Китоби Хиштхона. Юлдошев Тошбой

               


                Юлдошев  Тошбой

                (01.01.1928 – 13.01.2007)


                Чаве бахра кардан зи касби халол,
                Бех аз ганч бурдан ба ѓасби вубол.
               
                Хусрави Дехлави


           Юлдошев Тошбой моњи январи соли 1928 дар дењаи Хиштхона дар оилаи чўпонон ба дунёи њастї чашм кушодааст. Падараш - Холќароев Юлдош аз сулолаи чўпонон буда, худ низ ба касби дўстдоштааш машѓул буд. Аљдодони модараш Мирсулуп низ чўпон будаанд.

         Соли 1943 мактаби ибтидоии назди колхози «Гулистон»-и дењаи Хиштхонаро ба итмом расонида, сипас аз њамон сол, яъне аз синни понздањсолагї њамроњи падараш ба касби чўпонї шуѓл варзидааст. Сараввал ёрдамчии чўпон,  сипас сарчўпон шуда дар колхози «Гулистон»,  ки минбаъд номи Ф.Энгелсро гирфтаасту солњои 70 – уми асри гузашта ба совхози «Съезди XXY-и КПСС» мубаддал гардонида шудааст, кор кардааст. Соли 1988 ба нафаќа баромадааст.

        Давоми  фаъолияти мењнатиаш доимо дар сафи пешќадамон буда, борњо дар мусобиќањои сотсиалистї ѓолибият ба даст овардааст ва туфайли ин бо мототсикл ва автомошинаи сабукрав мукофотонида шудааст.

Соли 1985 бошад, бо гурўњи зарбдорони мењнати вилояти Ленинобод њуќуќи иштирок намудан дар намоишгоњи комёбињои хољагии халќи СССР  (ВДНХ. Выставка достижений народного хозяйства) дар шањри Москав иштирок намуда, муддати як моњ дастовардњои хољагии ќишлоќи Тољикистонро дар соњаи чорводорї ба намояндагони љумњурияњои дигари Иттињоди Шўравї ва хориљиён  муаррифї намуданро соњиб  гардидааст. 

  Соли 1970 бо медали љашнии «100-солагии В.И.Ленин», соли 1973 бо ордени «Нишони фахрї» («Знак Почёта») ва соли 1984 бо медали «Собиќадори мењнат» («Ветеран труда») ќадр гардидааст.

      Соли 1947 хонадор шудааст. Занаш – Юлдошева Њамзиямо (санаи таваллудаш 01.02.1930) низ зодаи дењаи Хиштхона буда, дар оилаи Муротов Алимат ва Муротова Уѓулой ба дунё омадааст ва тарбия ёфтааст. Бо якчанд медалњо ва ордени «Модарї» («Материнство») мукофотонида шудааст.

Аз њаёти якљоя њашт фарзанд доранд: Умринисо, Мўъминљон, Комилљон, Мањмудљон, Рисолатмо, Тоњирљон, Нуринисо ва Анварљон.


Рецензии