Китоби Хиштхона. Олимчон Эрбоев

               

                Олимчон Эрбоев

               
                Хунар, к-ў масал хаст дар тору пуд,
               
                Хунарпешаро сар наёрад ба фуруд.

               
                Хусрави Дехлави



                Инсони комил, дўсти вафодор


           Дар яке аз шуморахои мохномаи «Навиди умед» очерки банда тахти унвони «Равшанзамир» ба табъ расида, он ба зиндагиномаи Олимчон Эрбоев бахшида шуда буд. Дар он омадааст: «Ба тарчимаи хол ва фаъолияти мехнатии ин марди равшанзамир ва некхохи мардум бо чашмони ибрат ва махбубияти бепоёне назар меафканам. Толибилми мактабхои хаштсолаи ба номи Камоли Хучанди ва миёнаи ба номи Садриддин Айни, нихоят донишчўи техникуми статистикии шахри Орчоникидзеобод (холо Вахдат), Университети давлатии Точикистон, ин аст рохи донишандўзииаш аз соли 1960 то соли 1976.

    О. Эрбоев баъди хатми мактаби олї аз рўи ихтисосаш дар иттињодияи чеварони хонакори колхози «Гулистон», шўъбаи молия чун муњосиб – иќтисодчї адои вазифа менамояд, дар кумитаи комсомоли ноњия ба њайси инспектор, мудири шўъбаи ташкилї ва дертар бошад чун раиси кумитаи иттифоќи касабаи Хољагии давлатии зотпарварии ба номи Тўйчї Эрйигитов ба фаъолияти мењнатиаш идома мебахшад. Ў њамчунин дар чунин вазъияте ба њайси котиби аввали кумитаи ноњиявии њизб ба кор омад, ки барои њизби коммунисти Тољикистон марњалаи њассос ва душвортарин мањсуб мерафт, вале ќобилияти баланди ташкилотчигиаш ба ў даст дод, то коммунистонро сарљамъ намояд ва ба пешбурди корњои дохилињизбї муваффаќ шавад.
Олимљон Эрбоев то ба муњочирати мењнатї рафтанаш чанд муддат вазифаи раисии колхози «Гулистон» - ро ба ўњда дошт. Инак наздик понздањ сол мешавад, ки ў аз рўи ихтисосаш дар шањри Перми Федератсияи Русия њамроњи ањли байташ кору зиндагї мекунад.

   Ин аст чанд сухан аз фаъолияти мењнатии Олимљон Эрбоев, ки ўро бисёрињо чун инсони комилу равшанзамир, мутахассиси соњибтаљриба мешиносанду њурмату эхтиромаш мекунанд.

     Њарчанд имрўз аз Ватан дур аст, вале бо номи дењаи азизаш Хиштхонаи бостонї, бо ёди ёру љўрањояш, тамоми халќи Тољикистони азизаш нафас мекашад. Ў яке аз аъзоёни фаъоли Љамъияти тољикиони шањри Перми Федератсияи Русия буда, кўмаку дастгириашро ба њамшањрихоямон дар масъалахои таъмини љои кор ва бурду боши онњо дареѓ намедорад.

   Њар боре, ки Олимљон ба дидорбинии падари бузургвораш  ва пайвандонаш меояд, дили дармондагону мўњтољонро меёбад. Шиораш ин аст: «Мардї набувад фитодаропой задан, гар дасти фитодае бигирї, мардї!» Туфайли чунин хислатњояш байни мадум обрўи хосае дорад.

    Хиштхона – зодгоњи бостонии Олимљон аст. Пешрафти дењааш, шукуфоии он, хусусан бунёди чандин иншоотњои ахамияти иљтимоидошта табъашро болида, рўњашро шод мекунад. Чанде ќабл аз ин бо ў сўњбати телефонї доштем. Ў аз банда пурсон мешуд, ки рафти сохтмони бинои нави мактаби ба номи Камоли Хуљандї чї гуна аст. Ваќте гуфтам, ки ба иќболи љашни Наврўз ба муносибати ба ноњияамон ташриф овардани Пешвои миллатамон, Президенти кишвар Эмомалї Рањмон бинои мактаб ба истифода дода мешавад, басе шоду масрур гашт.

   Зиндагиномаи дўсти мо Олимљон Эрбоев худ рамзи фидої будани ў ба халќу диёри азизамон мебошаду њар сањфааш пур аз хизмати содиќона ба халќу Ватанамон аст. Дар ин љода ба ў комёбињои нав ба навро орзумандем.



                Сулаймонќул Азимї,
                узви Иттифоќи журналистони Тољикистон


Рецензии