Китоби Хиштхона. Ашуров Абдусами Абдурахимович

                Ашўров Абдусами Абдурахимович



                Бувад равшан ин нукта бар ахли дид,
                Ки менаояд аз ќуфл кори калид.

                Чоми

          Ашўров Абдусами  11 апрели соли 1949  дар дехаи Хиштхонаи чамоати Пунѓази нохияи Ашт таваллуд ёфтааст. Падараш – Ашўров Абдурахим. Модараш – Ашўрова Тиллобиби.

          Соли 1964 мактаби хаштсолаи №13, ба номи Камоли Хучандии дехаи Хиштхона ва соли 1966 мактаби миёнаи №7, ба номи Садриддин Айнии дехаи Бободархонро хатм намудааст.

         Солхои 1966-1967 дар омўзишгоњи касби-техникии №18-и шахри Конибодом тахсил намуда, сохиби касби «тракторчии васеъихтисос» шудааст.

     Оиладор. Хамсараш – Ашўрова (Файзуллоева) Маърифат.

    Оид ба хаёту фаъолияти мехнатиаш маќолаи зер манзури хонандагон гардидааст.


                МАХАЛЛАИ ИБРАТИ ХАМАГОН.


Сўхбати якчанд нафар мўйсафедон, ки дар чойхонаи маркази дехаи Хиштхонаи Чамоати дехоти Пунѓази нохияи Ашт нишаста чой менўшиданду баъзеашон ба шохмотбозиву баъзеи дигар ба мутоилаи рўзномахои даври ва мухокимаи маводхои он рўзномахо машѓул буданд, беихтиёр диќќатамро чалб намуд. Яке аз онхо рўзномаеро чорќат намуда ба рўи дастархон гузошту ба болояш кафи дасти росташро, ки панчахояш кушода буданд, нихода гуфт:

     -Кас аз ин мухбирону рўзноманигорони имрўза хайрон мешавад. Шарм надошта, тамоми камбудихои дар хаёти чомеа чойдоштаро айби хукуматдорон ё каси дигаре медонанд. Хай-хай нагўи, тоза намудани хавлихояшону дар хонахояшон хўрокпазиро низ ба гардани онон бор мекунанд…

     - Хочи бобо, аз афташ боз ягон маќолаи бемазмунеро хонданд, - табассум кард мўйсафеди дигаре пиёлаи чойро ба хампахлўяш дароз намуда.

     - Ин сафсатахоро хонда, дилам бехузур мешавад, - суханашро идома дод Хочи бобо, - агар табъашон аз партовтўдаи назди хонаашон хира гашта бошад, магар наметавонанд ба зану фарзандонашон ва хамсояхояшон фахмонанд, ки партовхоро ба чои дигаре баранд? Магар наметавонанд, ки ба хамон ду-се чуќураки сабилмондаи рохи назди дарвозаашон каме хок андохта хамвор намоянд? Не, эшон даст дар киса нишинанду хатман бояд касе аз идораи рохсози омада чуќуракро хамвор кунад, ё мутасаддии дигаре илочи партовро ёбад!

      Мўйсафеди дар катчаи рў ба рў нишаста бо аспи худ пиёдаи харифашро тараќќосзанон гирифт ва табассумкунон:

      - Шах! – гуфту сар аз болои тахтаи шохмот бардошт ва ба Хочи бобо нигариста, - гапатон хаќ, агар ба умеди ким-кадом идорахо шуда менишастем, магар рохи дехаи моро каси бегонае таъмир намуда, мумфарш мекард? Ё магар масъалаи обро дар дехаи мо бегонаи дигаре омада хал карда дода метавонист? Рахмат ба аъзоёни кумитаи дехаю раиси кумита Абдусами Ашўров, - гўён боз ба болои тахтаи шохмот хам шуд...

      Ин сўхбатро бо завќ гўш мекардаму дар лавхи хотирам чанд лахзае аз ходисоти солиёни пешин бедор гашт. Солњэхои 90-и асри бист ва аввали асри бисту якум дар Тољикистон байни ахолии кишвар ягон табаќае набуд, ки аз ранчи воќеоти нангини он замон дар канор монда бошад. Яке на аз тарсуи, балки аз бими чони ахли байту хешу аќрабо худро ба мулки бегона афканда бошад, дигаре барои ба наздикони хеш ќути лоямуте пайдо намудан. Дар ќатори хамдиёрон ман хам давоми солхои 2001-2004 ба чандин манотиќи Федератсияи Русия сафар намуда бо мухочирони мехнати хамсўхбат мешудаму аз холу ахволашон хабардор мегаштам. Дарду аламхо зиёд буданд, вале вазъияте хамеша малолхотирам намуда, боиси сўзиши ќалбам мегашт. Ин хам бошад, дар байни мухочирони ба хама гуна корхои тасодуфи омодагии доимидошта дидани нафароне буд, ки замоне дар мактабхои олии Иттиходи Шўрави бомуваффаќият тахсил намуда, сохиби касбу хунархои гуногун гашта буданду дар сохахои мухталиф ба халќу Ватан хизмат мекарданд. Дар байни ин мутахассисони хору зоргашта муаллимон низ кам набуданд. Ба он омўзгорони маълумоти олидор, ки чандин нафарашон донишгоху донишкадахоро бо гирифтани дипломи аъло (сурх) хатм намуда буданду холо яке дар даст асбоби дуредгари, дигаре – бел ё чалаки пурлой, сеюми – чорубу чоруми -  аробача дар мулки бегона машѓули ба пайвандонашон пайдо намудани ризќе буданд, менигаштаму сўзи чигари ононро андаруни дили худ боз хам баръалотар эхсос мекардам. Охир, фарзанду наберахои мардум дар мактабхо мўхточи омўзгори босаводеанду ин омўзгорон бошанд мачбуранд…

     Дар шахри Перм бахори соли 2004 бо яке аз чунин омўзгорон – Ашўров Абдусами вохўрдам, ки ханўз соли 1971 шўъбаи рўзонаи факултаи биологияи Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров (холо ДДХ ба номи Б.Ѓафуров) –ро бо бахои аъло хатм намуда буду дар мактабхои миёнаи ш. Шахритус, ш. Адрасмон, дехаи Хиштхонаи нохияи Ашт аз фаннхои химия ва биология дарс гуфта, туфайли махорати баланди педагоги ва дониши фундаменталию саъю кўшиши хамарўзааш дар самти бехтар намудани сифату самаранокии дарсхояш хам дар байни шогирдонаш, хам дар байни волидайни онон  ба обрўю эътибори хосае сохиб шуда, дар ќатори мукофотхои хеле зиёде ба Ифтихорномаи Вазорати маорифи СССР (1988 с.) ва Нишони «Аълочии маорифи халќи Точикистон» (1991 с.)  низ сазовор гашта буд.

      Абдусами, ки сохиби 9 фарзанду наберахои зиёде асту худ чун фарзанди ягона парастории модарро низ дар зимма дорад, муддати якчанд рўзи хамрох буданамон на дар бораи он, ки таќдир дар чунин синну сол мачбураш намудааст, соле 5-6 мох дар мухочират барои рўзгузарони пул кор кунад, балки бо сўзу гудоз дар он бора наќл менамуд, ки аз имконияти ба чандин шогирдонаш, ки, ба гуфти худи ў «хеле болаёќатанду дар сурати таълими дуруст гирифтан мутахассисони хубе хам мешуданд», махрум гаштааст. Бале,дили пурэхсоси ў на бар холи худаш,балки ба фарзандони аз тахсили босифат дарканормондаи мардум ва ба ояндаи миллат месўхт…

     Шукри Худо, ки хаёти мардуми кишварамон тадриван бехтар гашту  Ашўров А. низ имкон ёфт, ки аз соли 2005 сар карда, боз пурра ба касби дўстдоштааш машѓул гардаду дар вазифаи директории мактаби миёнаи раќами 13 дехаи Хиштхона ба эхё намудани низоми пештараи чараёни таълиму тарбия дар ин мактаб камар бандад. Ў дар муддати кўтох тавонист муаллимони пуртачрибаи зиёдеро барои бозгаштан ба касби худ тарѓиб намояд. Албатта, ин кор ба Абдусами пеш аз хама аз он сабаб муяссар гашт, ки ў аллакай хамон ваќт тачрибаи бои беш аз 12- солаи рохбари намудан ба коллективи муаллимонро дошт. Яъне Ашўров А. аз соли 1984 то соли 1990 дар вазифаи чонишини директори мактаби миёнаи № 13–и деха ва аз соли 1990 то соли 1998 дар вазифаи директори мактаби № 61–и дехаи Хиштхона, ки навтаъсис буду дар натичаи чидду чахд ва кўшишхои ў бо коллективи ахлу тифоќи педагоги пурра карда шуда ва бо бинои наву асбобу анчоми хониши замонави таъмин гардонида шуда буд, фаъолият бурда сохибмалака гардида буд.

      Дар урфият «ба умеди касе нашаву буттаро дор!» мегўянд, ки аз сўхбати мўйсафедони барнодили дехаи Хиштхона, ки лахзае аз онро мухтасаран дар аввали ин маќола овардем, низ чунин маъни бармеояд. Махз натичаи дуохою, насихат ва маслихатхои хайрхохонаи онхо буд, ки бисёр чавонмардони некирода анъанахои гузаштагони деха ба монанди Тошматов Алибой, Ќаландаров Хамроќул, Юлдошев Эшбой, Орипов Маъруфхон ва дигар некзамиронро давом дода, тахти рохбарии шўрои деха ба корхои ободонию созандаги камар баста, таи чанд соли охир ба натичахои назаррас ноил гаштанд. Дар ин бора дар сахифахои рўзномахои вилоятиву нохияви маводхои зиёди муфассале дарч гардидаанд, вале такрор намудани баъзеашон аз ахамият холи нест:

     1) Бо кўмаку дастгирии Абдулазизов Абдурахим, Ќодиров Содиќљон, Мадаминов Эшбой барин хайрхохону саховатпешагон пурра аз таъмин баровардану тахтафарш намудани хамаи синфхонахо ва ошхонаю хучрахои кории мактаби миёнаи №13 ва дар сатхи баланд чашнгирии 80-солагии ин таълимгох;
     2) Бо ташаббусу кўмаки моддии Эшбоев У., бародарон Мадаминовхо, Сафаров Н., бародарон Ахмадалиевхо ва дигарон бо оби нўшокии чашмасор таъмин намудани махаллахои Сафедорас, Наврўз, Дашти Мало ва ѓайра;
     3) Бо саъю кўшиши имом- хатиби масчиди деха Марасулов М. ва дастгирии шўрои деха чамъоварии маблаѓу бо усули хашар таъмир ва мумфарш намудани рохи марказии деха;
     4) Сохтмони маркази савдову тўйхонаи замонави аз тарафи бародарон Юлдошевхо;
     5) Сохтмони комплекси спортию маркази саломатии замонави бо ташаббус ва маблаѓхои шахсии сохибкор Эшбоев У. ва бародару писарони ў.

     Рўихати чунин чорабинихову чунин саховатмандони накўкор басо дароз аст.

     Бесабаб нест, ки танхо дар давоми соли 2013 дехаи Хиштхона аз тарафи маќомоти ичроияи Хокимияти давлатии вилояти Суѓд ду маротиба бо «Сипоснома» -хо ќадрдони карда шудааст. Дар «Сипоснома»-и ин маќомот аз 07.02.2013 чунин омадааст: « Маќомоти иироияи Хокимияти давлатии вилояти Суѓд барои таъмини сарчамъиву муттахидии сокинон, ноил шудан ба натичахои пурсамар дар сафарбар намудани ахоли ба корхои ободониву созандаги, мусоидат ба риояи тартиботи чамъияти, тарбияи чавонон, устувории оилахо ва амали намудани санадхои меъёрии хуќуќи Кумитаи махаллаи «Хиштхона»-и Чамоати Понѓози нохияи Аштро бо Сипосномаи мазкур ќадр менамояд.
Раиси вилоят Ќ.Расулзода»

     Дар «Сипоснома»-и дигар гуфта мешавад: «Махаллаи «Хиштхона»-и Чамоати дехоти Понѓоз ноњияи Ашт барои иштироки фаъолона дар озмуни вилоятии «Махаллаи ахолинишини бехтарин» бахшида ба муносибати «Соли байналхалќии хамкори дар сохаи об» бо Сипосномаи мазкур сарфароз гардонида шавад. Раиси вилоят Ќ. Расулзода. 06 сентябри соли 2013»

        Ваќте бо Раиси нохияву кормандони маќомоти ивроияи Хокимияти давлатии нохияи Ашт, бо рохбарияти сохторхои хифзи хуќуќ ва дигар ташкилотхои давлатию чамъиятии нохия сўхбат намудам хамаи онхо ба усули корбарии Шўрои дехаи Хиштхона ва шахсан раиси он Ашўров А. бахои баланд дода, таврибаи ононро намунаи ибрат донистанд. Дар чандин баромадхои худ ин нуктаро таъкид намудани собиќ Раиси вилояти Суѓд Ќохир Расулзода низ аз ин нукта дарак медихад.


                Абдуќаюми Мухаммадчон

«Чумхурият», № 98 аз 24.05.2014 ва «Хаќиќати Суѓд», №64 аз 27.05.2014.


Рецензии