Китоби Хиштхона. Шодиев Юлдошмат

                Шодиев Юлдошмат 


                Чу худ хўрдаї барги пешинагон,
                Дарахти пасояндагонро нишон.

               
                Шоњин


Шодиев Юлдошмат  15 марти соли 1932 дар дењаи Хиштхонаи љамоати Пунѓази ноњияи Ашт таваллуд шудааст.
      Соли 1939 мактаби ибтидоии де;аи Хишхонаро ва соли 1947 мактаби ;афтсолаи дењаи Бободархонро хатм кардааст.
     Соли 1975 ѓоибона мактаби миёнаи №13 ба номи Камоли Хуљандиро хатм намудааст.
  Фаъолияти ме;натиаш аз соли 1949 сар шуда, дар соби; хо;аги;ои љамоавии: “Гулистон”, Маленков, Энгелс, Эрйигитов, совхози “Сеъзди ХХV КПСС”  кор кардааст ва со;иби мукофот;о ба монанди  “Чорводори гуру;и 2 ва 1”  (1964), медалњои “Нишони фахрї” (1970), “100-солагии  В,И. Ленин” (1970),“Ветерани ме;нат” (1987) нишонњои ( се маротиба)  “;олиби мусоби;аи сотсиалист;” гардидааст.

Соли 1968 ба сафи ;изби коммунист дохил шуда ал;ол аз соли 1972 аъзои кумитаи њизбї ва аз соли 1999 то ;ол аъзои бюрои ;изби коммунистии но;ияи Ашт мебошад.
 Аз соли 1994 котиби кумитаи партиявии колхози “Гулистон” мебошад.

    Ду маротиба вакили Сеъзди њизбикоммунисти ЉТва чор маротиба ба вакили конфронсњои вилоят; интихоб гардидааст.  Соли 1976 иштирокчии слёти чорводорони пеш;адам дар ш.Москва, ва ду маротиба иштирокчии слёти чорводорони пешкадами вилоят гардидааст.

     Аз соли 1970 то соли 1975 депутати но;иявї ва аз соли 1976 то соли 1991 депутати ;амоати Пун;аз интихоб шудааст.
     Шодиев Ю  20 сол вазифаи љамъиятии  раиси ма;аллаи Хиштхонаро ба ўњда доштааст.
     Аз соли 2010-ум  ин;ониб раиси хољагии де;;онии “Юлдошмат-;о;ї” шуда кор мекунад.

     Соли 2005-ум хонаи Худоро зиёрат кардааст.

     Соли 1950 бо Ќаландарова Санамбибї хонадор шуда соњиби њашт фарзанд гардидааст.

Писари шодравонаш – Абдулаким (05.10.1960 – 31.05.1987) омўзгори мактаби миёнаи №13 – и зодгоњаш буд.

Азбаски  Абдулаким   касби омўзгориро пеша карда буд, соли 1978 мактабро бо бањои хубу аъло хатм намуда,  соли 1979 ба  факултаи география ва биологияи Донишкадаи (Институти) давлатии педагогии шањри Ленинобод (њоло ДДХ)  дохил шуд ва онро соли 1984 бомуваффаќият хатм намуд.
Соли 1984 ў ба сифати омўзгори мактаби раќами 13 фаъолияти мењнатиашро оѓоз намуд.  Дар давоми фаъолияти  кўтоњи омўзгориаш худро чун инсони хоксору поквиљдон ва нексиришт нишон дода, эњтироми умумро сазовор гашт. Варзишро дўст медошт. Дар оила рафиќи ѓамхору мењрубон буд, лек марги бемањал ўро аз њаёт рабуд.


 
              ХАМЕША  БОМАТОНАТ  БОШЕД, ЮЛДОШМАТ-АКО!


Чун суханаз шахсиятњои шоиста ва арзанда меравад, табиист симои фарде пеши назар меояд, ки бо кору пайкори наљибонаи хеш вирди забонњо гаштаву ба обрў ва эътибори умум мушарраф гардидааст. Яке аз шиносњои деринаам Юлдошмат-ако Шодиев аз зумраи њамин шахсиятњо мањсуб меёбад, ки дар фаъолияти мењнатии чандинсолааш бањри ободии Ватани азизамон љањду талошњои зиёде намудаасту имрўз давлати пирї меронад.

     Ў сокини дењаи Хиштхонаи љамоати Пунѓаз буда, солњои бехтарини њаёти худро ба рушди њамаљонибаи чорводорї ва зироаткорї сарф намудааст. Имрўз бошад, тањти сарварии ў хољагии дењќониие бо номи «Юлдошмат Њољї» таъсис ёфтааст, ки натиљаи кори ин хољагї хеле назаррас гардида, аз њар гектар замин зиёда аз 30 сентнерї њосили тиллои сафед ба даст оварда шудааст. Роњбарии хољагиро писари омўзгораш ба ўњда гирифтаасту бо маслињату машварати падари хирадманду ояндабинаш кори онро пеш мебарад.

    Юлдошмат-ако аз зумраи њамон шахсонест, ки дар ободкорињо ташаббускору пешсаф аст. Дар тамоми чорабинињое ки дар доираи дења ва берун аз он доир мегардад, фаъолона иштирок намуда, маслињатгари хубе њам њаст. Муддатхои зиёд раиси кумитаи мањалла будани ин шахси ташкилотчї ва ташаббускорро хеле хуб медонем. Баромадњо ва вохўрињои ўро бо љавонон бисёрњо дидаем ва ё шунидаем. Сањмаш дар тањкими расму оинњо, мустањкам намудани оила ва оиладорї хеле арзанда аст.

   Ин шахси оќил дар тарбияи фарзандонаш хизматњои арзанда ва шоистае намудааст, ки подошаш назаррас мебошад. Хамаи фарзандонаш соњиби маълумоти олианд. Набераю аберањои сершумораш низ шоиста тарбия мегиранд. Робитаи ў ба мактабњои дењаи Хиштхона хеле ќавист. Ба таъмири синфхонањо доимо дасти ёрї дароз мекунад.
Ин пири хирад беш аз 50 сол аст, ки узви њизби коммунисти Тољикистон ва аъзои бюрои кумитаи ноњиявии њизб аст. Бале, ў аз коммунистони фидоист. Њама рафтору муносибаташ халќпарварона буда, дар љамъомадњои бюро ва пленумњо озодандеширо пеша карда, камбудихои мављударо ба зери тозиёнаи танќид гирифта, роњњои бартараф намуданашонро нишон медињад, ки њамин хислати ў банависандаи ин сатрњо писандида мебошад.

    Росткорию  ростќавлї аз хислатњои њамидаи Юлдошмат-акост. Бо номи «Юлдош-лектор» маълуму маъруф шуданаш шояд аз њамин сабаб бошад.
Зиндагиномаи Шодиев Ю. як достони бегазандест. Њар сахфааш содиќона хизмат кардан ба халќу Ватани азизамон мебошад. Мо дўстону наздиконаш бо чунин шахси соњибэњтиром њаќќона ифтихор мекунем. Ў инсони хоксорест, ки тамоми њастиву вуљудаш аз чашмаи волои одаму одамгарї обхўрдаву сарсабзгардидааст. Ба номи Юлдошмат Њољї мушарраф гардиданаш натиљаи њамин хислатњост.

   Он чї дар њаќќи Юлдошмат-ако Шодиев гуфтем, ќатрае аз бањр аст. Дар охир бо як љањон орзу мегўем: - Файзу баракати давлати пирї бароятон боз њам бештар бошад, дар марзи зиндагї њамеша боматонату бољасорат будед, илоњо, њамин тавр бимонед.

               
                Сулаймонќул Азимї,
                узви Иттифоќи журналистони Тољикистон.


Рецензии