Китоби Хиштхона. Касби бобои

 



                Касби  бобои


              Гузошта чу болине сангро зери сар,
              Намоянд хифзи моли мардум аз хатар,
              Бифахранд, ки пайѓамбарон шубон буданд,
              Сохибимону азизи Яздон буданд.

                Абдуќаюми  Мухаммадчон 

 
            Аз даврахои ќадим дар дехаи Хиштхона чорводори  яке аз машѓулиятхои маъмултарин ба хисоб мерафт. Махз аз хамин сабаб колхози «Гулистон»-и деха машхуртарин ва калонтарин хочагии чорводрии нохия ба хисоб мерафт. Устод Ашўрбой Имомов солхои наврасии худро ёд намуда, дар китоби «Умре дар чустучў» чунин навистаанд:

     «…Охири солхои чилум ва солхои панчохуми асри бист дар нохияи Ашт сокинони дехаи Хиштхона ва колхози «Гулистон» хамчун устодони сохаи чорводори номдор буданд. Чорвои майдаи хочаги дар дашту кўхсори дурдасти нохия парвариш меёфт. Айёми наслгири ва чамъоварии ќуруту равѓан, ки ба мавсими бахор рост меомад, ба чупонон ёрдам зарур буд. Чунки онхо бо ахли оилаи худ аз ўхдаи ин кор баромада наметавонистанд. Бинобар ин моххои апрел – июн ба ёрии хар як сарчўпон аз деха ба кўхсор чанд оилаи дастёрдор кўчонида мешуданд…» (А.Имомов, Х.Ойев, «Умре дар чустучў», Душанбе, 2009, сах.50)

      Имрўз хам чандин чорводорони номии деха, ки на танхо дар нохияву вилоятамон, балки дар чумхурию берун аз он низ ном баровардаанд, аз шўхрати сулолаи касбиашон ифтихор доранд. Дар бораи баъзе аз онон дар ин китоб ёдовар шудем, вале ин ќатрае аз бахр аст. Умедворем, ки оянда хар яки ин абармардон бояд ќахрамони асархои алохидае гарданд.

http://www.proza.ru/2022/03/29/1216

http://www.proza.ru/2022/03/29/1232

http://www.proza.ru/2022/03/30/1025

http://www.proza.ru/2022/03/30/1031


Рецензии