Китоби Хиштхона. Марасулов Маюсуф

               


                МАРАСУЛОВ  МАЮСУФ
               


                Кай атрсои мачлиси рўхониён шудї,
                Гулро агар на бўи ту кардї риояте?

                Хофиз


     Марасулов Маюсуф соли 1936 дар дехаи Хиштхонаи чамоати Пунѓази нохияи Ашт таваллуд шудааст. Падараш - Абдурахимов Мулло Марасул. Модараш – Абдурахимова (Исоматова) Маъмурой.

      Соли 1947  мактаби ибтидоии назди колхози «Гулистон»-и дехаи Хиштхона,  соли 1951 мактаби њафтсолаи дехаи Бободархон ва соли 1954 мактаби миёнаи ба номи М.Калинини дехаи Пунѓазро   хатм намудааст.
    
Соли 1954-55 дар колхози «Гулистон» ба сифати колхозчї кор кард.

     Соли 1955-56 дар заводи муассисаи раќами 32 (предприятия №32) шахраки Адрасмон хамчун аппаратчї ва Солхои 1957-1960  дар фабрикаи сохтмони шахраки Адрасмон   фаъолият намуд. 
 
    Аз соли 1960 то соли 1969 дар заводи НВА-и шахраки Адрасмон  хамчун  усто кор кардааст.

     Соли 1970- 1993  ба сифати ронандаи   гурўхи  сухторхомўшкунии нохияи Ашт хизмат намуда, сипас ба нафаќа баромадааст.
   
     Аз соли 1993 то хозир имом-хатиби дехаи Хиштхона мебошад.

Дар фаъолияташ бо пайравони равияхои гумрох дар дини Ислом, аз ќабили Ваххобияю Салафия ва ѓайра, муборизаи оштинопазирона бурда, ба сокинони деха ба мазхаби Имом Абў Ханифа устувор буданро пайваста талќин менамояд. Дар тарѓиби ќонуният оид ба танзим даровардани маъракаю маросимхо фаъолона иштирок менамояд.  Ахолї ва чавонони дехаро доимо ба ватандўстию рафоќат   рохнамої мекунад ва ба онхо сиёсати хукуматро дуруст маънидод менамояд.

Дар ободонии деха хамеша хиссагузорї намуда, ба  мардум маслихатњои муфид медихад.

     Соли 2014 зиёрати Хонаи Худоро ба чо овардааст.

     Аз хаёти якчоя бо хамсараш – Марасулова (Неъматова) Хурсандбибї (1938-01.07.2015) дах нафар фарзанд -  Сафармат,   Нормат,   Наимчон,  Мухаррам,   Шарбат,   Нозанин,   Гулчехра,   Мўътабар,   Хабиба ,   Наргиса доранд, ки хамаи онон оиладор буда, Мулло Маюсуф Хочиро сохиби 29 нафар  набера ва 30 нафар абера намудаанд.




 


Рецензии