Китоби Хиштхона. Макомоти худидоракунии деха

 


                Маќомоти худидоракунии дехаи Хиштхона




                Хофиз ниходи неки ту комат бароварад,
                Чонхо фидои мардуми некўниход бод!
               
                Хофиз



        Барои рушд бахшидани сохахои гуногуни хаётан мухими чомеаи шахрвандии дехаи Хиштхона, хамчун вохиди худудии чамоати дехоти Пунѓаз, дар ин деха низ маќомотхои худидоракунии махалли таъсис дода шудаанд. Ин маќомот кори худро мувофиќи Ќонуни Чумњурии Точикистон «Дар бораи маќомоти худидоракуни дар шахрак ва деха» ташкил намуда, кўшиш ба харч медиханд, ки дар хамкори бо маќомоти ичроияи хокимияти давлати ва дигар маќомоту сохторхои дахлдор равиши бомароми хаёти шахрвандиро дар деха таъмин намоянд. Наќши ин маќомот дар таъмин намудани тартиботи чамъияти, ичрои ќонуният оиди ба танзим даровардани маъракаю маросимхо бо назардошти анъанахои таърихи ва урфу одатхои ахолии дехаи Хиштхона назаррас аст.

     Бо назардошти афзоиши ахоли ва чойгиршавии он дар мавзеъхои гуногун дехаи Хиштхона, харчанд ки тамоми сокинонаш бо хамдигар муносибатхои наздики хешутабори дошта бошанд хам, ба панч махалла чудо карда шудааст:

 1) Махаллаи Наврўз – раисаш Мадалиев Ќутбиддин;

2) Махаллаи Маркази – раисаш Азимов Темурчон Абдуќодирович;

3) Махаллаи Офтобрўя – раисаш Имомов Назирчон Рўзибоевич

4) Махаллаи Манзил  (Сафедорас) – раисаш Юлдошев Хусейнбой Нуруллоевич.

5) Махаллаи Рохи Ашт - Хочибоев Фурќат Эрбоевич;

    Раисии дехаи Хиштхонаро аз соли 2007 инчониб Ашўров Абдусами Абдурахимович ба ўхда дорад.


Рецензии