Китоби Хиштхона. Мадаминов Рахмадчон

                Мадаминов Рахмадчон Хусенович


                То шавї дар байни мардум марди соњибобрў,
                Кори худро вогузору кори ёронро бигў.

                Нурмуњаммад Ниёзї



     Мадаминов Рањмадљон Њусенович 1 январи соли 1958 дар дењаи Хиштхонаи љамоати Пунѓази ноњияи Ашт таваллуд ёфтааст.

    Падараш – Мадаминов Њусейнбой (10.01.1928 – 10.06.2005)  яке аз шањрвандони босавод ва фаъоли дењаи Хиштхона буд. Модараш – Мадаминова (Назмиддинова) Зулфиямо (07.1932 – 21.03.2010) чун рафиќи бовафои њаётии шавњараш ва модари мењрубону дилсўзи фарзандонаш бањри чун шањрвандони баору номус ва ватандўсту мењнатќарин тарбия намудани духтару писаронашон бењад зањмат кашидааст.

     Рањмадљон соли 1975 мактаби миёнаи №13 ба номи Камоли Хучандии зодгоњашро бо бањои хубу аъло  хатм намуда, худи њамон сол ба факултаи химия ва биологияи Донишкадаи (институти) давлатии педагогии ба номи С.М.Кирови шањри Ленинобод (њоло ДДХ ба номи Академик Бобољон Ѓафуров) дохил шуд. Донишкадаро соли 1981 бо гирифтани ихтисоси омўзгори фанни географияю биология бомуваффаќият ба итмом расонид.

     Солњои 1981 – 1985 дар мактаби миёнаи №28-и ноњияи Бохтари вилояти Хатлон ба њайси омўзгор фаъолият намуд.

      Моњи августи соли 1985 то 1986 – омўзгор, 1986 – 1990 – љонишини директор оид ба таълим, 1990 – 2000 – директори мактаби миёнаи №6-и шањраки Олтин Топкан (њоло Зарнисор) шуда кор кардааст.

     Солњои 2000 – 2012 ба њайси раиси љамоати шањраки Зарнисор, 2012 -2013 – менељер оид ба корњои сохторњои давлатї дар ширкати кўњии саноатии Тољикистон-Хитой пурсамар мењнат намудааст.

     Аз соли 2013 то имрўз вазифаи сардори шўъбаи кадрњои ширкати кўњии саноатии Тољикистону Хитойро ба дўш дорад.

     Туфайли кордонию ташкилотчигї ва инсондўстию мењнатќариниаш дар байни сокинони шањраки Зарнисор соњиби њурмату эътибори баланд аст. Бењуда нест, ки тўли солњои 2000-2015 се маротиба намояндаи маљлиси намояндагони шањри Ќайроќќум интихоб гардидааст.

     Бо чандин ифтихорномаю рањматномањо ва мукофотњои дигар ќадрдонї гардидааст.

     Оиладор. Хамсараш – Мадаминова Тўтиниссо низ омўзгор аст. Се нафар фарзанд доранд. Хушнуд – хатмкардаи донишгоњи кўњии металлургии шањри Чкаловск, сардори бригадаи наќбканон, Нењру – хатмкардаи Донишгоњи тиљорати шањри Хуљанд, корманди бонк, Адиба – коргари ширкати саноатї.


Рецензии