Китоби Хигштхона. Мирзоахмедов Салохидин

                Мирзоахмедов Салохидин
                (14.12.1938 – 26.01.1986)


               
                Номи некў гар бимонад з-одами,
               
                Бех, к-аз ў монад сарои зарнигор.
               
                Саъди


  Мирзоахмедов Салохидин 4.12.1938 дар дехаи Хиштхонаи чамоати Пунгази  нохияи Ашт таваллуд ёфтааст.

  Падараш – иштирочии Чанги Бузурги Ватани Холматов Мирзоахмад (1907- 24.01.1996)  яке аз кишоварзони варзида ва шахрвандони фаъоли дехаи Хиштхона буд.

  Модараш - Холматова Солиямо (1920-1941)

  Салохидин, ки аз модар дар синни сесолаги ятим монда буд, дар оилаи модаркалонаш Исмоилова Нуринисо  калон шудааст. Сараввал маълумоти хафтсоларо дар деха гирифта, соли 1953 ба интернати давлатии № 1 шахри Ленинобод барои давом додани хониш рафтааст. Баъд аз хатми интернат  соли 1956 ба Институти Давлатии Педагогии шахри Ленинобод ба номи С.М. Киров ба факултаи таърих ва филологияи точик кабул шудааст.

   Баъд аз хатми институт соли 1961 чун муаллими забони точики дар синфхои русии мактаби ба номи В. Маяковскии шахраки Адрасмон ба кор таъин шуд.
Аз соли 1964 аъзои хизби комунист буд.

 Солхои 1963 - 1965 раиси Шўрои шахраки Адрасмон интихоб шуд. Аз мохи январи 1971 чонишини раиси Кумитаи ичроияи шахри Кайроккум интихоб гардид.

  Солхои 1978-1981 дар вазифаи чонишини директори махсулоти нони ба номи М.И. Калинин шахри Кайроккум ва аз соли 1981 то 1986 хамчун чонишини директори комбинати маъдантозакунии шахраки Адрасмон фаъолият намудааст.
 
 26 январи 1986 вафот кардааст.

 Аз соли 1965 то 1977 вакили Шурои шахрии шахри Ќайроќќум интихоб гардидааст
 Бо медалхои “Барои мехнати фидокорона” ва барои “Мехнати аъло”  сазовор гардидааст.

Аз хаёти якчоя бо завхааш – Мирањмедова (Олимчонова) Хурсандбиби сохиби чор фарзанд шудаанд – Руфъат, Шавкат, Санавбар ва Нигора.


Рецензии