Китоби Хиштхона. Мирзоева Ширфамо

                Мирзоева Ширфамо
               
                (20.02.1927 – 13.03.2005)
               
                Зан агар оташ намешуд хом мемондем мо,
                Норасида бодае дар чом мемондем мо.
               
                М.Турсунзода 

 
            Мирзоева (Алиматова) Ширфамо 20 феврали соли 1927 дар дењаи Хиштхона ба дунё омадааст. Мактаби ибтидоии нази колхози «Гулистон»- и њамин дењаро соли 1942 ва мактаби њафтсолаи дењаи Бободархонро соли 1947 хатм намудааст.

           Аз соли 1950 то соли 1980 дар колхозњои ба номи Энгелс ва «Съезди XXY- КПСС» говљўш шуда кор кардааст. Солњои 1970 – 1984 намояндаи (депутати) Шўроњои (Советњои) ќишлоќи Пунѓаз ва ноњияи Ашт интихоб гардида, дар кори ин Шўроњо фаъолона иштирок намудааст.

          Борњо дар мусобиќаи сотсиалистии нохиявї ба љои аввал соњиб гаштааст.

        Бо ордени «Нишони фахрї» («Знак Почёта») (Соли 1976) ва медалхои «100 – солагии В.И.Ленин» (100-летие В.И.Ленина) (Соли 1970) ва «Собиќадори мењнат» («Ветеран труда») (Соли 1981)  мукофотонида шудааст.

       Соли 1948 ба Мирзоев Ќучќорбой (15.02.1925 – 17.02.2005) ба шавњар баромадааст ва аз хаёти якљоя соњиби 8 фарзанд гардидаанд: Лутфиддин , Мойниссо, Савриниссо, Холбибї, Ортиќбой, Бибиниссо, Зиёмиддин, Зайлобиддин.

 Дорандаи њар се дараљаи медалњо ва ордени «Модарї» («Материнство») мебошад. Њамаи фарзандонашонро дар рўњияи инсондўстиву мењнатќаринї тарбия намудаанд, ки имрўз дар дења соњиби иззату эътобори хосае мебошанд.

                Зи гетї њама панди модар ниюш,
                Ба бад тез маштобу бар бад макўш.
                Шабу рўз чун љон гиромиш дор,
                Ки чун љон парваридат андар канор.
               
                Фирдавсї   
         

      Бояд зикр намуд, ки шавњараш Мирзоев Ќучќорбой, ки зиёда аз чил сол њамчун сарчўпони колхозњои ба номи Энгелс ва «Съезди XXY-и КПСС» фаъолият бурдааст, њамеша дар сафи пешќадамон буда, чун ѓолиби мусобиќаи сотсиалистї бо автомошинаи сабукрав  ва дигар мукофотњо сарфароз  гардидааст.


Рецензии