руминияву Чехословакия, Русия ва ѓайра њамчун роњбари сайёњон сафар кардааст.
        С. Дадоматов ба тарбияи њарбї -ватандустї,  эътибори хоса дода,  соли 1975 њамчун роњбари гурўњ бо њамроњии модари Кањрамон Хайриниссо-хола ва фаъолони ноњия (20 нафар) ба шањри Любани вилояти Ленингради Федератсияи Русия ба зиёрати ќабри Ќањрамони Иттифоќи Советї Туйчи Эрйигитов сафари басо маъсулиятнокеро баљо овард.
              Хизматњои арзанда ва содиќонаи С.Дадоматовро ба њисоб гирифта, ўро ба нафаќаи дорои ањамияти љумњуриявї муносиб дидаанд.   Баъди ба нафаќа баромадан низ бањри дар амал љорї намудани сиёсати давлат љахднамуда, дар чорабинињои фарњангию маданї, тарбияи насли наврас њиссаи арзандаи худро гузошта истодааст. Ин аст, ки у борњо ба тўњфањои  Раиси вилояти Суѓд  ва Раиси ноњияи Ашт сарфароз гардидааст.
       Соли 1969 ба Марњамат Мамадљонова ( 30.08.1951 – 15.06.1983) хонадор шуда, дар тўли њаёти якљоя соњиби  се писар – Ѓуфронљон, Айюбљон, Тоњирљон  ва се духтар – Саноат, Марњабо ва Дилрабо гардидаанд, ки њоло њамаи ин фарзандонашон оиладоранд. Аз ин фарзандон 25 набераву як абера доранд. Соли 1983 ба Њамроќулова Фароѓат хонадор шуда, соњиби се фарзанд – Хусрав, Дилафрўз , Дилфуза  ва  шаш  набера гардидаанд.


Рецензии