Китоби Хиштхона. Ниёзов Махмудчон

                НИЁЗОВ  МАХМУДЧОН
 
                (01.01.1934 – 30.01.2009)

               
                Кучо бехунар шуд асири ниёз,
               
                Хунарманд хар кучо бошад сарфароз.

               
                Фирдавси


    Ниёзов Махмудчон   соли 1 январи соли 1934  дар дехаи Хиштхонаи чамоати Пунѓази нохияи Ашт дар оилаи дехќон ба дунё омадааст. Падараш – Одирматов Ниёзмат. Модараш – Мирзохонова Хамрохбиби.

    Соли 1945 мактаби ибтидоии назди колхози «Гулистон» - и дехаи Хиштхона ва соли 1949 мактаби хафтсолаи дехаи Бободархонро ба итмом расонидааст. Соли 1960 мактаби миёнаро ѓоибона хатм намудааст.

    Фаъолияти мехнатии Ниёзов М. хеле барваќт ба хайси чўпони колхози ба номи Энгелс  сар шуда,  минбаъд дар  совхози ба номи Тўйчи Эрйигитов то ба нафаќа баромаданаш  давом ёфтааст.

      Туфайли муносибати софдилонааш ба мехнат тўли ин солхо доимо натичахои баланд ба даст оварда, борхо ѓолиби мусобиќахои сотсиалисти дониста мешавад.

        Бо ордени «Нишони Фахрї» (1976), медалхои «100-солагии В.И.Ленин» (1970), «Барои мехнати шучоатнок» (1980), «Собиќадори мехнат» (1984), медали нуќраи Намоишгохи комёбихои хочагии халќи (ВДНХ) СССР, чандин нишонхои ѓолиби мусобиќаи сотсиалисти ва зарбдори панчсолахо, ифтихорномаю рахматномахои зиёд ќадр гардидааст.

То охири умраш бо хамсараш - Ниёзова Турсуной хаёти ахлу тифоќона бурда, сохиби хафт нафар фарзанд гардидаанд. Писаронашон – Шарифчон, Ахмадчон, Рахматчон ва духтаронашон – Ќимматой, Мавчуда, Лочиной ва Заррина дар сохахои гуногуни хачагии халќ мехнат менамоянд.

Месазад ин чо боре падари Ниёзов Махмудчон – Одирматов Ниёзматро ба ёд оварем ва аз хислатхои хамидаи ин марди накўном, ки аз байни шаш нафар фарзандонашон (Ахмадчон, Рахматчон, Тиллобиби, Равшанбиби, Нуринисо ва Махмудчон) ду нафарашон – Ахмадчону Рахматчон дар Чанги Бузурги Ватани иштирок намуда, хангоми аз фашистон озод намудани кишвари Беларус ќахрамонона халок гардидаанд, хонандагони гиромиро хотиррасон намоем. Дар бораи ватандўстиву инсонпарвари ва чавонмардии Одирматов Ниёзмат байни мўйсафедони дехаи Хиштхонаву Бободархон ќиссахои ибратбахши зиёде хастанд, ки мо ба наќли хамаи он ќиссахо дар хачми як маќолаи кўчак имкон надорем. Вале лозим донистем,  аз байни онхо ду ќиссаи воќеиро ифшо намоем.

     Боре аз шодравон Бобои Олимчон Исоев пурсидам, ки чаро  бародари калониашон – Бобокалонов Мадисмоилро хамагон «Исмоил Оќсаќол» ном мебаранд?  Бобои Олимчон аввалин раиси Совети ќишлоќи «Пунѓази Поён» («Юќори Понѓоз») таъин шудани Бобокалонов Мадисмоилро наќл намуда, аз чумла чи гуна аз тарафи босмачиёни Рахмонќул – ќурбоши асир гирифта шудан ва ба дехаи Ошоба бурдани он касро наќл намуда гуфтанд:

- Агар чидду чахд ва саховату мардонагии амакам Ниёзмат намебуд, хеч кас акоямро (Бобои Мадисмоилро) аз чанголи босмачиён халос карда наметавонист. Ниёзмат-амакам молу мулки зиёдашонро фурўхтанду аз хешу аќрабои доро ва ёру дўстонашон низ маблаѓе чамъ намуда, онро ба асп бор намуданд ва бо хамрохии чанд нафар чавонмардони деха ба Ошоба рафта, акоямро аз асири, аз дасти босмачиён халос намуданд, - наќл намуданд Бобои Олимчон.

    Ин ќиссаро баъдтар ман аз забони боз чандин нафар мўйсафедони  дехахои Хиштхонаю Бободархон шунидаам…

     Муаллифи ин сатрхо (А.М.) борхо аз забони рафиќи шодравонаш Анорќулов Фармонќул шунидааст, ки ў чи тавр хангоми сўхбатхои дўстона:

   - Ман хам хиштхонаги, - гўён, таърихи чи гуна соли хониши 1948-1949  дар мактаби хафтсолаи дехаи Бободархон кор кардану дар болохонаи Бобои Ниёзмат дар дехаи Хиштхона зиндаги намудани падараш – Хайдаров Анорќулро бо завќ наќл менамуд.


                Бочи хубиро зи хубони чахон гирад равост,
                Баски номи ў ба хуби дар хама афвох шуд.
               
                Туѓрал.


     Ваќте бо худи Хайдаров Анорќул, ки худ зодаи дехаи Ашт буда, солиёни зиёд дар сохаи маориф кор кардаасту холо дар зодгохаш истиќомат дорад,  сўхбат намудем, аён гашт, ки он кас хамон солхо бо фармони шўъбаи маорифи нохия барои кор дар мактаби номбурда ба сифати муаллими математика сафарбар шуда будаасту хамрохи оилаашон хамон сол дар хонаи Бобои Ниёзмат зиндаги менамудаанд ва хаќиќатан писарашон Фармонќул дар ин хона ба дунё омада будааст. Хайдаров А. аз мехмоннавозию лутфу эхсон ва одамдўстиву дасткушодии  сохибхона сухан ронда, бо як мехру мухаббати бепоён аз чумла ќайд намуд,  ки дар ин манзил  аксар ваќт бо рафиќонашон – Холматов  Абдуќодир, Исфандиёров, Усмонов Абдувохид, Имомов Холмухаммад, Обидчонов Рахматчон, Собиров Мухаммадчон, Халилов Бобокалон ва дигарон чамъ меомадаанду сўхбатхо меоростаанд.

          - Азбаски мактаби дехаи Хиштхона ибтидои буду барои идомаи тахсил аксар хонандагони ин мактаб ба мактаби хафтсолаи дехаи Бободархон мерафтанд, ман ба фарзандони сокинони хар дуи ин деха аз фанни математика илм меомўхтам ва то хол бисёре аз шогирдони худ ва волидайни ононро бо неки ба ёд меорам, - мегўяд Анорќул Хайдаров…

         Аз инсони нек номи неку фарзандони неку боѓе ёдгори мемонад. Чи гуна фарзандонро тарбия намудани Ниёзмат Бобо дар мисоли писаронаш маълуму равшан аст. Ва чашмаю боѓе, ки ў онро дар мавзеи «Ќамма»  бунёд намудааст, низ нишонаест аз халолкору мехнатќарин ва ватандўст будани ин инсони комил.


Рецензии