Китоби Хиштхона. Мадаминов Мумин Абдувалиевич

                Мадаминов Мумин Абдувалиевич




  Мадаминов Мумин Абдувалиевич 15-марти соли 1958 дар дењаи Хиштхонаи љамоати   Пунѓаз дар оилаи дењќон ба дунё омадаст.     Соли 1975 мактаби миёнаи №13 ба номи Камоли Хужандии зодгоњашро хатм намудааст.   

  Аз соли 1975 то моњи майи соли 1976 дар колхози ба номи Энгелси ноњияи Ашт колхозчї шуда кор кардааст. Аз моњи майи соли 1976 то моњи майи соли 1978 дар сафи Ќуввањои мусаллањи Иттињоди Шуравї адои хизмат намудааст.

Аз соли 1978 то соли 1981 дар совхози ба номи Тўйчї Эрйигитови ноњияи Ашт ёрдамчии чупон шуда кор кардааст.

Аз соли 1981 то соли 1995 дар Комитети иљроияи Совети Депутатњои Халќии ноњияи Ашт дар вазифаи котиби масъули комиссияи оид ба корњои ноболиѓон   фаъолият намудааст.

Соли 1987 шўъбаи ѓоибонаи факултети њуќуќшиносии Донишгоњи Давлатии Тољикистонро хатм намудааст.

Аз соли 1995 то соли 1997 дар вазифаи сардори умури маъмурї-њуќуќии Њукумати ноњияи Ашт, аз соли 1997 то соли 2007 дар вазифаи мудири шўъбаи њуќуќии Њукумати ноњияи Ашт, аз соли 2007 то соли 2009 дар вазифаи Сармутахассиси маъмурї-њуќуќии дастгоњи Раиси ноњия кор кардааст.    Солњои 2009 - 2011 дар Корхонаи давлатии фаръии «Њосилзаминсоз»-и ноњияи Ашт дар вазифаи њуќуќшинос   фаъолият намудааст . Аз моњи марти соли 2011   инљониб дар вазифаи сармутахассис-њуќуќшиноси дастгоњи Раиси ноњия кор мекунад . Дар давоми фаъолияти кориаш борњо бо ифтихорномаю сипосномаи Раиси ноњия ва Раиси вилояти Суѓд сарфароз гардидааст.

Соли 2013 бахшида ба 22-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ѓолиби озмуни вилоятии «Мутахассиси бењтарини соли 2013» дар бахши «Њуќуќшиноси сол» гардида, бо гирифтани Шањодатномаи мазкур сарфароз гардидааст.

Оиладор.Њамсараш – Мадаминова (Њољибоева) Аслинисо. Фарзандонашон: Шамшод - сардори хољагии дењќонии  «Шоњин», Шоњин – соњибкор, Фарида – донишљўи курси чорўми Донишгоњи давлатии Хуљанд буда, Фариза ба тарбияи кўдаконаш машѓул аст.
Соли 2014 њамроњи зављааш Хонаи Худоро зиёрат намудааст.


Рецензии