Китоби Хиштхона. Нозирони минтакавии милиса

             Кафили  тартиботи љамъиятї


              Як нафар чун як нафарро шод кард,
              Худ набинї дар љањон ношодро.

                Нурмуњаммад Ниёзї



Абулќосимов Диловар Маќсудљонович



Абулќосимов Диловар Маќсудљонович  5 майи соли 1974 дар дењаи Пискокати љамоати Ашти ноњияи Ашт ба дунё омадааст. Падараш – Абулќосимов Маќсудљон – муаллим. Модараш – Абулќосимова (Мирзоалиева) Истамбибї.
            Соли 1991 мактаби миёнаи №15 ба номи Абулќосими Лоњутии зодгоњашро бо бањои аъло хатм намуда, ба Омўзишгоњи касбї-техникии №26-и ноњияи Ашт дохил шудааст ва онро бо гирифтани ихтисоси челонгар-ронанда бо дипломи аъло ба итмом расонидааст.
          Сипас солњои 1995 – 1997 дар сафњои Артиши миллї хизмат намудааст.
          Солњои 1998 – 2001 дар коллељи кишоварзии ноњияи Мастчоњ тањсил намуда, онро низ бо гирифтани дипломи аъло хатм кардааст ва ба ихтисоси техник – механик соњиб гаштааст.
          Солњои 2002-2008 факултаи њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистонро ѓоибона бомуваффаќият хатм намудааст.
Абулќосимов Д.М. аз соли 1999 то имрўз дар вазифањои гуногуни маќомоти корњои дохилї хизмат намуда истодааст.
       Унвони махсуси «капитани милитсия» дорад.
       Њоло ба њайси нозири минтаќавии Шўъбаи ВКД-и ЉТ дар ноњияи Ащт дар љамоати дењоти Пунѓаз фаъолият менамояд. Мувофиќи таќсимоти вазифањои хизматї байни нозирони минтаќавї Абулќосимов Д.М. нигоњ доштану њифзи ќонуният ва тартиботи љамъиятиро дар дењањои Хиштхона ва Пунѓаз ба ўњда дорад.
       Диловар байти пандомези Саъдиро:
                «Накўї кун имсол, чун дењ турост,
                Ки соли дигар дигаре дењхудост.»
њамеша дар ёд дошта, мекўшад, ки   њалли њама гуна масъалањои бањсталабро бо мўйсафедону фаъолони дења маслињат намуда, инчунин ба шањрвандони корафтода бо хушмуомилагию њусни таваљљўњ муносибат карда, дарёбад. Мањз чунин дурандешию хоксориаш ва беѓаразию поквиљдониаш ўро байни мардуми  љамоати Пунѓаз ва дењаи Хиштхона  соњиби њурмату эътибори арзанда намудаанд.
       Туфайли хислатњои неки инсониаш ва ба хизмат софдилона муносибат карданаш байни њайати шахсии Шўъба сазовори эхтироми хосае мебошад.
      Њамчун варзишгари номї дар мусобиќањои гуногуни варзишї шарафи коргоњашро њимоя менамояд.
      Бо чандин ифтихорномаю рањматномањо ва мукофотњои дигар ќадрдонї гардидааст.
      Соли 2011 дар озмуни љумњуриявии «Мутахассиси бењтарини сол» иштирок намуда, ба гирифтани унвони «Милитсияи сол» мушарраф гаштааст.
Оиладор. Зављааш – Абулќосимова (Имомалиева) Нозанин соњиби маълумоти олии иќтисодї буда, дар бонки «Эсхата» фаъолият менамояд. Ду фарзанд доранд.


       То нозири минтаќавии љамоати Пунѓаз таъин гардидани Абулќосимов Д.М. дар ин вазифа

лейтенанти калони милитсия Абдурањимов Додољон,

лейтенанти калони милитсия Ќосимов Долим,

лейтенанти калони милитсия Султонов Азимљон,

майори милитсия Тољдоров Мамадљон,

майори милитсия Аюбов Абдурасул,

майори милитсия Љўраев Нарзиддин,

лейтенанти калони милитсия Ќодиров Абдумуталиб Абдуламитович,

майори милитсия Шарипов Сањобиддин,

капитани милитсия Олимов Фирўз,

лейтенанти калон Ѓозиев Тўрабек,

майори милитсия Ќучќоров Рустам,

майори милитсия Назаров Файёз

ва дигарон низ фаъолият намудаанд, ки дар бораи њамаи онњо мардуми дењаи Хиштхона њамеша ба некї ёдовар мешаванд.


Рецензии